Бонги изтироб

«Ҷанговари башардӯст» ҳамаро ба дод овардааст

№10 (4430) 15.01.2022

Ҷилави ӯро кӣ мекашад?

Дар яке аз ҳадисҳои ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст: «Мусулмон шахсест, ки дигарон аз (зарари) дасту забонаш дар амон бошанд». Яъне, ӯ бояд ба касе бо дасту забонаш озор нарасонад. Мутаассифона, дар ҷамъият ашхосе ёфт мешаванд, ки ба ҷои фоида ба мардум зарар расонида, табъи атрофиёнро хира месозанд. Ҳамдеҳаи мо Алимаҳмад Тӯрахонов аз зумраи чунин касон аст.

Ӯ бо ҳуҷҷати сохтаи «Ҷанговари башардӯст» ба тӯю маъракаҳои ҳамдеҳагон омада, «шуморо говсуд мекунам», — гӯён бо таҳдид пул меситонад. Барои дар чарогоҳ чаронидани чорвои ҳамдеҳагон бе ягон ҳуҷҷат маблағ мерӯёнад. Роҳи ҳамсоягонаш Холмурод ва Бобомурод Абдиевҳоро банд намуда, онҳоро озор медиҳад.

Як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатии деҳа барои харидану насб кардани трансформатори барқӣ маблағ фиристоданд. Ӯ аз куҷое фаҳмида, «ҳаққи маро кӣ медиҳад?» — гӯён ташкилотчиёни ин кори хайрро безор кард. Дар натиҷа, ташаббускорон як трансформаторро насб карданду дасту дилашон аз идомаи кори ҷамъиятӣ хунук шуд.

Писари Тӯрахонов ба номуси зане таҷовуз кард, вале ӯ «писарам бемории рӯҳӣ дорад», — гӯён бо ҳар восита ӯро аз ҷавобгарӣ халос намуд. Фарзандонаш солиманд, вале ӯ ба 4 фарзандаш санади маъюбӣ дуруст кардааст.

Алимаҳмад Тӯрахонов солҳои 1979 — 1989 дар хоҷагӣ кор мекард. Ӯро бо гуноҳи худсарона фурӯхтани баллонҳои гази хоҷагӣ чанд сол аз озодӣ маҳрум карда буданд.

Аз ин рӯ, мехостем, ки намояндагони Иттиҳоди ҷанговарони башардӯсти Тоҷикистон, Кумитаи кор бо собиқадорони ҷанги Афғонистон ва «Маъюбони ҷанги Афғонистон» то чӣ андоза «ҷанговари башардӯст» будани Алимаҳмад Тӯрахо­новро муайян кунанд. «Корнамоӣ»-ҳои дигари Тӯрахоновро шуъбаи корҳои дохилӣ ва прокуратураи ноҳияи Ёвон муайян хоҳанд кард. Дар ин бобат мо далелҳои зиёд дорем.

А. ХАЛИЛОВ,

 Қ. СОҲИБНАЗАРОВ,

 Х. РАҶАБОВ,

ҷамъ 24 нафар сокини деҳаи Чӯпонобод, деҳоти «Ситораи сурх»-и ноҳияи Ёвон