Мужда

Армуғони идона

№132 (3117) 17.10.2013

обложка журналДар арафаи Рӯзи кинои тоҷик нахустин шумораи маҷаллаи илмӣ-оммавӣ ва бадеиву публитсистии «Кино» ба дасти хонандагон расид.

Солиёни зиёд боз ходимони кино ва мухлисони филмҳои ҳунарӣ дар орзуи чунин як маҷалла буданд. Танҳо дар даврони Истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид, ки соҳиби чунин як маҷаллаи зебову хонданӣ шавем.

Маҷалла бо дастгирии раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов, директори генералии КВД-и кино ва видеои «Тоҷиккино» Давлат Сафаров ва сармуҳаррири он Шоҳҷон Абдурасулов рӯйи чоп омад.

Хонандагон метавонанд тавассути маҷаллаи «Кино» аз дастовардҳои кинои тоҷик ва кинои ҷаҳонӣ маълумот пайдо намоянд.

Т. НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»