Ҳамкории фарҳангии кишвар бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар сатҳи хубу сифати баланд қарор дорад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз кишварҳои аъзои СҲШ бештар бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон табодули ҳунар сурат гирифтааст. Ин пайвастагӣ аз солҳои сиюми асри XX оғоз ёфт.
Аввалин чорабинии муҳими фарҳангӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Даҳаи санъати мусиқии советии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон буд, ки феврал — марти соли 1944 дар шаҳри Тошканд гузаронида шуд. Дар он устодони санъат ва коллективҳои ҳаваскорони санъати халқӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, ҷамъ 900 нафар иштирок доштанд.
Ходимони санъатро, инчунин шоирон, нависандагон, драматургон, оҳангсозон, мусиқишиносон ва рассомон ҳамроҳӣ мекарданд. Аз он пас, ҳамкориҳои эҷодӣ ва фарҳангӣ бо ходимони санъати Ӯзбекистон оғоз ёфтанд. Ҷавонони эҷодкори кишвар дар Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон ба номи Мухтор Ашрафӣ ва Институти санъати театрию бадеии Тошканд ба номи А. Н. Островский таҳсил карда, маҳорати актёрӣ, режиссёрӣ ва оҳангсозиву мусиқишиносиро омӯхта, минбаъд дар ташаккули санъати касбии тоҷик хизмати арзанда карданд. Санъаткорони шинохта Алиризо Раҳмонқулов, Тоҳир Собиров, Ислом Саломов, Қиматшо Имматшоев, Маҳбуба Холиқова, Сайрам Исоева, Раҷаб Ҳусейнов, Саидмурод Мардонов, Гурминҷ Завқибеков, Шодибек Отамбеков, Бақо Содиқов ва дигарон дастпарварони Институти санъати театрию бадеии Тошканд ба номи А. Н. Островский мебошанд.
Метавон гуфт, ки ҳамкориҳо инкишоф ёфта, даврони соҳибистиқлолии кишвар тавсеа ёфтанд.
Агар ба барномаҳои театрҳои пойтахт ва музофот назар афканем, аз театрҳои халқӣ то театрҳои академӣ ҳатман драма ё спектаклу пйесаи драматургони ӯзбек ба саҳна гузошта шудааст. Масалан, спектаклу пйесаҳои «Ду коммунист», «Рафиқон», «Офтобхон», «Нурхон», «Фарҳод ва Ширин», «Равшан ва Зулхумор», «Гулсара»-и Комил Яшен, «Бой ва хизматгор», «Майсара»-и Ҳ. Ҳ. Ниёзӣ, «Ҷон модаракон» ва «Садо аз тобут»-и Абдулло Қаҳҳор, «Дилҳои сӯзон»-и Б. Рахманов, «Исёни арӯсон»-и Саид Аҳмад ва ғайра дар саҳнаи театрҳои пойтахт, шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ ва Кӯлоб борҳо саҳнавӣ шудаанд ва ҳанӯз ҳам дар репертуари театрҳои Тоҷикистон мавҷуданд.
Зимни маросими 69-уми театрии Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ нахустнамоиши операи монументалии «Аида»-и Ҷ. Верди доир гардид. Он дар забони асл, яъне итолиёӣ, садо дод. Зарурият пеш омад, ки барои иҷрои партияҳои асосии ин операи барҷастаи ҷаҳонӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон сарояндагон ва навозандагони ботаҷриба, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳунарнамоӣ мекарданд, даъват шаванд.
Ҳамчунин, операи «Кармен»-и Ҷ. Бизе ба забони асл — фаронсавӣ садо дод. Барои иҷрои нақши Кармен сарояндаи машҳури қазоқ Сара Ишанова, аз Театри давлатии академии опера ва балети Қазоқистон ба номи Абай, даъват шуд.
Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ минбаъд низ ҳамкориро бо санъаткорони ҷумҳуриҳои бародарӣ идома дод. 16 апрели соли 2011 дар он нахустнамоиши операи «Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино» (оҳангсоз М. Бафоев, либреттои К. Олимов аз рӯи пйесаи М. Фарҳат ва М. Беҳбудӣ) баргузор гардид, ки нахустин армуғони ҷашнӣ ба истиқболи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гардид. Бояд қайд намуд, ки тамошои чунин операҳо, ки ҷанбаи миллиашон хеле баланд аст, дар тарбияи ватандӯстӣ ва бедории насли наврас нақши калон доранд.
Таҳияи «Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино» бо ташаббуси директори собиқи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Холаҳмад Маҷидов амалӣ гардида, муаллифи оҳанги балет оҳангсози маъруфи Ӯзбекистон, зодаи Бухорои шариф Мустафо Бафоев буд. Ӯ баъд аз нахустнамоиш чунин изҳор дошта буд:
- Аз айёми ҷавонӣ орзу доштам, ки ҳаёти Абӯалӣ ибни Синоро дар асари мусиқӣ ифода кунам. Хушбахтона, онро ҳамсабақам Холаҳмад Маҷидов амалӣ кард. Вай пешниҳод намуд, ки ба матни либреттои «Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино» оҳанг эҷод кунам. Азбаски мавзӯъ бароям хеле азиз ва ниҳоят наздик буд, мусиқии онро дар давоми як моҳ эҷод кардам.
Қобили зикр аст, ки операи «Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино» баъди операҳои «Исмоили Сомонӣ»-и Толиб Шаҳидӣ (2001) ва «Рустам ва Суҳроб»-и Талабхӯҷа Сатторов (2003) сеюмин операи миллии тоҷик ба ҳисоб меравад, ки маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эҷод ва саҳнавӣ гардид.
Боварӣ ҳаст, ки минбаъд низ ҳамкории санъаткорони ҳар ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни санъат — сарояндагӣ, навозандагӣ, рассомӣ, кино ва дигар намудҳо боз ҳам равнақу ривоҷ меёбад.
Тиллои НЕКҚАДАМ,
«Садои мардум»