Забон ҳамеша зери ҳимоя ва ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошт. Имрӯзҳо низ Сардори давлатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафт ва инкишофи забон таваҷҷуҳи махсус дорад ва дар суханрониҳои хеш ҳатман пос доштану инкишоф додани забонро таъкид мекунанд:
«Мо бояд забони давлатиамонро мисли оина поку пурҷило нигоҳ дорем ва онро аз ҳар гуна олоишу омехтагиҳои нозаруру ғайриматлуб ҳифз намоем».
27 июли соли 2015 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии «Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ — тоҷикӣ» баргузор гардид.
Дар кори конференсия донишмандон, забоншиносон ва муҳаққиқони се кишвар — Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёни конференсияро хайрамақдам гуфт.
Сипас, дар назди ҳозирон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология Марҳабо Ҷабборӣ суханронӣ кард.
Ҳамоишро суханронӣ ва гузоришҳои раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷатуллоҳ Фағонӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Орзу, доктори илми филология, профессор Додихудо Саймиддинов, доктор Насрин Парвизӣ (Ҷумҳурии Исломии Эрон), доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода, доктори илми филология Сахидод Хоркашев, Алишарафи Содиқӣ (Ҷумҳурии Исломии Эрон), доктори илми филология Мирзоҳасан Султонов, доктор Алоиддин Таботабой (Ҷумҳурии Исломии Эрон), доктори илми филология Туғрал Шокиров ва дигарон шукӯҳу шаҳомати хоса бахшиданд.
Забоншиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба хулосае омаданд, ки ҳамкориҳои судмандро дар соҳаи вожасозӣ минбаъд вусъат хоҳанд дод.
Конференсия дар сатҳи баланд доир гардид.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»