Ҳар як амалашон намунаи ибрат аст

№22 (4284) 18.02.2021

soli_sahohi2020Ҳар қадар ки ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик мешавад, ҳамон андоза дар кишвар ободонию созандагӣ ­вусъат меёбад. Мардуми шаҳру деҳот ба муносибати ин санаи фархунда дар ободонии маҳалли зисташон, бунёди иншооти таъиноти гуногун саҳми бориз гирифта, мехоҳанд ин ҷашни муборакро бо туҳфаҳои муносиб, рӯи сурху сари баланд пешвоз гиранд.

Бо мақсади иншои мақола аз боби омодагиҳо ба ҷашн ва саҳми сокинони маҳалҳо дар ободонию созандагӣ дар шаҳри Турсунзода ба котиби матбуотии раиси шаҳр Фирӯз Холиқов тамос гириф­тем.

Номбурда бе ягон дудилагӣ тавсия дод, ки дар бораи сокинони деҳаи Ваҳдати деҳоти «Наво­бод» нависем. — Онҳо шоистаи ҳар гуна таърифу тавсифанд. Биёед ва бубинед, — гуфт ӯ.

Раиси кумитаи маҳаллаи деҳа Ваҳоб Ҳайитов моро пешвоз гирифта, пешниҳод кард, ки то маркази деҳа суҳбаткунон қадам занем.

Ӯ, ки зодаи ҳамин деҳа аст, солҳои зиёд дар хоҷагӣ вазифаҳои ҳисобчӣ ва бригадирро ба уҳда дошт. Ҳоло дар ду гектар замин хоҷагии деҳқонӣ ташкил намудааст. Солҳои 2000 — 2005 вазифаи ҷамъиятии раиси кумитаи маҳаллаи деҳаро ба зимма дошт. Соли 2015 аҳли деҳа ӯро якдилона боз ба ин вазифа интихоб карданд. Имомхатиби масҷиди панҷвақтаи деҳа, вакили Ҷамоати деҳоти «Навобод» мебошад…

Роҳи деҳа ва ҳатто гузарҳои алоҳидаи он тахту ҳамвор ва асфалтпӯш буд. Ростӣ, кам маҳали аҳолинишине дар деҳоти кишвар мавҷуд аст, ки тамоми гузару маҳаллааш ин гуна мумфаршу тозаю озода бошад.

Қад — қади роҳи калону дохили гузару маҳаллаҳои деҳаи Ваҳдат нуқтаҳои обрасонӣ шинонида шудаанд.

Баъди шиносоӣ бо корҳои ободонӣ дар деҳа суҳбатро дар маҳаллахона бо сокинон давом додан хостем.

- Деҳаи мо, ки қариб ду ҳазор аҳолӣ дорад, канортарин деҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи роҳи автомобилгарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Ӯзбекистон аст. Ҳамин мавқеи ҷуғрофии деҳа масъулияти сокинони онро бештар мекунад,- мегӯяд раис ва идома медиҳад: — Ҳар меҳмоне, ки ба ҷумҳурии мо аз ин гузаргоҳи сарҳадӣ ворид мешавад, таассуроти аввалинро дар бораи кишварамон аз деҳаи мо ҳосил мекунад. Бинобар ин, бо дарки масъулият, баробари ободии маҳаллаю гузар, мо ба тозаю озода нигоҳ доштани қитъаи роҳи ба мо вобаста низ кӯшида, онро зери назорати доимӣ қарор додаем.

Ин ҳама ободонӣ, ки мушоҳида кардед, бо кӯшишу ташаббус ва ширкати фаъолонаи сокинони деҳа сурат гирифтааст. Дар фаъолияти босамари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, дӯкону мағозаҳои хӯрокворӣ, нуқтаҳои дигари хизматрасонӣ, бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ нақши дастони ҳар сокини деҳа дида мешавад.

Дар бораи таъмини аҳолӣ бо оби тоза ва ҳамвору мумфарш кардани роҳҳои дохили деҳа мехоҳам махсусан ёдовар шавам. Бояд гуфт, ки аз наздикиҳои деҳа дарё убур намекунад. Солҳои зиёд аз надоштани оби тоза танқисӣ доштем. Сабабгори бо оби тоза таъмин шуданамон ҳамдеҳагон ҳастанд, ки чандин сол боз ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия ба кори сохтмон, мусофиркашонӣ, тиҷорат дар бозорҳо ва ғайра машғуланд.

