Чанде пеш дар Театри давлатии мазҳакавӣ — мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳамкории занон дар чаҳорчӯбаи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» анҷумани занони Тоҷикистону Чин баргузор гардид.
Меҳмонон нахуст аз намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистон таҳти унвони «Симои зан» ва намунаҳои ҳунари хаттотии Чин бо номи «Моҳияти ҳаёт» дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дидан карданд.
Зимни ифтитоҳ муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иштирокчиёни анҷуманро аз номи роҳбарияти вилоят шодбошӣ гуфт.
- Ҳадафи ин анҷуман тақвияти ҳамкории бонувони Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчӯбаи иқдоми «Як камарбанд, як роҳ» фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати табодули афкор, иттилооту таҷриба, такмили ҳамкории минбаъда ва таҳким бахшидани нақши бонувон дар рушди иқтисодии ҳар ду мамлакати ҳамсоя аст, — иброз дошт раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зикр намуд, ки «ҳусни ҳамсоядорӣ, равобити иқтисодию фарҳангӣ, кор дар ҳама самтҳо дар даврони навини соҳибистиқлолӣ тавассути сиёсати бунёдкоронаю созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Сӣ Ҷинпин ба марҳилаи сифатан нави ҳамкорӣ баромадааст».
Раиси Кумитаи доимоамалкунандаи намояндагони халқии музофоти Шэнсии Чин Лӣ Сяомин аз «Шоҳроҳи бузурги абрешим» ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар шоҳроҳ қарор доштани ду кишвари ба ҳам дӯсту қарин бозгӯи он аст, ки ҳар ду қадима ва дорои анъанаю фарҳанги бой ҳастанд. Тибқи иттилои Лӣ Сяомин дар музофоти Шэнсии Чин 39 млн. аҳолӣ ба сар мебарад, ки 12 млн. нафар занону духтарон буда, баробари мардон дар корҳои давлатдорӣ ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи музофот заҳмат мекашанд.
- Вазъи ҷаҳонро дида истодаем, ки басо ногувору муташанниҷ аст, — гуфт дар идома Лӣ Сяомин ва даъват ба амал овард: — Биёед, мо ҷамъияти хоҳарони Чину Тоҷикистонро таъсис дода, баҳри наҷоти сайёра аз ҷангу ҷидол ва нооромӣ мубориза барем.
Қисмати дуюми анҷуман бо баргузории сессияҳои алоҳида ва маърузаҳои пурмуҳтавои занону бонувон ва соҳибкорзанони ҳар ду кишвар идома кард.
Бунафша Файзиддинзода дар фарҷоми кори анҷуман аз сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати мамлакат дар раванди татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарики стратегӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ёдовар шуда, тақвият додани ҳамкориҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи занони Ҷумҳурии Мардумии Чинро таъкид намуд.
Баъди анҷоми анҷуман ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин аз маркази Конфутсии назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дидан намуда, бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шинос шуданд. Дар ҷараёни боздид аз толорҳои рассомӣ ва ҳунармандии донишгоҳ меҳмонон ба ҳунару маҳорат ва истеъдоди фавқулодаи донишҷӯён дар санъати тасвирӣ, наққошӣ ва дӯзандагӣ баҳои баланд доданд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»