Ба хотири арҷгузорӣ ба ҷашни 70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ба наздикӣ таҷлил гардид, ният кардам, ки ҳаёти сарбозӣ ва меҳнатии нафаре аз фарзандони хатлониро рӯи сафҳа биёрам. Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати навоҳии минтақаи Кӯлоб Мирзо Бекматов баъди воқиф шудан аз тасмимам бо оҳанги маҳзун гуфт:
- Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар минтақаи мо ҳамагӣ 184 нафар мондаанд. Чӣ ҳам мекардем, ки зиндагӣ ҳамин аст. Аксари онҳо бо заъфи пирӣ аз чашмони биною пойи равон монда, маризу бистарианд. Роҳи ҷангию меҳнатии ҳар яки онҳо лоиқи қадршиносӣ ва тавсифанд, аммо натиҷаҳои дар ду ҷабҳа шарафёбгаштаи раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Данғара Ғаюр Сафаров беназир аст. Биноан, бо мавсуф ҳамсуҳбат гардидем.
- Суҳбатамонро бо ибрози кадом андеша оғоз намуданиед?
- Вақте Президенти кишвар бинои хобгоҳи дуошёнаи таври замонавӣ бунёдёфтаро дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ба ихтиёри бачаҳои бепарастору камбизоат вогузор намуду ба бинои таълимии он санги асос гузошт, айёми талхи бачагиам пеши назар омад. Ман ва бародаронам Убайду Ҷамолиддин 85 сол қабл аз ҷумлаи аввалин бепарасторони ҳамин муассиса маҳсуб меёфтем. Дар синни панҷсолагӣ аз падару модар маҳрум гаштам. Бо бародарони худ дар ҳамин хонаи бачаҳо зери дасти мураббиҳои ғамхору бошафқат ва кумаки падарвори давлат ба камол расидем.
- Магар он вақт дар чунин синну сол ба хизмати ҳарбӣ даъват мекарданд?
- Баъди муроҷиату аризаҳои пай дар пай корманди комиссариати ҳарбӣ Исмат Убайдуллоев маслиҳат дод, ки дар аризаи худ соли таваллудамро на 1925, балки 1924 қайд намоям. Ҳамин тавр кардам ва 5-уми сентябри соли 1942 ба ҷанг рафтам. Аввалин даҳшати онро дар қатораи ба самти Воронеж ҳаракаткунанда дарк намудам. То ба нуқтаи таъиншуда нарасида, тайёраҳои ҷангии фашистон қатораи моро бомбаборон карданд. Аз ин ҳуҷум вагонҳои зиёде таркида, садҳо сарбозон туъмаи оташ шуданд. Бо мақсади эмин мондан бо бисёре аз ҳамяроқон худро аз қатораи оташгирифтаи дар ҳаракатбуда берун партофта, дар ҷангали канори роҳи оҳан паноҳ бурдем. Тани аксарамон ҳангоми худро ба берун партофтан шикастаю хуншор ва лат хӯрда буд. Шабро миёни дуду оташ ва дарди сахти захмҳои бардошта то ба субҳ расонидем. Дидани он манзара барои мо навсарбозон хеле даҳшатафкан буд. Ҷасадҳои зиёде канори роҳ мехобиданд ва нафари бахтбаргаштаеро дидем, ки вақти аз қатора ҷаҳидан бо шикам сари ишорасутуни нӯгтези роҳ бархӯрда, ишорасутун аз пушташ баромадааст.
Ҳамин тавр роҳи ҷангии ман аз остонаи шаҳри Воронеж оғоз гардид.
- Бароямон ҷолиб аст, ки ин роҳи душвору мудҳиш дар кадом қисмати собиқ ИҶШС ба анҷом расид?
- Баъди озод кардани шаҳри Воронеж маро ба Полки 153- юми дивизияи 52- юми Артиши 21-ум, ки ба он генерал-майор И. М. Чистяков сарварӣ мекард, гузарониданд. Хизмати ман дар ротаи дуюми полки мазкур ба сифати разведкачӣ сурат гирифт. Барои овардани «забон» чанд маротиба ба ақибгоҳи душман рафтем. Ба дивизияи мо муяссар шуд, ки Артиши 6-уми фелдмаршал Паулюсро муҳосира намояд. Имкон фароҳам омад, ки аввали соли 1943 шаҳри Сталинград озод карда шавад. Аввалин мукофоти ҷангӣ низ маҳз барои озод кардани ҳамин шаҳр насибам гашт.
