Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Ғарами партов ба кӯҳ табдил меёбад…»

№34 (4774) 15.03.2024

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод мақолаи рӯзноманигор Ҳокими Сафарро бо номи «Ғарами партов ба кӯҳ табдил меёбад», ки дар шумораи №13 (4753) рӯзномаи «Садои мардум» аз 26 январи соли 2024 рӯйи чоп омадааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Вобаста ба масоили мазкур иттилоъ медиҳем, ки аз тарафи маъмурияти маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия пайваста бо аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба пешгирӣ, пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, осебгирӣ аз сагҳои бесоҳиб ва партовҷойҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешавад. Инчунин, ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот барои несту нобуд намудани сагҳои дайду ва баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ҳамасола пешниҳоди санитарӣ ирсол мегардад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар дохили КВД «Бозори Истиқлол», воқеъ дар деҳаи Мискинобод ҳафтае як маротиба — рӯзҳои якшанбе соҳибкорон аз шаҳру ноҳияҳои гирду атроф ба фурӯши маҳсулоти омехта машғул мебошанд. Нисбати дӯкондорҳое, ки ба ном «ошхона» барпо кардаанд, аз тарафи кормандони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия чорабиниҳои маъмурӣ андешида шуда, ба маъмурияти бозори номбурда пешниҳоди санитарӣ дода шуд.

Марказ ба нуҳ ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия, хусусан ҷамоатҳои шаҳраки Файзобод ва «30-солагии Истиқлол», барои андешидани чораҳои муассир вобаста ба камбудиҳое, ки муаллиф дарҷ намудааст, амрномаҳо пешниҳод кард, ки дар муҳлати муқарраргардида аз масъулини ҷамоатҳо иҷрои корҳо талаб карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки ҳар ҳафта дар маҷлисҳои назоратии назди раиси ноҳия ин масъала мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия масъалаи мазкурро зери назорати доимӣ қарор дода, баҳри ҳар чӣ зудтар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои таъхирнопазир меандешад.

Ҷ. КАРИМЗОДА,

муовини раиси ноҳияи Файзобод