Насли ҷавоне, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии Ватани азизамон ба дунё омадаву ба воя расидаанд, шояд маҷмуи ифтихороти миллиро дар вуҷуди худ бештару беҳтар аз дигарон мепарваранд. Чунки маҳз онҳо дар ин даврон худро шинохтаву дар рӯҳияи меҳанпарастиву миллатдӯстдорӣ, худшиносиву худогоҳӣ аввалин бор пой ба остонаи дабистон гузошта, таҳсил кардаанд.
Яке аз нафароне, ки зодаи замони истиқлолият, аниқтараш ҳамсоли истиқлолият аст, Баҳманёр Муродӣ мебошад. Ӯ эҷодкор аст. Эҷодкоре, ки хеле барвақт, аз хурдсолиаш маҳсули чакидаҳои хомааш рӯйи чоп омадаанд ва аз ҷониби устодони сухан чун Нависандагони халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзод ва Саттор Турсун баҳои сазовор гирифтаанд. Ҳанӯз дар дувоздаҳсолагӣ аввалин маҷмуаи ҳикояҳояшро бо пешгуфтори Ӯрун Кӯҳзод, зери назари профессор Баҳриддин Камолиддинов бо номи «Мусича» чоп кардааст. Баъдан, дар соли 2007 маҷмуаи дуввумашро бо номи «Ашки осмон» манзури хонандагон гардонидааст. Ӯ пайваста эҷод мекунад ва маҳсули қаламаш бештар дар маҷаллаи миллии «Садои Шарқ» рӯйи чоп меояд. Соли 2008 аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ҷоизаи «Падида», чун падидаи адабӣ сазовор гаштааст. Соли 2013 ӯро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфтаанд, ки айни ҳол ҷавонтарин аъзои ин ташкилоти бонуфузи эҷодӣ мебошад.
Аз суҳбат бо Баҳманёр пай бурдем, ки дилаш саршори ишқу муҳаббат нисбати Ватан-Модар аст. Барои ӯ истиқлолият чун Ватану модараш арзиши олӣ мебошад. Чун зодаи як гӯшаи Тоҷикистони азиз аст, ҳар зарра хоку ҳар қатра обашро гиромӣ медорад. Барои ҳифзи марзу буми Ватан ҳама вақт омода аст. Аз ҳамсол буданаш бо истиқлолияти давлатӣ ифтихор дорад. Тавре худи ӯ мегӯяд: « Ман ифтихор аз он дорам, ки зодаи модари тоҷикаму ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва шукрона мекунам, ки имрӯз кишвари азизи ман дар роҳи эъмори ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд гомҳои устувор мегузорад».
Баҳманёр Муродӣ донишҷӯст. Донишҷӯе, ки ҳама вақт чун Истиқлолияти 22-солаи Тоҷикистон муваффақият ёраш аст. Бо медали нуқра мактаби миёнаро хатм кардаву бо навиштани як иншо донишҷӯйи бузургтарин донишгоҳи кишвар-Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардидааст. Ҳамзамон бо донишҷӯйӣ дар АМИТ «Ховар» фаъолият мекунад ва навиштаҳояшро пайваста дар матбуоти даврӣ рӯйи чоп меорад. Кӯшиш мекунад, ки маҳсули хомааш созандаву раҳнамунсоз бошад:
-Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон чунин таъкид карда буданд: «Истиқлолият ин ҷидду ҷаҳд ва талоши ҳар фарди баору номус баҳри ободиву шукуфойии Ватан аст». Ба андешаи ман, баҳри ободӣ, гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз бояд насли ҷавони кишвар ҷидду ҷаҳд ва талоши бештар дошта бошанд. Зеро риштаи тақдири ояндаи кишвар дар дасти насли наврас аст ва ҳамсолони истиқлол дар ин росто масъулияти бештар доранд-мегӯяд номбурда.
Оре, Баҳманёр ҷавон аст ва умеду боварӣ ба ояндаи дурахшони худу кишвари ҷавони худ дорад, зеро аз бурдбориҳову комгориҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол хуб огаҳ аст. Ӯ, ки дар зиндагӣ шахси тасодуфӣ нест, сарфи назар аз ҷавониаш дар муқоиса бо ҳамсолон нафари муваффақ ба ҳисоб меравад. Ҳамон гунае, ки зикр кардем, дар ҳабдаҳсолагӣ соҳиби ду маҷмуа будану дар бисту дусолагӣ узви Иттифоқи нависандагон шудан ба кам касон муяссар мешавад. Баҳманёрро аҳли адаби Тоҷикистон хуб мешиносанд, аз истеъдоди худододу ҳунари нависандагиаш огоҳии комил доранд.
Ӯ бо боварӣ дар роҳи интихобкардааш гом мебардорад ва кӯшиш менамояд, ки чун гузаштагони сарбаланду тамаддунофари худ барои ин Ватану ин сарзамин хизмати арзандае карда тавонад, аз ин рӯ орзу мекунем, ки бахту саодат барои ҳамешагӣ ёраш бод.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»