Бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази кумаки равонӣ» бо дастгирии Барномаи рушди СММ ва Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо мизи мудаввар оид ба дастгирии равонию иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд доир гардид. Дар он натиҷагирӣ аз татбиқи лоиҳаи «Ба кормандони тиб омӯзондани асосҳои расондани кумаки равонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Мувофиқи лоиҳаи мазкур Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази кумаки равонӣ» дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки Барномаи рушди СММ ва Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо давоми ду сол омӯзиши кӯтоҳмуддати кормандони тиб ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолиро, ки ба шахсони аз таркиши мина ва дигар лавозимоти ҷангӣ зарардида кумак мерасонанд, ба роҳ монда буд. Дар ин муддат бештар аз 200 нафар, ки бевосита бо осебдидагони мина ва дигар лавозимоти ҷангӣ кумаки аввалия мерасонанд, ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Ба ин кор баробари кормандони соҳаи тиб ҳамчунин равоншиносон низ ҷалб гардиданд.
Баробари расондани кумаки тиббӣ осебдидагон ба дастгирии равонӣ низ ниёз доранд.
Бино ба гуфти омӯзгори кафедраи равоншиносии ДМТ Маҳмадулло Давлатов, зарур аст, ки дар баъзе мавридҳо бо чунин нафар ва оилаю наздикони ӯ муддати тӯлонӣ ёрӣ расонда шавад. Зеро берун кардани шахс аз ҳолати буҳрони рӯҳӣ кори на чандон осон аст.
Дар нишаст чандин нафари осебдида ҳузур доштанд, ки баъди ба онҳо расондани кумаки равонӣ ба зиндагӣ дилгармӣ пайдо намудаанд ва ҳоло ба шуғлҳои дӯстдоштаи худ машғуланд.
Танҳо гузоштани шахси осебдида боиси зиёд гаштани буҳрони рӯҳӣ мегардад. Аз ин рӯ, бо ҳам муошират намудани шахсони осебдида воситаи беҳтарини аз буҳрони равонӣ берун овардани онҳо мебошад.
Тавре корманди масъули Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо Райҳон Муъминова мегӯяд, Маркази мазкур баробари дастгирии равонӣ, инчунин барои ба кор ҷалб намудани онҳо ва аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ ёфтанашон чораҷӯйиҳо мекунад.
Чанд сол аст, ки осебдидагони минаҳо ва дигар лавозимоти ҷангӣ дар осоишгоҳҳо ба истироҳату муолиҷа фаро гирифта мешаванд.
Дар Марказ онҳо ба машғулиятҳои гуногуни ҳунарӣ ва варзишӣ машғул мегарданд. Байни онҳо доир ба расмкашӣ ва дигар намудҳои варзиш озмунҳо доир менамоем.
М . АЪЗАМ, «Садои мардум»