Якчанд сол пеш аҳли деҳа тасмим гирифт, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи муайян маблағ ҷамъ карда, ба кумитаи маҳалла равон кунанд, то тавонем корҳои банақшагирифтаро амалӣ намоем. Ҳар сол аз деҳа ҳудуди 140 — 150 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Вобаста ба имкон онҳо маблағи муайянро ба корти хазинадорашон дар Федератсияи Россия — Зикрилло Хӯҷамов мегузаронанд. Ӯ баъди ҷамъ шудани маблағ онро ба хазинадори кумитаи маҳалла ирсол мекунад. Аз хусуси харҷи маблағ ҳисоботи кумитаи маҳалла пешниҳоди аҳли деҳа мешавад, то нофаҳмие пеш наояд.

Дар масъалаи бо оби нӯшокӣ таъмин шудани сокинон саҳми ҳамдеҳаамон Одилҷон Ҳакимов хеле зиёд аст. Ӯ, ки ибтидои солҳои навадум бо роҳхати Омӯзишгоҳи касбӣ — техникии № 59-и шаҳри Турсунзода барои идомаи таҳсил ба шаҳри Красноярски Федератсияи Россия рафта буд, баъди хатми донишкада ҳамон ҷо монд. Ҳоло роҳбарии ширкати серсоҳаро ба зимма дорад. Ҳамеша аз ниёзмандиҳои аҳли деҳа пурсон мешавад. Зимни яке аз суҳбатҳои телефонӣ дар бораи надоштани оби тозаи ошомиданӣ ҳарф задам. Дар кӯтоҳтарин муддат 5,5 ҳазор доллар фиристод. Аҳолии деҳаро ҷамъ карда, вазъро шарҳ додам. Тасмим гирифтем, ки оби чашмаҳои кӯҳсорро, ки дар масофаи беш аз панҷ километр дур воқеанд, ба деҳа расонем. Дигар муҳоҷирони меҳнатӣ низ маблағ фиристоданд.

Бо маблағи фиристодаи ҳамдеҳагон обро ба деҳа оварда, 36 нуқтаи обгирӣ дар кӯчаю гузарҳо шинонидем. Барои шахсони хизматнишондодаю маъюб қубури обро ба дохили ҳавлиҳояшон гузаронидем.

Сокини дигари деҳа Комилҷон Саидалиев, ки раиси як ширкати дигари серсоҳа дар Федератсияи Россия мебошад, вақте ки аз вазъи роҳҳои дохили деҳа хабардор шуд, барои хазинаи кумитаи маҳалла 10 ҳазор доллар равон кард. Бо ин маблағ ва ҳашари аҳли деҳа роҳҳои деҳаро мумфарш намудем.

Ин ду соҳибкори муваффақ ҳамеша аз ҳоли аҳли деҳа мепурсанд ва омодаи кумак мебошанд.

Ҳафт сол аст, ки дар арафаи идҳои Рамазон ва Қурбон муҳоҷирони меҳнатӣ ба шахсони камбизоат, маъюбон ва ниёзманд кумаки молиявӣ мерасонанд. Синфхонаҳои иловагии дар наз­ди мактаб бунёдшуда низ бо кумаки молиявии соҳибкорон ва аҳли деҳа қомат афрохтаанд.

Тавре дар оғоз гуфтам, деҳаи мо дар наздикии нуқтаи сарҳадӣ ва гузаргоҳи гумрукии Турсунзода воқеъ аст. Аз ин хотир, дар Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28 май — Рӯзи сарҳадбонон сарбозонро ба меҳмонӣ мехонем ё ба қисмҳои низомӣ рафта, дастархони идона меороем.

Мо, ҳамдеҳагон, якдигарро дар ҳар гуна вазъият дастгирӣ мекунем. Чанде пеш як ҳамдеҳаамон аз бемории саратони ҷигар вафот карду аз ӯ чор фарзанд монд. Барои онҳо аз дохили ҳавлии падарӣ ҳашт садяк замин ҷудо шуда будааст. Дар як гӯшаи он барои аҳли оилааш бинои иборат аз ду ҳуҷраи истиқоматӣ сохтем. Бо пайдо шудани имконият биноҳои дигари истиқоматию ёрирасон низ хоҳем сохт.

