Беш аз як ҳафта мешавад, ки мардуми ҷумҳурӣ аз задухӯрдҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара бо ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон сахт дар ташвишанд. Воқеае рух дод, ки аз як ҷиҳат нангин, вале аз ҷиҳати дигар мақоли халқии «омад ба сарам аз он чӣ метарсидам»-ро мемонад. Зеро зуд-зуд рух додани муноқишаву ҷанҷол то ба ҳадди даст ба гиребон шудану тиркушоӣ сӯи якдигар пешгӯӣ мекард, ки «оқибатуламр хунрезӣ хоҳад шуд».
Ҳарчанд ҷониби Тоҷикистон нисбат ба рафтори ноҷавонмардонаи мардуме, ки худ муҳоҷиранд, ба хотири нону намаки ҳамсоягӣ чашм пӯшиданду гузашт карданд, аммо қирғизҳои маскуни маҳалҳои наздисарҳадӣ ин андешаву гузашткуниро нодуруст фаҳмиданду нодуруст баҳо доданд. Шояд чунин гуфтанд: тоҷикон пуртоқатанд, ҳар чӣ нисбаташон раво бинем, таҳаммул мекунанд.
Ба ин нигоҳ накарда, бовар кардан намехостам, ки наход ин тоифа ба чунин андоза мардуми бериёву беандеша бошанд? Вале чун ба маҳалли воқеа омадем, он чӣ дидему шунидем, андешаҳоро боз ҳам қавитар карданд.
Инак, камина ҳамроҳ бо кормандони эҷодии телевизиони маҳаллии шаҳри Исфара ба деҳаи Сомониёни деҳоти «Чоркӯҳ» омадем. Оқибатҳои задухӯрди мусаллаҳона дар он ба хотир ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри ХХ-ро меовард, ки дар водии Вахш қариб хонаи носӯхтаву нобуднагардида намонда буд.
Зимни суҳбат бо сокинони маҳалла бори дигар боварӣ ҳосил кардем, ки нохушиҳои наздисарҳадӣ маҳз бо айби сокинони қирғизи ин маҳалла сар задааст.
- 15 сол аст, ки моро қирғизҳо азоб медиҳанд. — Бо ҳар баҳона ба хонаҳоямон сангпартоӣ мекунанд. Кор ба ҳадде расид, ки аз баромадан ба кӯча ҳам метарсидагӣ шудем. Шаби 29-ум хонаҳоямонро оташ заданд. Ҳар чӣ дар тан либос дорем, бо ҳамин мондем. Ягона писарам дар муҳоҷирати меҳнатист. Баъди ин гуна воқеаҳо зистан бо ин мардум дар як маҳал ғайриимкон аст, — мегӯяд сокини маҳалла Мӯъҷизахон Қаландарова.
Шунидани дарду алами модарони тоҷики аз дасти қирғизҳо бадодомада ба андозае вазнин буд, ки сангинтарин дилҳоро об мекард:
- Солҳои зиёдест, ки зери фишору тааддии қирғизҳо зиндагӣ дорем, — мегӯяд сокини дигари деҳа Зарофатхон Назарова. — Ҳамсоя шуда, заррае андешаи нону намакро намекунанд. Тасаввур кунед, ки миёндевори афтодаро рост кардан намегузоранд. Ҳоло бе хонаву дарбадари ҳавлиҳои мардумем. Тамоми ҷиҳозамонро сӯзониданд, ягон ҳуҷҷатамон намондааст…
Қирғизҳо ҳатто ба ҳоли тифлакони маъсум раҳм накардаанд. Нолаҳои ҷонгудози хонандаи синфи 6-уми мактаби деҳа Мухтасархон далели гуфтаҳои мост: — Бар асари сӯхтор дафтару китобҳоям, либоси мактабиам сӯхтанд. Намедонам, акнун чӣ тавр ба мактаб меравам?!
