Ҷанге, ки дар таърих назир надорад

№62-63 (4324-4325) 08.05.2021

ВойнаВақте ки  фашистон апрел-майи соли 1941 неруҳои мусаллаҳи пиёдагард ва тӯпу танкҳояшонро ба сарҳади Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлатҳои ҳаммарзи он наздик оварданд, сарҳадбонони боғайрату шуҷои ҷумҳуриҳои бародар аз чунин рафтори онҳо дар ҳайрат монданд. Афсарони шӯравӣ аз немисҳо мепурсиданд, ки «чаро неруҳои ҳарбиатонро ба ин ҷо овардед?» Онҳо дар ҷавоб мегуфтанд:  Мо барои истироҳат омадем ва чанде баъдтар бозпас мегардем.

Дар асл баъди забти пурраи Аврупо роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбии Германияи гитлерӣ ба ҷанги зидди Иттиҳоди Шӯравӣ тайёрӣ медиданд. Фашистҳо ҳанӯз моҳи декабри соли 1940 директиваи №21-ро, ки «Барбароса» номи рамзии он буд, тасдиқ намуданд. Мақсади асосии нақшаи «Барбароса», ҳамчун стратегияи ҷанги «барқосо», дар муддати кӯтоҳ бо зарбаҳои пурзӯри ногаҳонӣ несту нобуд кардани Артиши Шӯравӣ ва то кӯҳҳои Уралу хати Архангелск-Волга ишғол кардани хоки Иттиҳоди Шӯравиро пешбинӣ мекард. Зеро фашистон ба суст гардидани пояи давлати сермиллати ИҶШС ва бесарусомон гаштани ақибгоҳи он умед баста буданд.

Субҳи барвақти 22 июни соли 1941, ки мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ дар хоби ширини рӯзи истироҳатӣ буданд, неруҳои мусаллаҳи пиёдагарду ҳавоии Германия аҳдшиканона бе эълони ҷанг ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум карда, қисмати ғарбии ҷумҳуриҳои назди Балтика, Беларус, Украина ва Молдоваро забт намуданд ва шаҳру деҳаҳоро оташ заданд.

    Фашистон дар ҷанги зидди Иттиҳоди Шӯравӣ 190 дивизия, 18 бригада бо шумораи 5,5 миллион нафар ҷанговар, 3700 танки азими тасмачарху чархдор, наздики 50 ҳазор тӯпу миномёт ва бештар аз панҷ ҳазор ҳавопаймои ҷангиро сафарбар карданд. Дар он лаҳза Артиши Шӯравӣ дар ихтиёр 2 миллиону 900 ҳазор нафар сарбозу афсар, 1800 танки хурду азим ва 1540 ҳавопаймои ҷангӣ дошту халос.

Задухӯрдҳои шадид бо пеш рафтани артиши фашистҳо ва шикасту ақибнишинии ҷанговарони Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом меёфт. Ҷанговарони шуҷои Иттиҳоди Шӯравӣ, ки халқҳои понздаҳ ҷумҳурии бародарро дар бар мегирифт, паҳлу ба паҳлу истода, ҳуҷуми фашистонро рахна мекарданд.  Фашистон шаҳрҳои Киев, Минск, Гомел, Калининград, Лвов, Харков, Днепропетровск, Керч, Севастопол, Волгоград, Тула ва Тамбовро вайрону валангор намуда, шаҳри Ленинградро зери муҳосираи сиёсиву иқтисодӣ қарор доданд, ки он 900 рӯз давом кард. Ҳатто неруҳои ҳавоии Германия, ки дар 25 километрии пойтахти Давлати Шӯравӣ — шаҳри Москва давр мезаданд, аз Майдони Сурхи назди Кремл намоён буданд.

Бо фармони Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Артиши Шӯравӣ Иосиф Сталин 7 ноябри соли 1941 бахшида ба 24-солагии Инқилоби Октябр паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он ҷанговарони шуҷоу далери артиши миллионнафара ва техникаи пурқуд­рату ҳавопаймоҳои ҷангӣ гузашта, рост ба майдони набардҳо сафарбар шуданд. Дар ҳама хати фронт ҷангҳои шадид оғоз гардиданд ва Артиши Шӯравӣ бо зарбаи ҳалокатбор душманро шикаст дода, онҳоро то 200 ва дар баъзе аз минтақаҳо то 300 километр ба ақиб бурданд.

Ҷанговарони далер сарзамини давлати ИҶШС-ро пурра аз душман пок карда, аҳолии давлатҳои Аврупоро, ки зери азобу шиканҷаи фашистон қарор доштанд, озод ва фашистони хунхорро ба таслим шудан водор карданд. Халқи Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷанги хунину бераҳмона нуқта гузошта, ғалабаи оламшумули таърихиро ба даст оварданд.

Дар набардҳои майдони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз Тоҷикистон бештар аз 300 ҳазор нафар ҷавонони акнун ба ҳаёти мустақилона қадамгузоштаву мардони кордида баҳри дифои давлату сарзамин бар зидди фашизми гитлерӣ бархостанд. То рӯзи ғалаба наздики 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳои шадиди зидди душман ҳалок гардиданд. Тибқи маълумоти оморӣ, аҳолии Тоҷикистон соли 1941 як миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медод ва шумораи ба майдони ҷанг сафарбаршудагон 25 дарсади аҳолиро дар бар гирифта, беш аз ҳафт дарсади аҳолии Тоҷикистон дар ҷанги хонумонсӯз ҷон бохтанд.

Умуман, дар майдони набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фиристодагони тоҷикистонӣ барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардум дар сангарҳо далерӣ ва корнамоии бузург нишон дода, 54 кас бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 нафар бо ордени дараҷаҳои I, II, III-юми «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардиданд.

Онҳое, ки аз ҷанги зидди фашистон бо ғалаба, бо сари баланд баргаштанд, барои ободии Ватан дар соҳаҳои гуногуни мамлакат меҳнати софдилона карда, ба дастовардҳои баланд ноил гардиданд. Хизмати шоистаи далерони майдони муборизаҳо барои ҳифзи Ватан, миллат ва таъриху фарҳанг дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи наслҳои оянда абадӣ нақш хоҳад гузошт.

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»