Армуғони арзандаи идона

№70 (4653) 26.05.2023

Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардум барои ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат сарҷамъона омодагӣ мегиранд. Ба хотири истиқболи сазовор аз ин санаи фархунда дар ноҳияи Рашт низ корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд.

Муовини раиси ноҳияи Рашт Ҳамдулло Шарифзода гуфт, ки бо ҷалби аҳолӣ ва соҳибкорону сармоягузорон ба истифода додани 203 иншооти таъиноти гуногун дар самти сохтмон ва меъморӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора 145 адади он ки 72 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, аз ҷониби бахши хусусӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2022 дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ ва дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз 64 иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шуда буд.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»