Армуғони идона

№111 (3412) 19.08.2015

Городская ума палата
Дар доираи татби
қи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе соли равон ба ифтихори 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи беш аз як миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои молиявии буҷетӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Аз ҷумла феҳристи корхонаҳои нави саноатӣ ва фондҳои асосиро ҶДММ «ПЭТ полиэтил-тестилат проформ» оид ба истеҳсоли зарфҳои пластикӣ, обҳои минералӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан бо иқтидори истеҳсолии 18 ҳазор зарфҳои пластикӣ ва 20 ҳазор литр дар як соат бо 600 ҷойи нави кори доимӣ, сехи дӯзандагӣ дар заминаи ҶДММ Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» оид ба истеҳсоли сарулибоси мактабӣ бо иқтидори 24 ҳазор дона костюми писарона ва 60 ҳазор дона либоси духтарона дар як сол бо 270 ҷойи нави кори доимӣ, коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ барои 200 ҷойи кори доимӣ дар заминаи Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт», ҶДММ «Грин-Фудс» бо иқтидори истеҳсоли се тонна нон, 24 тонна макарон ва шаш ҳазор литр равғани растанӣ дар зарфҳои пластикӣ дар як шабонарӯз бо 100 ҷойи нави кори доимӣ ва ҶДММ «Ҳалима-2015» бо иқтидори истеҳсолии 25 ҳазор баста рӯҷои хоб ва 10 ҳазор хилъати тиббӣ дар як моҳ бо 100 ҷойи нави кори доимӣ, 21 майдончаи муосири варзишӣ бо масоҳати умумии беш аз 27,6 ҳазор м2, ду бинои истиқоматии  дувоздаҳошёна, як даҳошёна, ҳашт нуҳошёна, як панҷошёна бо масоҳати умумии 41,8 ҳазор м2 ва 3,14 км азнавсозии роҳҳо дар пойтахти кишвар ташкил доданд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни сохтмон ва мавриди истифода қарор додани фондҳои асосӣ мутаносибан 1555 нафар соҳиби ҷойи кори муваққатӣ ва 1688 нафар соҳиби ҷойи нави кори доимӣ мешаванд.

Ҳамзамон ба ин муносибат даҳ корхонаи хурди саноатӣ низ оид ба истеҳсоли маҳсулоти чопию сохтмонӣ ва маишӣ бо 150 ҷойи нави корӣ ба истифода дода мешавад.

Дар арафаи Рӯзи  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 23 корхонаи саноатӣ бо 331 ҷойи нави кори доимӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Инчунин ҷойи таъкид аст, ки дар нимсолаи аввали соли 2015 бахшида ба  24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди соҳаи маориф сохтмони шаш боғчаҳои замонавии хусусӣ  бо 860 кати хоб ва дар ошёнаҳои ибтидоии шаш комплексу биноҳои баландошёнаи истиқоматии бунёдшаванда марказҳои тарбиявии бачагонаи томактабӣ ва боғчаҳои бачагона барои 427 кӯдак идома дорад.

Ш. САИДОВ