«Мардуми кишвар дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша вафодор ҳастанд.
Аз ин рӯ, ҳар яки шуморо зарур аст, ки тамоми азму ирода ва неруву малакаи касбии худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва сазовор будан ба эътимоду боварии сокинони кишвар сафарбар намоед».
Аз табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 21- умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 феврали соли 2014)
18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид ва 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.
Дар ин давра Қувваҳои Мусаллаҳ ба кадом дастовардҳо ноил гардиданд? Суҳбати хабарнигорамон бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенант Шералӣ Мирзо дар ин хусус сурат гирифт.
-Сарфи назар аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафи артиш бо мутахассисони касбӣ таваҷҷуҳи беандоза зоҳир мекунад. Зеро амнияти давлату миллат, ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун, пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пеш аз ҳама, ба тинҷиву оромӣ ва мустаҳкамии марзу буми кишвар вобаста аст.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳиларо паси сар намуд: давраҳои сохтмони ибтидоии артиш, бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкиму тақвият додани он. Айни ҳол дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият дорад- Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ идома дорад. Таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама давраҳои мураккаби бунёди худро тай намуда, ба марҳилаи мувофиқасозии сохтори худ дар доираи воқеияти амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ расид,- иброз дошт вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо.
Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ, чӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣ берун аз он, пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ гузаронида мешавад. Ҳамасола иштироки бомуваффақияти Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоии кишвар дар доираи Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ», дар доираи Қувваҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ, Қувваҳои вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай ва баргузории чандин машқҳои муштараки низомии дигар тасдиқи ин гуфтаҳост.
Дар доираи нақшаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷавони Тоҷикистон ташкили пайвастаи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикӣ, машғулиятҳои ҳарбиву ҷисмонӣ ва аз соли 2002 бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, комиссарони ҳарбӣ ва масъулини сохторҳои давлативу қудратӣ дар ҳама гарнизонҳои ҷумҳурӣ гузаронидани машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҳамоишҳои мудофиаи ҳудудӣ ва дигар чорабиниҳои амсоли ин баргузор карда мешаванд.
Ҳоло сафи Артиши миллӣ асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, афсарони эҳтиётии кафедраҳои ҳарбии донишгоҳу донишкадаҳо ва хатмкунандагони академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешавад. Илова бар ин, барои пуррагардонии вазифаҳои холии прапоршикӣ моҳи январи соли 2014 дар тобеияти Вазорати мудофиа мактаби омодакунии прапоршикҳо таъсис дода шуд, ки аллакай ин мактабро дар ду баст донишҷӯён хатм карда, ба вазифаҳо таъин шуданд. Бар замми ин, ҳамасола афсарони зиёд ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Озарбойҷон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеративии Германия, Франсия ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд. Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон дар ин мактабҳои олӣ имкон дод, ки сафи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ пурра гардонида шаванд.
Давоми солҳои сипаришуда дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ байни вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону кишварҳои хориҷӣ як қатор санаду созишномаҳои ҳуқуқӣ, ки низоми муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҳарбии кишварҳои ба мо ҳампаймонро мушаххас месозанд, ба имзо расонида шудаанд. Вазорати мудофиа ҳамкориҳои самарабахшро ҳамчунин бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумлаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ густариш додааст.
Дар идомаи суҳбат генерал- лейтенант Шералӣ Мирзо афзуд, ки ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон бо зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон ба роҳ монда шудааст.
Зикр кардан зарур аст, ки ҳиссаи хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа дар самти иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тоза намудани марзҳо ва минтақаҳои хатарноки кишвар аз мина ва дигар муҳимоти нотаркида назаррас аст. Аз замони тасдиқи Ҳуҷҷати муштараки лоиҳавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо», ки моҳи июни соли 2003 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шудааст, то имрӯз ҳазорҳо метри мураббаъ минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз мина ва дигар моддаҳои тарканда безарар гардонида шудаанд. Ба ғайр аз ин, ҷузъу томҳои муҳандисии Вазорати мудофиа чандин маротиба дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табииву техногенӣ дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштироки фаъолона доштанд.
Масъалаи таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо манзили истиқоматӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва баҳри иҷрои ин мақсад аз ҷониби Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои зиёде амалӣ карда шудааст. Тайи се соли охир дар ҳудуди вилоятҳо ва пойтахти кишвар танҳо аз Вазорати мудофиа беш аз 200 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин гардиданд ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои афсарону оилаҳои онҳо ҳамоно идома дорад. Дар ин замина давоми панҷ соли охир бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа наздики 15 гектар замин ҷудо карда шуд, ки дар он асосан биноҳои истиқоматӣ, аз ҷумла бисёрошёна сохта мешаванд.