Бемории сироятии коронавирус ба ҳама соҳа таъсир расонид. Бо мақсади кам кардани таъсири он мо аз ҳисоби маблағҳои дарихтиёрдош­та, бо истифода аз техникаи махсус, дар роҳу гузарҳои деҳа шаш маротиба бо маводи антисептикӣ чорабиниҳои безараргардонӣ анҷом додем. Сокинон бошанд, даруни ҳавлию хонаҳояшонро мустақилона бо ин гуна маҳлул коркард намуданд.

- Кумитаи маҳаллаи деҳаи Ваҳдат, ки аз 8 аъзо иборат аст, хеле фаъол мебошад. Аз ҷумлаи аъзои кумита шаш нафарро бонувон ташкил медиҳанд,- ба суҳбат ҳамроҳ мешавад котиби матбуотии раиси шаҳр, ки моро ҳамроҳӣ мекард. — Чунин фаъол будани бонувонро ман дар ягон деҳаи дигари шаҳрамон надидаам. Чандин маротиба ба ин деҳа омада, иштироки занону духтаронро дар чорабиниҳо ба чашми сар мушоҳида кардаам. Махсусан, ҷашни Наврӯз дар ин ҷо басо хотирмон доир мешавад. Одатан, аҳли деҳа дар ин рӯз аввал натиҷаҳои солро ҷамъбаст менамоянд. Онҳое, ки дар давоми сол фаъолтар буданд, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд. Сипас, қисмати тантанавӣ оғоз меёбад. Гурӯҳи фолклории навтаъсиси деҳа ва ҳунармандони даъватшуда бо барномаҳои рангин хотири тамошобинонро болида мегардонанд. Баъди анҷоми он хурду калони деҳ гирди хони наврӯзӣ ҷамъ меоянд.

Дар деҳа ҳунари қадимаи гилембофӣ аз нав эҳё шудааст. Гурӯҳи духтарону бонувон баъди омӯзиши кӯтоҳмуддат ҳоло баҳри зинда нигоҳ доштани ин ҳунар ба кор шурӯъ намудаанд, ки аз ҷумлаи иқдомоти беҳтаринест дар доираи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ».

- Дарвозаи деҳаро низ бо усули меъмории анъанавии миллӣ бунёд хоҳем кард, — мегӯяд раиси кумитаи маҳалла.

Аз суҳбат бо ӯ, ҳамчунин, маълум гардид, ки аҳли деҳа ба майдони футболбозии ҳозиразамон ниёз доранд. — Соли 1984 ба раиси хоҷагии ба номи Калинин, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Кенҷа Назиров (рӯҳаш шод бод) бо мақсади ҷудо кардани замин барои варзишгоҳ муроҷиат намудем. Раис аз қисмати заминҳои лалмии хоҷагӣ, ки он ҷо танҳо гандум кишта мешуд, 0,80 гектар ҷудо карданд, — изҳор дошт раис.

- Ҳоло аҳли деҳа онро ҳамчун майдони футбол истифода мекунанд. Бояд гӯям, ки дар миёни сокинон дӯстдорони ин намуди варзиш хеле зиёданд. Банда низ, ки синнам ба 56 расидааст, аз ин бозӣ дил канда наметавонам ва якҷо бо ҷавонон футбол бозӣ мекунам. Чандин маротиба ба мақомоти дахлдор муроҷиат намуда, хоҳиш кардем, ки ин қитъаи заминро аз ҳисоби заминҳои хоҷагӣ бароварда, ба ихтиёри мо, сокинони деҳа, диҳанд. Дар сурати дастгирӣ ёфтани муроҷиат сокинони деҳа омодаанд аз ҳисоби худ ва соҳибкорони ватандӯст дар ин ҷо варзишгоҳи замонавӣ бунёд намоянд, ки заминаи мусоиде хоҳад буд барои тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солим.

Дар ин мақола кӯшидам зиндагии сокинони як гӯшаи Ватани маҳбубро, ки бо азми қавӣ ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии кишвар иқдомҳои пешанамудаи бунёдкоронаро амалӣ намуда, деҳаи азизашонро ба як гӯшаи зебои диёр табдил додаанд, ба қалам диҳам. Бовар дорам, ки амалҳои анҷомдодаи сокинони деҳаи Ваҳдати деҳоти «Навобод»-и шаҳри Турсунзода намунаи ибрат хоҳад шуд.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»