Барои озод кардани шаҳри Белгород бо Сипосномаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР И. В. Сталин шарафёб шудам. Дар муҳорибаи Курск ба сифати тӯпчӣ иштирок намудам. Дар ин камонак на танҳо садди роҳи ҳуҷумҳои пай дар пайи душман, балки 5-уми августи соли 1943 ба дивизияи мо муяссар шуд, ки хати мудофиавии душманро рахна карда, ба ҳуҷум гузарем. Бегоҳии ҳамон рӯз ба муносибати ин дастоварди ҳарбӣ дар пойтахти кишвар — шаҳри Москва бори аввал тавассути тӯпҳо салют дода шуд.
Дарёи Великаяро убур карда, зодгоҳи А. С. Пушкин — деҳаи Михайловск ва даҳҳо деҳаҳои атрофи онро тавассути муҳорибаҳои шадид аз тасарруфи фашистон озод намудем. Дар яке аз ин муҳорибаҳои нобаробар сарбозони мо ярадору қисмашон ҳалок шуданд ва ман бошам, дар яке аз шифохонаҳои ҳарбии Латвия муолиҷа гирифта, боз ба ҷабҳа баргаштам. Барои ин муҳориба бо ордени «Шараф» дараҷаи III қадрдонӣ гаштам. Гирифтани мукофоти навбатӣ, яъне ордени «Шараф» дараҷаи II ба муҳорибаҳои шадиди соҳили дарёи Илза рост омад. Аслан фашистҳо дарёҳоро ҳамчун садди хуб истифода мебурданд. Маҳз ҳамин ҳолат буд, ки 25 августи соли 1944 ҳангоми убури дарёи Мяф аз пойи ростам сахт ярадор шудам ва дар беморхонаҳои ҳарбии шаҳрҳои Псков ва Ленинград табобат гирифта, ба Дивизияи 63- юми полки 192- юми тирандозӣ ба сифати пулемётчӣ аз нав сафарбар гаштам. Бегоҳии 20 феврали соли 1945, ҳангоми омодабошӣ ба ҳуҷуми навбатӣ дар назди шаҳри Рига, аз пойи чапам тавассути таркиши мина сахт ярадор шудам. Духтурони саҳроӣ аз ноилоҷӣ поямро аз зону поён буриданд ва дере нагузашта, пойи захминам варам карда, ба бемории гангрена (қарасон) гирифтор шуд. Барои аз марг халос шуданам ҷарроҳони беморхонаи саҳроии шаҳри Рига маҷбур шуданд, ки поямро аз зону боло ҷарроҳӣ намоянд.
Ҳамин тариқ, Иди Ғалабаро дар беморхонаи истгоҳи Канашаи вилояти Архангелск истиқбол гирифтам. Моҳи июни соли 1945, баъди табобати тӯлонӣ бо пойи сунъӣ ба зодгоҳам баргаштам.
- Дорандаи ду ордени ҷангии «Шараф»-ро дар зодгоҳ чӣ гуна пазироӣ намуданд?
- Ба деҳа баргашта, дидам, ки дар кулбаи хоксоронаи пешазҷангиамон каси дигар зиндагӣ мекунад. Вориди баҳс нашуда, бо кумаки додарам Ҷалолиддин зери тути канори кӯчаамон, бо усули сарбозӣ аз баргу буттаҳо ҷойи зист оростам. Сокинони деҳа аз шаҳид шудани наздикони хеш дар ҷанг ғамзада буданд. Ҳамин гурӯҳи мардум ба мо бародарон такягоҳ шуда, як муддат хӯрокамонро таъмин карданд.Миёни ин мардум муҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ, шодравон Шодӣ Тешаев аввалин шахсе буд, ки мани дардманди бехонумонро падарвор кумаку дастгирӣ намуд. Дар идораи рӯзнома ҷойи хобам оросту худамро ба вазифаи котиби масъул таъин кард. Ҳамин тавр, ҳаёти осоиштаи баъдиҷангии ман аз ҳамин рӯзномаи ноҳиявӣ шурӯъ шуд.
