Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини минтақаи Рашт бо неруи барқ тадбирҳои судманд андешида, дар баробари иқтидорҳои мавҷуда, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ 7 неругоҳи барқи обӣ бунёд, хатҳои барқу зеристгоҳ таъмир гардиданд.
Роҳбари техникии қитъаи Рашт Фазлиддин Раҳмонбердиев гуфт, ки тайи ду соли охир бо харҷи 6 миллион сомонӣ таъмиру барқарорсозӣ иҷро шуда, ин раванд идома дорад. Феълан ба ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Сангвор дар як шабонарӯз 614 ҳазор киловатт-соат неруи барқ дода мешавад.
Мутаассифона, пардохти ҳаққи истифодаи барқ дар ноҳияҳои зикршуда ташвишовар аст. Аз ҷумла, то 1 апрели соли равон бақияи қарзи барқи аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳои ноҳияи Лахш 15 миллиону 493 ҳазор сомонӣ, Тоҷикобод — 10 миллиону 220 ҳазор, Рашт — 21 миллиону 963 ҳазор, Нуробод — беш аз миллион ва дар маҷмӯъ 51 миллион сомониро ташкил дода, рӯ ба афзоиш аст.
Барои сари вақт пардохт намудани барқи истифодашуда дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод ниҳодҳои дахлдори соҳаро зарур аст, ки фаъолиятро тавсеа бахшанд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»