Роҳбарияти Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1» мақолаи «Ҳаракати нақлиёти мусофиркаш ба низом меояд, агар…»-ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» (аз 12 апрели соли 2016, №48) чоп шудааст, дар ҷаласаи умумии кормандон бо иштироки ронандагон 18 апрели соли 2016 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Бояд гуфт, ки тибқи нақша — чорабиниҳои корхона оид батанзимдарории фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар хатсайрҳои ба корхона вобасташуда навбатдорӣ ташкил гардид ва раванди хизматрасонии нақлиётӣ зери назорат қарор дорад.
Вақтҳои охир аз сабаби зиёд шудани воситаҳои нақлиёти сабукрави ғайриқонунӣ фаъолияткунанда дар кӯчаҳои Н. Қарабоев, И. Сомонӣ ва хиёбони Рӯдакӣ фаъолияти автобусҳои хатсайри №18 ғайриимкон гашт ва ронандагон наметавонистанд хароҷоти рӯзонаи автобусҳоро пӯшонанд.
Аз ин рӯ, бо супориши раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи назоратӣ, ки 28 марти соли ҷорӣ баргузор гардид, панҷ гурӯҳи муштараки рейдӣ, аз ҳисоби кормандони Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ва корхонаю ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ ташкил шуд, ки баҳри аз байн бурдани фаъолияти ғайриқонунии воситаҳои нақлиёти сабукрав дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе кор бурда истодаанд.
Барои ба камбудиҳо роҳ додан нисбат ба масъулини корхона чораҳои интизомӣ андешида, ҳамзамон супориш дода шуд, ки ҳар рӯз дар хатсайри автобуси №18 на кам аз 12 адад автобусро сафарбар намоянд ва баҳри ислоҳи камбудиҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Роҳбарият ва кормандони Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1» тамоми чораҳоро меандешанд, то ки фаъолияти нақлиёти мусофирбар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Ғ. ИСКАНДАРОВ, директори ККВД «Автобус- 1»