Ҳамроз

№99 (4682) 07.08.2023

DSC_1207Вақте ки ният кардам дар бораи дӯст ва ҳамкори арҷмандам Нӯъмон Низомӣ матлаб таҳия кунам, бо вуҷуди он ки ҳар рӯз эшонро мебинам ва муносибати мунтазами корию дӯстӣ дорем, барои навиштан мушкилӣ кашидам. Дар оғоз надонистам кадом хислати неки ин бародари азизро баён кунам, зеро вай соҳиби хулқу хислатҳои зиёди ҳамида ва одаму одамгарист. Агар ҳамаи инро таҳлил кунему қиссаҳои зиндагиашро рӯйи коғаз биёрем, китоби бузурге мешавад.

Баёни шарҳи ҳоли чунин инсон дар як мақолаи хурд ғайриимкон аст. Вақте ҳаёти Нӯъмонҷон ва фаъолияти кориашро каме ба риштаи таҳлил кашидам, пеш аз ҳама, ҳамрозу ҳамдами одамон буданаш ба назар намоёнтар намуд. Ӯ ҳамеша саъй мекунад аз доираи одаму одамгарӣ берун пой наниҳад, дигар инсонҳо аз ӯ зарар набинанд ва то метавонад дасташонро бигирад, ба қадри имкону тавоноӣ ба дигарон кумак расонад.

Аёми ҷавонӣ, ки айни шавқу шӯру баландпарвозист, мо дар Радиои «Тоҷикистон» ҳамкор будем ва ҳамон замон ман эҳсос кардам, ки ӯ одамдӯсту некният аст. Барномаҳое, ки Нӯъмонҷон таҳия мекард, мавзӯъҳои муҳиму рӯзмарраи ҳаёти мардумро дар бар мегирифт. Махсусан, барномаи «Ҳамроз»-и Радиои «Тоҷикистон», ки бо иқдоми вай таҳия ва садо медод, мухлисони зиёд дошт. Ҳар рӯз ба унвони идораи барномаҳои ҷавонӣ даста-даста мактуб меомад. Одамони синну соли гуногун аз рӯзгори хеш, мушкилоти зиндагӣ қисса мекарданд ва итминон доштанд, ки таҳиягарони барнома ҳамрозу ҳамдами онҳоянд. «Ҳамроз»-и бахши ҷавонӣ ва дигар барномаҳои тозаэҷоду ҷолиби радиои Тоҷикистонро, ки маҳсули ҷавонони пурғайрату эҷодкорони масъулиятшиносе чун Нӯъмон Низомӣ буд, қариб тамоми мардум ҳар ҳафта бесаброна интизорӣ кашида, гӯш мекарданд.

Мутаассифона, аввали солҳои навадуми асри гузашта абрҳои тира фазои тозаю пурмеҳри мавҷҳои радиоро низ ғуборолуд кард ва ҷойи садои ровиёну тарроҳони барномаҳои ҷолибро садои тиру туфанг гирифт ва дигар мардум камтар ба радио розу ниёз мегуфтанд…

Баъди анҷоми ҷангу мухолифатҳо, ки дар ин, давра шавқу шӯри ҷавонони эҷодкор ба мисли Нӯъмон Низомӣ, паст шуда буд (аз баъзеҳо хомӯш гардид), бо фарорасии сулҳу оромӣ аз нав ба фаъо­лияти эҷодӣ пардохт ва рисолати хеш, яъне ҳамрози мардум буданро идома дод.

Он айём дар олами матбуоти тоҷик нашрияе бо номи «Чархи гардун», бо иқдоми журналисти номӣ, собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбари Саттор (ёдаш ба хайр) пайдо шуд, ки воқеан падидаи тоза ва ҳамдаму ҳамнафаси мардуми азияткашида ва муҳтоҷи сухани созанда буд. Дастандаркорони ин ҳафтанома роҷеъ ба фарҳангу маънавиёт, одаму одамгарӣ, ватандӯстӣ ва дигар мавзӯъҳо матолиби ҷолибу хонданӣ ба табъ мерасонданд. Ин ҳафтанома минбаъд дар даврони соҳиб­истиқлолӣ ба пайдошавии нашрияҳои нав ба нав мусоидат кард, ки ин мавзӯи матлаби алоҳида аст. Табиист, ки барои чунин як ҳафтаномаи ҳамрози мардум, журналистоне чун Нӯъмон Низомӣ зарур буд. Нӯъмон дар «Чархи гардун» масъули саҳифаи «Номаҳо ифшогари рози диланд» буду ба шарофати истеъдоди хоса ва одамдӯстиаш мухлисони зиёд пайдо кард. Ҳар рӯз наздаш одамони синну сол ва касбу корашон гуногун меомаданд. Вай ҳар як муроҷиаткунандаро гӯш карда, агар зарурат мешуд, арзи дилашонро дар саҳифа ҷой медод ва ё бо маслиҳатҳои муфиди хеш ба дарду мушкилоташон сабукӣ мебахшид…

Додраси мардум будан, дарди дили одамонро шунидан, маслиҳату машварати дуруст доданро бисёр нашрияҳои дигар низ пайгирӣ мекарданд. Ин буд, ки сарвари якчанд нашрияҳои иҷтимоию фарҳангӣ, рӯзноманигори шинохта Асҳобиддин Суннатӣ қаламкаши варзида Нӯъмон Низомиро ба кор даъват кард. Дар натиҷа саҳифаҳои «Розу ниёз», «Шиносоӣ» дар ҳафтаномаи «Муҳаббат ва оила» мухлисони зиёд пайдо кард.

Айни ҳол Нӯъмон Низомӣ ходими рӯзномаи «Садои мардум» — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Давоми фаъолияти эҷодӣ дар ин рӯзномаи бонуфузи парламентӣ масъалаҳои муҳими рӯзро баррасӣ ва нашр кардааст. Мақолаҳои вай «Ғанигардонии орди гандум, яъне чӣ?» (25. 01. 2018, №10), «Чой дар халтача метавонад сабаб ба беморӣ гардад» (23.01.2018, №9), «На ҳар чизе, ки ҷило медиҳад, тиллост» (31.03.2018, №40), «Биринҷ аз пластмасса» (13.03.2018, №33), «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ мебояд» (05.04.2018, №42), «Ҳар сол 15 дарсади навхонадорон аз ҳам ҷудо мешаванд. Чаро?» (26.01.19, №11), ­«Беэътиноӣ ба забон гуноҳи нобахшиданист» (8.10.2019, №120), «Дар робита ба зарари маҳсулоти пластикӣ набояд бетафовут бошем» (7.12.2019, №147) далели ин гуфтаҳоянд. Аз навиштаҳояш бармеояд, ки ӯ як журналисти ҳирфаӣ аст, ки ба васфу тавсиф не, балки ба проблема сарукор дорад. Донишу истеъдодашро бештар ба саҳмгузорӣ дар солимии ҷомеа равона кардааст.

Бо вуҷуди масъулияти зиёде, ки нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб мекунад, Нӯъмон Низомӣ ҳамеша бо мардум дар тамос аст. Телефони дастиаш беист занг мезанад, аз ӯ маслиҳат мепурсанд, хоҳиши бо вай суҳбат намудан, дарди дил кардан менамоянд, мадад меҷӯянд. Нӯъмонҷон ҳамзамон ба пурсишашон посух мегӯяд, маслиҳат медиҳад ва агар ягон масъалаи ҷиддитар бошад, ба мулоқот даъват менамояд. Намехоҳад ягон корафтодаро ноумед кунад. Ин аст оини ҷавонмардӣ. 

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»