Ё чаро масъулони ноҳияи Восеъ дар посух ба мақолаҳои танқидию таҳлилӣ хомӯшӣ ихтиёр кардаанд?
Оё ин тарзи муносибат мухолифи боби 3-и моддаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», Фармони № 622-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии ВАО» аз 7 феврали соли 2009, нест?!
Аз чопи мақолаи «Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти беманзил» як солу ҳашт моҳ («СМ» аз 07 январи соли 2015 №4 (3305)) ва аз мақолаи таҳлилии «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ чӣ гуна амалӣ гардид?» («СМ» аз 16 июли соли 2016, №77 (3537)) беш аз 2 моҳ сипарӣ гардид, аммо то ба ҳол ҷавобу вокунише нест. Ёдрас мешавем, ки мақолаи аввал бо сатрҳои зайл шурӯъ гардида буд:
«Бинои имрӯзаи ҷамоати деҳоти шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ, ки наздик ба 80 сол боз арзи вуҷуд мекунад, агар гӯем, ки тӯйхонаро мемонад, заррае иштибоҳ нахоҳем кард. Рафту агар аз саҳни он гузар намоед ва ё баҳри иҷрои амале вориди он шавед, дарҳол пардаи гӯшатонро садои баланди дафу най ва суруду таронаҳои шогирдонаи бачаҳо «навозиш» медиҳад».
Дар хусуси ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов ба ин тариқ навишта будем: «Дидани ҳолати беҳад ногувори бино ва мизу курсиҳои аз замони шӯравӣ меросмондаи кормандони он, бахусус дидани Парчами зебои Ватан рӯи боми шикаставу фарсудаи ин ҷамоат табъи дилхоҳ бинандаро хираву озурда мекунад… Беш аз 50 сол боз кормандони ҷамоати мазкур дар се утоқи тангу таъмирталаби он машғули иҷрои вазифаҳои хешанд. Ин бинои фарсуда соли 1958 ҳамчун нуқтаи шустагарии интернати хонандагони деҳаи Кадучӣ бунёд гаштааст ва маҳз аз ҳамон сол то ба имрӯз ба сифати идораи калонтарини ҷамоати деҳоти минтақаи Кӯлоб хизмат мекунад.».
Қабл аз иншои мақолаи навбатӣ мо бо умеди тағйири вазъи ҳол дубора ба ин ҷамоатҳо омадем. Мутаассифона, дар ин ду ҷамоат ба ғайр аз иваз шудани раисону баъзе кормандони онҳо мо ҳеҷ гуна дигаргунию навгониро мушоҳида карда натавонистем.
Дар мақола ишора гардида буд, ки ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев дар мағозаи хусусӣ қарор дораду ба қавли раиси он М.Орифов баъди ба анҷом расидани азнавсозии бинои собиқ идораи колхози ба номи Ленин, ки ба осорхона мубаддал мегардад, кӯч мебанданд. Зимни ташрифи навбатиамон дидем, ки воқеан ҳам ҷамоати мазкур аз мағоза ба осорхона гузаштааст. Хушбахтона, танҳо бинои ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов, ба гуфти раиси он Ҷ. Икромов, бо ташаббус ва сарфи маблағҳои шахсии худи ӯ, таъмиру таҷдид шуда, хеле хушсимо гаштааст.
Дар мақола, инчунин аз хусуси дар иҷоранишинӣ қарор доштани як зумра муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, ба амсоли бойгонӣ, китобхонаи бачагона, ҳафтаномаи «Гулхани Восеъ», гимназияи ягонаи ноҳия, муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф сухан мерафт ва аз ин ҳол изҳори нигаронӣ карда мешуд. Ҳамзамон, аз масъулони онҳо сари ин мушкилоташон дархости шарҳу посух карда будем.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки миёни шаҳраку деҳоти навоҳии минтақаи Кӯлоб танҳо ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Восеъ аз соҳиб шудан ба биноҳои собиқ идораҳои колхозҳою дигар муассисаҳои аз фаъолиятмонда, ки онҳо нисбатан ободу хуштарҳ буданд, бенасиб мондаанд. Мутаассифона, биноҳои ёдшуда, айни замон дар ҳоли «зоранд»-у дар ихтиёри ашхоси алоҳидае қарор доранд ва соҳибони «хуштолеашон» солҳо боз дар пайи ба кадом васила истифода бурдани онҳо «ранҷ» мекашанд.
Дар мақолаи дуюм — «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ чӣ гуна амалӣ гардид?» аз фаъолияти нобасомону номатлуби китобхонаҳои минтақаи Кӯлоб, бахусус ноҳияи Восеъ, изҳори ташвишу нигаронӣ карда мешуд. Мақола дарҳол аз ҷониби масъулони марказии соҳа ва минҷумла онҳое, ки ба вазъи ташвишовари китобхонаҳои ноҳияи Восеъ ошноӣ доштанд, бо шарҳу далелҳои иловагӣ ҳамовозӣ пайдо намуд, ба ҷуз масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур ва шуъбаи фарҳанги он. Айнан ҳамин гуна муносибату мавқеъгириро дар нисбати масъулони Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб, хусусан дар симои сардорони онҳо Б. Раҷабов ва Х.Тоиров, хотирнишон кардан мумкин аст.
Ин тарзи муносибат боиси афзудани ташвишу нороҳатии аксар рӯзноманигорони минтақа гардидааст. Рӯзноманигорон дар аксар нишастҳои матбуотии раиси вилояти Хатлон дар хусуси ин масъала суол медиҳанд, аз ҷумла дар нишасти охирин низ ҳалли ин масъала ба миён гузошта шуд.
Мо дар ин радиф мақолаҳои таҳлилию танқидии зикршудаи хешро дар чорчӯбаи одоби касбӣ ва лаҳни ниҳоят сабук манзури хонандагон намуда, умед баста будем, ки дар вақти муқарраркардаи қонун аз ягон зинаи мақомот ва ё ашхоси масъул вокунише хоҳем гирифт, аммо…
Шояд ин қабил масъулон ба чунин тарзу услуби навиштаҳои мо, ки дар онҳо дар баробари факту рақамҳои саҳеҳу санҷидашуда, одоби муошират дар ҷойи аввал қарор дорад, хӯ гирифта, ниҳоят бепарвою фориғбол ва нописанд шуда бошанд?! Ё шояд онҳо «намедонанд», ки муносибаташон хилофи қавонину дастурҳои ҷорист.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»