Ҳамоиши коршиносони тоҷику ӯзбек

№ 07.06.2021

3 июни соли 2021 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон конфронси муштараки илмию амалиро дар мавзӯи «Нуқтаҳои нави густариш ва таҳкими ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» баргузор намуд. Дар ҳамоиш намояндагони сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, донишмандону коршиносон ва воситаҳои ахбори оммаи ҳар ду кишвар ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмонону иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт. Номбурда зимнан изҳор дошт, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон дер боз бо ҳам робитаҳои устувори ҳамсоягӣ доштанд ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбарони ҳар ду кишвар–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои мутақобилан судманд густариши нав касб намуданд. Талошу кӯшишҳои сарварони ду давлат дар ин замина шоистаи таҳсин аст. Ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистону Тоҷикистон, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, таъмини рафтуомади озодонаи мардум аз дастовардҳои муваффақ дар арсаи дӯстии ҳар ду халқи бародар мебошанд. Бино ба гуфти ӯ, маҳз иродаи сиёсии роҳбарони кишварҳост, ки ҳамкориҳо ва дӯстиву рафоқати мардум таҳким меёбад. Дар бораи натиҷаҳои сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2018 имзои беш аз 90 созишнома ва қарордоди давлатӣ байни ҳар ду кишвари ҳамсоя, махсусан, созишномаи ҳамкории стратегӣ, кӯшишу талошҳои сарварони ду давлат барои боз ҳам мустаҳкам гардидани равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат намуд.

-Бояд тазаккур дод, ки мардуми тоҷику ӯзбекро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми якдигар муттаҳид месозанд. Дӯстии онҳо аз давраҳои қадим сарчашма мегирад. Омӯзиши таърихи равобити халқҳои тоҷику ӯзбек ҳамеша дар мадди назари таърихшиносону ҷомеашиносон қарор дошт. Олимони тоҷику ӯзбек ба муаммоҳои робитаҳои байни ҳар ду давлат таваҷҷуҳ намуда, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмиро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Сафарҳои расмии сарварони ду давлат ба Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳаёти мардумони ин ду кишвари ҳамҷавор саҳифаҳои навро боз намуданд. Дар солҳои 2018–2020 дар шаҳрҳои Тошканд, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Кӯлоб, Бохтар, Андиҷон, Хӯқанд, Фарғона, Самарқанд, Бухоро ҳамоишҳои байналмилалӣ бо иштироки олимони ҳар ду давлат баргузор гардиданд, ки риштаҳои дӯстии халқҳоро боз ҳам мустаҳкам карданд,-изҳор дошт Хуршед Зиёӣ.

Қобили зикр аст, ки ҳамоиш дар ҳошия ва арафаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он мавзӯи нуқтаҳои нави густариш ва таҳкими ҳамкориҳои ҳар ду давлат мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд.

Директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анвар Насиров, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомӣ Содиқ Ашӯрбойзода ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов низ дар ҳамоиш суханронӣ намуданд. Сипас ҳамоиш дар бахшҳо идома ёфт.

Дар бахши аввал таҳти унвони «Тавсеаи муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон» муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммад, муовини якуми директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акрам Неъматов, сардори Раёсати робитаҳои берунии Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо, сардори шуъбаи Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Собиров баромад намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Иштирокчиёни ҳамоиш перомуни маърӯзаҳо фикру андешаҳояшонро иброз намуданд.

Дар бахши дуюми ҳамоиш таҳти унвони «Масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодиёт, фарҳанг ва туризм» директори Маркази тадқиқоти геосиёсии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Гузел Майтдинова, сардори шуъбаи Пажӯҳишгоҳи байналмилалиии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Файзиев, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҷӯрахонзода, сардори шуъбаи Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хуршед Асадов, сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Арес Баязитов, ходими калони Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фаридун Юсуфҷонов, сардори шуъбаи Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Амир Салимов, ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Кристина Ҷӯрақулова ва дигарон суханронӣ ва мубодилаи афкор намуданд.

Зимни ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз конфронси муштараки илмиву амалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ва директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анвар Насиров изҳори умед намуданд, ки минбаъд низ робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва илмиву адабии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз пеш густариш  меёбанд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»