Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд дар рӯзи нахустин нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳарбиро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро намуданд. Бино ба қавли Бузургмеҳр Умаров — сардори комиссариати ҳарбии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, мутобиқи нақшаи пешбинишуда дар даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ аз ноҳия 26 нафар сафарбар шудаанд.
Ба ин муносибат дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, — шаҳраки Меҳрон чорабинии идона бо ҳузури волидайни наваскарон барпо шуд.Муҳаммадҷобир Раҷабзода — раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ифтихор ва шараф барои ҳар фарди бонангу номус хонда, наваскаронро даъват кард, ки бо сари баланд ва номи нек ин рисолатро анҷом диҳанд.
Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»