Ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Арҷмандӣ халқро аз ваҳдат аст

№69 (3706) 10.06.2017

«Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд».

Эмомалӣ Раҳмон

27 — уми июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, зеро дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ба шарофати ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ҳамдигарфаҳмӣ ва талошу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо истифода аз хиради азалии халқи бузургворамон мо тавонистем, ки мушт ба синаи пуркинаи бадхоҳони миллати тоҷик занем ва аз байн рафтани Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлолро пешгирӣ намоем.

Ҳамин тариқ, 20 сол қабл дар рӯзгори мо рӯйдоди фараҳбахш ба вуқӯъ пайваст, ки он гардиши куллӣ ва таҳаввули бунёдӣ дар давлатдориамон маҳсуб мешавад. Тавре таърихи тамаддуни инсонӣ гувоҳӣ медиҳад, дар кам давлати дунё муноқишаҳои дохилии таҳмилӣ бо сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ интиҳо ёфтаанд.

Имрӯз таҷрибаи сулҳофарии халқи мутамаддини мо, ки формулаи сулҳи тоҷикон эътироф шудааст, дар ҳалли мусолиматомези низоъ ва хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ падидаи нодир  ва намунаи ибрат маҳсуб меёбад.

Эътирофи кафили сулҳу ваҳдати миллӣ дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби халқи гавҳаршинос низ гувоҳи арҷгузорӣ ба ҷоннисориҳо ва дӯст доштани ин абармарди арсаи сиёсат мебошад. Ҷанги таҳмилие, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба вуқӯъ пайваста, ба мамлакат хисороти зиёде ворид намуд, маҳз бо ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами мо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фурӯ нишонида шуд.

Ба шарофати ваҳдати миллӣ Тоҷикис­тони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сазовор пайдо намуд. Ҳамкориҳои судманд бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони конфронси исломӣ, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ЮНЕСКО, Созмони Паймони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ғайра дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол менамояд.

Имрӯз кишвари моро зиёда аз 150 давлати дунё расман эътироф карда, се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила амалӣ мешаванд. Ҳамаи ин аз сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмию муттаҳидӣ  ва ваҳдати миллӣ маншаъ мегирад.

Биёед, ин идро сазовор истиқбол гирем ва минбаъд низ аз шаҳди рӯзгори босаодатамон ком ширин намоем:

Арҷмандӣ халқро аз ваҳдат аст,

Ваҳдати ин хонадон ояд ҳаме.

 Тоҳир ҒАФУРИЁН,

судяи Суди шаҳри Қӯрғонтеппа