Армуғонҳои мондагори меъмор

№21 (4441) 15.02.2022

парл 1Бинои нави парламенти мамлакат, ки айни ҳол сохтмони он дар маркази шаҳри Душанбе бомаром идома дорад, бешубҳа, ояндаи наздик яке аз зеботаринҳо мегардад.

«Он намои хубу назаррабо дошта, инъикоскунандаи рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Меъмории қасрҳои тоҷикӣ ва шарқӣ бо ороишоти даврашакл ва нақшу нигори хоса фарқ мекунад. Лоиҳаи эҷоднамудаи мо анъанаҳои санъати меъмории аҷдоди гузаштаамонро дар бар мегирад. Намо ва даруни маҷмӯа бо ранги сафед ва тобиши ҷилодор оро дода мешавад, чунки ранги сафед дар шаҳрофарии аҷдодамон васеъ истифода бурда мешуд. Ин ранг хушбахтӣ, некуаҳволӣ, садоқатмандӣ, шарафмандиро таҷассум мекунад». Ин суханони муаллифи тарҳи бинои парламент Сироҷиддин Зуҳуриддинов аст, ки мутаассифона, умр ба ӯ вафо накард ва натавонист маҳсули фикру эҷодашро дар амал бинад.

Аслан, ӯ ба муаррифии зиёд ҳоҷат надорад, зеро барои аксар сокинони мамлакат шинос аст. Сироҷиддин воқеан яке аз меъморони варзидаю эҷодкори асилу дӯстдори воқеии Ватан буд.

Дар оилаи Зуҳуриддиновҳо аксар меъмору бинокоранд. Бародарон Ҳамроқул, Баҳоваддин ва Сироҷиддин Зуҳуриддиновҳо меъморони соҳибтахассус мебошанд ва дар бунёду ороиши биноҳои хуштарҳу замонавии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Онҳо зимни таҳияи лоиҳаҳо хусусиятҳои миллии биносозӣ ва шаҳрофариро пурра ба назар гирифтанд. Чунончӣ, бахшида ба ҷашни 1100 — солагии давлати Сомониён офаридани маҷмааи Исмоили Сомонӣ ба зиммаи ин бародарон гузошта шуд, ки бо сарбаландӣ онро тарҳрезӣ намуданд ва он ба ҳусни пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе таровати нав бахшид.

Сироҷиддин Зуҳуриддинов Мактаб — интернати бачаҳои болаёқати шаҳраки Калинин (ҳоло шаҳраки Меҳробод)-и шаҳри Душанберо соли 1969 бо баҳои аъло тамом намуда, бо меҳри беандоза ба Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикис­тон ба номи академик М. Осимӣ) дохил шуда, онро соли 1974 бо ихтисоси меъмор хатм намуд ва бо роҳхат ба Институти лоиҳакашии «Душанбегипрогор» ба кор омад.

Вуҷуди Сироҷиддинро, ки муҳаб­бат ба бунёдкорию созандагӣ, офаридани лоиҳаи биноҳои зебои такрорнашаванда фаро гирифта буд, ба кор бо дили гарму шавқи фаровон оғоз намуда, аз меъмор то ба вазифаи директори пажӯҳишгоҳ расид. Солҳои 1995-1997 Сироҷиддин дар вазифаи сармеъмори шаҳр кор кардааст. Соли 1999 ӯро узви вобастаи Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Сироҷиддин Зуҳуриддинов аз соли 2015 то охири умр сармеъмори лоиҳаҳои Академияи меъморӣ ва директори устохонаи эҷодии академия, солҳои 1995 — 1996, 2014 — 2019 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буд.

парл 2Ӯ бо самимияти хоса барои ­зебоии пойтахти мамлакат асарҳои нави меъмориро эҷод намуд.

Дар давоми фаъолият ӯ роҳбарии як қатор лоиҳаҳои намоёни ҷумҳурӣ, аз ҷумла маҳаллаи 83 — юми шаҳри Душанбе, Осоишгоҳи ­«Пуг­ус» — и дараи Варзоб, дарвозаи шарқии пойтахт, толори қабули меҳмонон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Қасри ҷавонон ва маркази соҳибкорӣ дар кӯчаи М. Турсунзодаи пойтахт, Маҷмааи савдои «Ёқут — 2000», Маҷмааи савдои «Пойтахт — 90», Боғи умумишаҳрӣ, Боғи устод Рӯдакӣ бо маҷмааи устод, мутобиқгардонии «Масҷиди калон» ва садҳо лоиҳаи дигарро ба уҳда дошт. Ҳоло ин иншоот намунаи меъмории беҳтарини шаҳр ба ҳисоб мераванд. Чунончӣ, Боғи устод Рӯдакӣ дастагулест дар маркази шаҳр ва диққати ҳар бинандаро ҷалб мекунад. Зимни ҷашнгирии 80 — солагии пойтахти кишвар меҳмонони шаҳри Бишкек аз тамошои Душанбе ба ваҷд омада, гуфтанд: «Шаҳрофариро шаҳрдорони мо бояд, аз шаҳрофарони Душанбе омӯзанд».

Ҳангоми бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сироҷиддин Зуҳуриддинов суҳбат намуда, супориш доданд, ки хусусиятҳои миллии китобхонадории шарқиро дар лоиҳа ҷой диҳад. Ин дастури Сарвари давлат дар лоиҳа таҷассум ёфт ва ҳоло Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи зеботарин биноҳо буда, ба маркази илму фарҳанг табдил ёфтааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сироҷиддин Зуҳуриддинов бо ордени «Шараф» дараҷаи 2-юм қадрдонӣ шудааст. Гарчанде дар миёни мо нест, вале офаридаҳояш — биноҳои хуштарҳу хушнамо ҳамеша дар пеши чашм ҷилвагар буда, номи некаш дар қалбҳо ҷой дорад.

А. ҲАКИМОВ,

мушовири раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон»,

Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»