Ҳама талош ва тасмимгириҳои доимии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба он равона шудааст, ки низомиёни мамлакат аз лиҳози манзили зист танқисӣ надошта бошанду муҳимтар аз ҳама, барои пойдории сулҳу субот, якпорчагӣ ва баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ софдилонаю содиқона ба Ватан хизмат намоянд.
Дар доираи анҷоми корҳои сохтмонӣ давоми 22 соли рушду нумӯи Артиши миллӣ дар гарнизонҳои Хатлону Суғд, Хоруғ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ биноҳои маъмурию ситодҳои қисмҳои ҳарбӣ, машқгоҳҳои низомӣ, биноҳои комиссариатҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ ва истгоҳҳо барои нигоҳдории техникаи ҳарбӣ бо сифати баланд ва бо меъёри ҳозиразамони ҳарбӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенант Шералӣ Мирзо ба сатҳи баланди омодагии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дахл намуда, зикр кард, ки он аз таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад. Ин аст, ки хизматчиёни ҳарбии қисму воҳидҳои низомӣ иштирокчиёни фаъоли ҳама гуна чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявианд. Бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, кам кардани сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ дар миёни ҳайати шахсии ҷузъу томҳо бо фармони вазири мудофиаи ҷумҳурӣ комиссияи доимоамалкунанда таъсис дода шудааст, ки ба ҳайати он масъулини дахлдори ин ниҳоди қудратӣ, сарбозони фаъоли қисмҳои низомӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ ва аҳли зиё шомил мебошанд.
Ҳайати комиссияи мазкур корҳои тарғиботию ташвиқотиро вобаста ба нақшаи пешбинишудаи фаъолият дар қисмҳои низомӣ бо хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ, асосан ҷиҳати пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонуният ва талаботи бе чуну чарои оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ муташаккилона ба роҳ мемонанд. Илова бар ин, дар қисму воҳидҳои низомӣ вохӯрии сарбозон бо волидайни хеш доир гардида, маҳфилу озмунҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ пайваста ташкил карда мешаванд.
Бо дарназардошти ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба дастгирии табақаҳои ниёзманди кишвар аз ҷониби роҳбарият ва масъулини Вазорати мудофиа иқдомҳои неку хайрхоҳона пеш гирифта шудааст. Дар робита ба ин, ба як қатор кӯдакистон, оилаҳои хизматчиёни ҳарбии фавтида, пирону барҷомондагони эҳтиёҷманд ва дигар афроди ниёзманд кумакҳои доимии моддӣ расонида мешаванд. Инчунин чандин маротиба тӯйи домодиву арӯсӣ ва хатнасури фарзандони оилаҳои ниёзманд низ барпо карда шуд.
Барои рушду нумӯи варзиш низ дар Қувваҳои Мусаллаҳ корҳои назаррас амалӣ шуда истодааст. Варзишгарони клуби марказии варзишии артиш, ки дар тобеияти Вазорати мудофиа ва аз рӯи даҳ намуди варзиш амал мекунад, соли 2014 дар 40 мусобиқаи шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, Ҷоми қаҳрамонии Осиё ва ҷаҳон ширкати фаъолона варзида, 33 медали тилло, 24 медали нуқра, 30 медали биринҷӣ ва дигар ҷоизаҳои ифтихориро соҳиб гардиданд. Ду варзишгари клуби мазкур дар қатори даҳгонаи беҳтарин варзишгарони ҷумҳурӣ ҷой дода шудаанд. Клуби мазкур яке аз марказҳои боэътимоди варзиши ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва варзишгарони он ба ҳайати дастаҳои мунтахаби кишвар шомил мебошанд.
Хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа таҳти шиори «Соли 2015-умро бо омодагии баланди ҷангӣ ва интизоми намунавӣ ҷамъбаст менамоем» фаъолият намуда, тайёранд, ки вазифаҳои ҷонии хешро баҳри таъмини амният, пойдории сулҳу суботи ҷомеа бо риояи талаботи қонунҳои амалкунанда, амру супориш ва иқдому ташаббусҳое, ки аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ гузошта мешаванд, бо сарбаландӣ иҷро намоянд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»