9-11 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Анҷумани 1У роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷаласаи 39-уми Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон (ШБР) ва Конфронси илмӣ-амалии байналмилалии «Технологияи инноватсионӣ барои соҳаи роҳсозӣ» баргузор мегарданд.
Тавре аз котиботи ШБР хабар доданд, дар чорабиниҳои мазкур тақрибан 300 намоянда бо шумули вазирони нақлиёт, роҳбарони идораҳои марбута, муассисаҳои ҷамъиятӣ, аъзои ШБР, мутахассисон ва олимони соҳаи роҳу нақлиёт иштирок хоҳанд кард.
Баррасии масъалаҳои рӯзмарра ва такомули шабакаи роҳҳои автомобилгарди кишварҳои ИДМ, ки қисмати бештарашон роҳҳои байналмилалӣ арзёбӣ мешаванд, мусоидат ба кӯшишҳои давлатҳои ИДМ ҷиҳати амалӣ сохтани сиёсати мувофиқашудаи роҳсозӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои нишастҳо ба шумор мераванд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»