Дӯстони навам вазифаеро бароям пешниҳод намуданд ва гумон доштанд, ки ман бо пойи сунъиам ба он вазифа ҳеҷ гоҳ розӣ намешавам. Ғайричашмдошти ҳама розигии худро барои иҷрои вазифаи кайҳо холимондаи сарвари Хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара додам. Ҳамин тавр, сарсабзкунии 80 ҳазор гектар замини мансуби Хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғараро бо 12 нафар коргару як мошини куҳнаи таъмирталаб оғоз кардем. Беш аз 30 сол вазифаи мазкурро содиқона иҷро намудам.
- То ҷое ки дарк кардем, баъзе афрод хизматҳои ҷангию меҳнатии шуморо нодида мегирифтанд. Шоир Муҳаммад Ғоиб дар шеъри «Шермард», ки ба шумо бахшидааст, мегӯяд:
Чу шере бори мардиро кашида…
…Туӣ ҷонсахттар аз ҳар зарангат,
Ба мисли санг барҷояст нангат.
Чу роҳи ҷангалат буд роҳи ҷангат,
Асо гардам, асои пои лангат.
- Бале, буданд ин гуна афроди тангназари каҷбин, вале сад шукр, ки тангназарону ҳасадхӯрон ба мақсадашон нарасиданд. Аз ин амали нотавонбинон танҳо модари фарзандонам сахт азоби рӯҳӣ мекашид ва натиҷа ҳамин шуд, ки ӯ аз заҳри он дасисаву фишорҳо хеле бармаҳал тарки дунё кард. Зиндагӣ довари якрӯ ва ҳақбин аст. Дар ду ҷабҳаи зиндагии хеш, ки аз ҷангу меҳнат иборат аст, мисли сарбоз ҳама амру супориши Ватанро муқаддасу азиз донистам. Қавлам қатъист ва ба ин роҳи дар зиндагӣ интихобкардаи хеш то нафаси охир содиқ хоҳам монд.
- Рӯи ҳавлии хеш гузоштани нимпайкараи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР генералиссимус И. В. Сталинро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
-Ин Ғалабаи бузург маҳз бо сиёсату роҳнамоии ҳамин бузургмарди замон муяссарамон гардид. Иттиҳоди Шӯравиро низ бо қавму миллатҳои гуногунаш муттаҳид кард. Мо тоҷиконро дӯст медошт. Ягона Сарвари ИҶШС буд, ки ба миллати куҳанбунёди мо баҳои холисона дода, гуфта буд: «Тоҷикон халқи махсусанд. Онҳо на ӯзбеканду на қазоқу на қирғиз. Инҳо тоҷиконанд, аз ҳама халқи қадимтарини Осиёи Миёна!..». Пас чӣ гуна мешавад, ки мо — тоҷикон корномаҳои ин бузургмардро нодида гирем? Ҳафтод сол пеш барои Ватан ва Сталин нисфи баданамро аз даст додам ва то ин лаҳза маҳз дар ҳамин рӯҳия бо ифтихори дучанд кору зиндагӣ дорам.
Имрӯз тариқи воситаҳои ахбори омма мешунавам, ки як гурӯҳ ҷавононамон дар кишварҳои Сурияву Ироқ дар сафи бо ном «Давлати исломӣ» ба муқобили сохти конститутсионии ин давлатҳо ҷангида истодаанду аллакай як қисмашон ҳалок гаштаанд. Афсӯс мехӯрам, ки ҷавонони мо ба ин роҳи хато рафта, ҳамсару тифлакони маъсуми хешро зору ҳайрон мондаанд ва баъзеи онҳоро волидон пинҳонӣ ба майдони ҳарбу зарби як ҷанги бемаънию номаълуми дигар давлатҳо мебаранд. Аз фурсати мувофиқ истифода бурда, ин қабил ҷавонони фирефтаро даъват ва таъкид мекунам, ки ҳар чӣ зудтар тарки ин роҳи манфуру хато карда, баҳри хизмат ба миллату кишвари азизи хеш камари ҳиммат банданд.
Мусоҳиб Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»