вале масъулони ноҳияи Файзободро парвое нест
Дар урфият мегӯянд, ки «тозагӣ гарави саломатист», аммо дар ноҳияи Файзобод ба ин шиор бетафовутӣ зоҳир мекунанд.
Ҳамин ки ба маркази ноҳия сафар кардед, ба димоғатон бӯи ғализи партови пӯсида меояд. Дар паси идораҳои раёсати кишоварзӣ, шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф ғарами ахлотпораҳою партовро мебинед.
Ҳамарӯза аз назди ғарами партов кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист, идораи санитарию эпидемиологӣ ва хоҷагии коммуналии ноҳия мегузаранд. Магар ба димоғи онҳо бӯи ғализи партовҳои кӯҳмонанд намерасида бошад? Чунин аҳволи тоқатфарсо дар паси бозори «Истиқлолият»-и шаҳраки «30-солагии Истиқлолият» низ мушоҳида мешавад.
Рӯзҳои якшанбе аз гӯшаю канори кишвар савдогарон, тоҷирон ва иҷоракорон маҳсулоташонро вориди бозори «Истиқлолият» мекунанд. Ҳамин ки рӯзи кории бозор ба охир расид, онҳо пасмондаҳои маҳсулоти кишоварзиро дар паси бозор мепартоянд.
Ҳамчунин, партовро дида, гаштугузори сагҳои дайду дар атрофи бозор ва ҳатто назди дӯконҳои хӯрокпазӣ бештар шудааст. Дар ин бора борҳо бонги изтироб зада бошем ҳам, аммо пинаки масъулини таъмини санитарию эпидемиологии ноҳия ва бозор вайрон нашуд.
Ҳамзамон, дар масофаи 500 метр дуртар бозори чорво ҷойгир буда, аз назди он дарёчаи «Ашӯр» мегузарад. Поёнтари дарёча рӯди «Ғозӣ» ба самти шаҳраки Обигарм ҳаракат мекунад. Дар қисмати поёнии бозори чорво низ ғарами ахлоту партовҳо кӯҳ барин хобидааст. Илова бар ин, масъулини ин бозор, соҳибони гову мол ва харидорону савдогарон саргини гову молро ба дарёчаи «Ашӯр» мепартоянд, ки дар натиҷа об ифлос шуда, ба саломатии мардуми поёноб хатар эҷод мекунад. Чунин аҳвол, мутаассифона, моҳҳо боз идома дорад, вале чаро камбудиҳои ҷойдоштаро касе дидан ва рафъ кардан намехоҳад?
Ҳокими САФАР,
ноҳияи Файзобод