Қарзе, ки рӯ ба афзоиш аст

№109 (4371) 02.09.2021

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои таъмини минтақаи Рашт бо неруи барқ тадбирҳои судманд андешида, дар баробари иқтидорҳои мавҷуда, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ 7 неругоҳи барқи обӣ бунёд, хатҳои барқу зеристгоҳ таъмир гардиданд.

Роҳбари техникии қитъаи Рашт Фазлиддин Раҳмонбердиев гуфт, ки тайи ду соли охир бо харҷи 6 миллион сомонӣ таъмиру барқарорсозӣ иҷро шуда, ин раванд идома дорад. Феълан ба ноҳияҳои Лахш, Тоҷик­обод, Рашт, Нуробод ва Сангвор дар як шабонарӯз 614 ҳазор киловатт-соат неруи барқ дода мешавад.

Мутаассифона, пардохти ҳаққи истифодаи барқ дар ноҳия­ҳои зикршуда ташвишовар аст. Аз ҷумла, то 1 апрели соли равон бақияи қарзи барқи аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳои ноҳияи Лахш 15 миллиону 493 ҳазор сомонӣ, Тоҷикобод — 10 миллиону 220 ҳазор, Рашт — 21 миллиону 963 ҳазор, Нуробод — беш аз миллион ва дар маҷмӯъ 51 миллион сомониро ташкил дода, рӯ ба афзоиш аст.

Барои сари вақт пардохт намудани барқи истифодашуда дар ноҳия­ҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод ниҳодҳои дахлдори соҳаро зарур аст, ки фаъолиятро тавсеа бахшанд.

Диловари МИРЗО,

 «Садои мардум»