Аз ин вазнинтар ҳолати оилаи Розиқовҳо буд. Ҳавлиро ба андозае оташ зада буданд, ки заррае имкони барқарор кардан надорад. Фиғону нолаи модари хонадон Мушаррафахон ба осмон дакка мехӯрд: — Шавҳарам чандин сол аст, ки дар Россия мардикорӣ мекунад. Бо умед барои фарзандону наберагон ҳавлӣ ва хонаву дар кардем. Аммо, шаби 29-уми апрел аз болои деворҳоямон гузашта, пеши назарамон хонаҳои бо сад азобу ранҷ бунёдкардаамонро оташ заданд. Бо яроқ таҳдидамон карданд, ки мекушанд. Аз тарси ҷон духтараки нав ҷарроҳишударо гирифта гурехтам. Бовар надоштам, ки қирғизҳо то ин дараҷа бераҳмона хонаҳоямонро оташ мезананд. Баъди ду рӯз омада аз ҳавлию дарамон нишоне наёфтам, ба ҷуз хокистар…
Бино ба нақли сокинон, мардуми қирғиз тайи 10-15 соли охир аст, ки муросо карда наметавонанд. То ин дам бо мардуми таҳҷоӣ дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳамсоягӣ кору зиндагӣ доштанд. Гуфтаҳои моро сокини дигари ин деҳа Комил Муъминов тақвият дод: — 35 сол аст дар ин деҳа зиндагӣ дорем. Аввалҳо ҳамдигарфаҳмӣ буд. Дар совхози «Иттифоқ» кор ва дар тӯю маъракаҳои якдигар иштирок мекардем. Лекин аз соли 2014 муносибатҳоямон сард шудан гирифт. Аниқтараш, аз болои деҳа канал ва роҳ кушоданду ба сарамон ҳазор балоро оварданд. Аз ин пас қирғизҳо бо ҳар баҳона бо мо ҷанҷолу хархаша ва ҳатто дастбагиребон мешуданд, ки охируламр кор ба хунрезӣ омад.
Шаби ҳодиса ман дар хона нишаста будам, ки якбора тирпарронӣ сар шуд. Борони тир аз болои сарамон мегузашт. 3 хонаи истиқоматиамро нобуд карданд. Бо 7 фарзанду 16 набера лолу ҳайрон мондем, ки минбаъд чӣ хел зиндагӣ кунем?!
Зимни суҳбат бо мардуми маҳаллаи офатзада маълум гардид, ки калонсолони қирғиз на танҳо худ, балки фарзандҳояшонро низ ба ҷанҷол фатво медодаанд:
- Вақте ки байни фарзандони мову қирғизҳо нофаҳмӣ мешавад, ба сарамон наъракашон меоянд, — гуфт сокини дигари деҳа Садриддин Саидов. — ҳарчанд фаҳмониданӣ мешавем, ки набояд байни бачаҳо дароем, баръакс онҳоро муросо диҳем, лекин гӯш кардан намехоҳанд. Ҳолатҳои нӯшидаву маст шуда омаданашон ҳам кам нест…
Ваҳму таҳлукаи ҷанги шаби 29-ум на танҳо хонаву дари мардумро сӯхту нобуд кард, балки дигар паёмадҳои аз ин ҳам вазнин дошт.
- Писарам Фарҳодро бо азоб ба ҳавлии нав кӯчонидем, — иброз дошт сокини деҳа Бибихон Бобоева. — Ман келинам Муқаддамхонро, ки дар арафаи таваллуд кардан буд, омада нигаҳбонӣ мекардам. Посе аз шаб писарам занг зада гуфт, ки гурезем. Чизе бо худ нагирифтем. Келинамро аз тарс дард гирифт. Чун ба таваллудхона овардем, баъди чанд муддат духтурон баромада гуфтанд, ки «келинатон сахт тарсида, тифлаш дар батн ҳалок шудааст…».
Асрор Шокиров, сокини деҳаи Хоҷаи аълои деҳоти «Чоркӯҳ» зимни суҳбат дигар бедодгарии мардуми қирғизро нақл кард: — 10 метр аз ҳавлии ман дуртар қирғизҳо зиндагӣ мекунанд. Аксар вақт масту аласт мегарданд. Чанд сол аст, ки мехоҳам поёни ҳавлиамро девор бардорам, то ки киштаҳоямро чорвояшон нобуд накунад, аммо бедодгариро бинед, ки дар ҳавлии қонунии худам девор бардоштан намегузоранд. Кам нестанд ҳолатҳое, ки милитсионерҳояшон омада, бо яроқ таҳдид мекунанд, ки девор накунам. Мо ҳайрон мешавем, ки онҳо тамоман шаҳрвандони дигар давлатанду ба ҳаёти мо дахолат мекунанд. Ҳатто масту аласт даъво карда мегӯянд, ки «гум шавед, ин ҷо замини мост». Мо то кай бояд ба ин тоқат кунем?!
