7 — 8 апрели соли 2016 дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Занони соҳибкори Осиёи Марказӣ. Таҷриба, мушкилот ва дурнамои рушд» бо ширкати 60 бонуи муваффақ, ки парламентҳо, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматии Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистонро намояндагӣ мекарданд, ҷамъомад баргузор шуд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода Тағо, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурова, роҳбари лоиҳаи USAID дар Тоҷикистон Лора Чизмо дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.
Тавре Нигина Анварӣ – муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он Фармони Президент «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расидааст. Дар баробари ин, баҳри дастгирии занон, аз ҷумла занони соҳибкор, мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи онҳо Ҳукумати мамлакат қарорҳо, барномаҳо ва стратегияҳои муҳим қабул кард. Ҷудо намудани 8 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз буҷети кишвар ба воситаи хазинаи дастгирии соҳибкорӣ баҳри иҷрои 12 лоиҳаи занони соҳибкор, инчунин таъсис додани грантҳои президентӣ дар давоми панҷ соли охир ба андозаи беш аз 6 миллион сомонӣ ба инкишофи соҳибкории занон мусоидат кард. Дар зарфи панҷ соли охир аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳанда ба занони соҳибкор зиёда аз 5,2 млрд. сомонӣ ҷудо гардид.
Дар натиҷаи иқдомоти анҷомдодашуда, аз субъектҳои соҳибкорӣ 83981 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки 61609 нафари онҳо соҳибкори инфиродӣ мебошанд. 3515 зан роҳбари корхонаҳои хурду миёна аст. Имрӯз дар баробари беҳтар намудани вазъи оилаҳои хеш, занони соҳибкор дар рушди устувори иқтисоди кишвар саҳми бузург гузошта истодаанд.
Узви раёсати Бизнес — ассотсиатсияҳои занони соҳибкори «Осиё» ва раиси Ассотсиатсияи «Кадбону» Сабоҳат Раҳимзода гуфт, ки ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ба монанди «Осиё» ва «Кадбону» ҳамкории байниминтақавии занони соҳибкорро тақвият, маҳорат ва таҷрибаи тиҷоратии аъзояшро такмил мебахшанд. Дар давраи фаъолияти худ Ассотсиатсияи «Кадбону» беш аз 2000 занро ба соҳибкорӣ ҷалб намуда, ба 2680 нафар нозукиҳои тиҷоратро омӯзонд, 640 нафар касбҳои навро аз худ намуданд. Ба 1400 нафар қарзҳои хурд ҷудо карда шуд, ки дар ин доира 800 ҷойи нави корӣ ташкил ёфт.
Дар охир аз ҷониби иштирокдорон зикр гардид, ки ташкил намудани чунин ҳамоишҳо мувофиқи мақсад буда, ба пешрафти фаъолияти занони соҳибкор мусоидат менамоянд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум». Суратгир А. Исоев