Ансамбли «Шодмон» ҷавононро шод кард

№ 24.05.2024

Дар кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор ансамбли созӣ-овозии «Шодмон» нахустконсерти худро бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳр намуд.

Дар оғоз муовини раиси шаҳр Бунафша Юлдошзода паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Ҷаббор Носирзодаро ба муносибати таъсисёбии ансамбл ба самъи аҳли толор расонида, ин рӯйдодро беҳтарин падида дар ҳаёти фарҳангии шаҳр ва туҳфаи арзишманд ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маънидод намуд.

Сипас, ҳунармандони ансамбл бо иштироки ансамбли рақсии «Сарвиноз» консерти нахустини хешро пешкаши ҳаводорони санъати эстрадӣ намуданд.

Чунин иқдомҳо барои бедор кардани ҳисси ифтихор аз кишвару зодгоҳи худ дар байни ҷавонон нақши муассир дошта, рамзи умеду эътиқод ба ояндаи дурахшони насли наврас маънидод карда мешавад.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»