Аз рӯи нақли сокинон, маълум мегардад, ки ҳарбиёни қирғиз дар задухӯрд на танҳо аз яроқи оташфишони муқаррарӣ, балки миномётҳо ҳам истифода кардаанд. Бино ба нақли Атҳамов Ҳисомиддин, сокини деҳаи Хоҷаи аъло, шаби 29-уми апрел чун тирпарронӣ оғоз шуд, зану фарзандонашро гирифта аз ҳавлиаш гурехтааст. Яке мебинад, ки оташи баланде болои ҳавлиаш фурӯзон шудааст:
- Ман ҷон ба саломат бурдаму аммо баъд фаҳмидам, ки ҳавлии моро бо миномёт ба нишон гирифта, оташборон карда будаанд, — гуфт ӯ. — Чун омада дидем, меҳнати 30 — солаам дар бунёди ҳавлӣ барбод рафтааст. Охир, 10 сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ базӯр маблағ ҷамъ кардам. Дар таҳхона барои ду сол захираи хӯрок монда будам. Ҳамааш сӯхтааст…
Аз таърих маълум аст, ки низои аввали мардуми қирғиз замони шӯравӣ, тобистони соли 1989 бо баҳонаи тақсимоти об рух дода буд. Он вақт роҳбари вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов омада, бо андаке гузашткунӣ оташи муноқишаро хомӯш кард. Аммо аз рӯи нақли ин ҷавонмард, мардуми қирғизи маҳал он вақт нияти аз ин ҳам бадтар доштаанд:
- Хуб дар хотир дорам, 13 июли соли 1989 рӯзи Иди қурбон буд. Қирғизҳо он вақт аҳд карда буданд, ки сокинони деҳаи Хоҷаи аълоро яксар қурбонӣ мекунанд. Аммо он вақт, ки Давлати Шӯравӣ вуҷуд дошт, армия аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон омада, қирғизҳои башӯромадаро пароканда кард.
Ана, аз ҳамон сол ҷанҷолу хархаша идома дорад. Ҳамин ки санги пойдевореро гузоштам, милисаҳои масташон омада даъво мекунанд, ки «ин ҷо замини мост, хона накунед». Охир то кай бо ин аҳвол зиндагӣ кардан мумкин аст?!
- Ман бо боварии комил мегӯям, ки 29-уми апрел ҷангро аввал қирғизҳо оғоз карданд, — изҳор медорад сокини дигари деҳаи Хоҷаи аъло Султон Салимов. - Аз поён бо милтиқу автомат баромаданду аз боло, ба фикрам, бо миномёт ҳавлиҳоямонро зери оташи тиру туфанг гирифтанд. Ана, дар натиҷа хонаҳоямон пурра сӯхтаву нобуд шуданд.
Дар ин радиф дарду алами дигар аз сокини деҳа Низом Шамсиев низ басо зӯр буд. Ӯ мегӯяд: — Дар урфият «ба некӣ бадӣ» гуфтаанд, ки рост будааст. Ба ҳамсояи қирғизам ман хатти об ва қувваи барқ додам. Лекин дере нагузашта, кӯрнамакӣ карда, хатти оби маро баст. Шаби 29 апрел бошад, ҳавлии ман зери оташфишонии қирғизҳо гирифта шуд. 11 ҳуҷраам нобуд шуд. Ҳисоб кардам, ба ҳавлии ман 16 снаряд афтодааст…
Рафтори қирғизҳоро бо ду ҳикмати мардумӣ хулоса кардан мумкин аст: якум, «ятими дарам ҳокими сарам шуд». Аниқтараш, аз таърих ба мо маълум аст ва инро бародарони қирғиз ҳам хуб медонанд, ки қирғизҳои шаҳри Исфара солҳои 50-уми қарни гузашта ба колхози собиқ «Правда» ҳамчун чӯпон мардикорӣ омадаанду тадриҷан муқимӣ шудаанд. Ҳоло бошад, даъвои хӯҷаинӣ мекунанд. Дуюм, андешаи ҳамсоягӣ, поси нону намаки роҳбарияти чӣ даврони шӯравию чӣ замони соҳибистиқлолӣ байти зеринро мемонад:
Ҳар киро додам зи иззат ҷой дар болои чашм,
Оқибат монанди абрӯ теғ бар рӯям кашид.
Мирзоаъзам Мақсудов,
«Садои мардум»