Камина соли 2000-ум, баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ба ҳайси табиби оилавӣ (духтури кӯдакон) дар маркази саломатии шаҳрии № 1-и шаҳри Душанбе то соли 2010 фаъолият карда ва аз он сол то бемор шудану аз по афтоданам дар маркази саломатии шаҳрии № 2-и шаҳри Кӯлоб дар вазифаи мудири шуъбаи кӯдакон ифои вазифа намудам.
Бо ҳукми сарнавишт 12 июли соли 2023 ба дарди сахти по гирифтор шудаву якбора аз роҳравӣ монда, бо ташхиси тромбоэмболияи шадиди шараёнҳои соқи зери зонуи ҳар ду по аз ҳар ду тараф бо тромбози боло ва поёнраванда дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Душанбе то 8-уми августи соли 2023 бистарӣ гардидам.
Дар ин муддат барои наҷотам табибони марказ талошҳои бисёр карда, чор дафъа ҷарроҳӣ шудам, ки рафти ҳар ҷарроҳӣ 5-6 соат тӯл мекашид. Дар натиҷа, пойи чапамро наҷот дода нашуд ва аз сатҳи зону поён (ампутатсия) бурида шуд ва акнун маъюби гурӯҳи 1 ҳастам. Миннат нашавад, умре дар хизмати мардуми ниёзманд қарор дошта, ҳаргиз интизори он набудам, ки рӯзе мерасаду худ ба хизмату шафқати дигарон муҳтоҷ мегардам. Бо хости Худо расо як сол буд, ки дар хонаам бе як по аз ҷо бархоста наметавонистам, вале ҳеҷ вақт иродаамро суст нагирифта, ба раҳмати Парвардигор бовар доштам.
Шукри файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромӣ ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ беш аз пеш равнақ ёфта истодааст.
Бо ҷаҳоне умедворӣ чанде пеш барои пои сунъӣ (протез) гирифтан ба Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе» муроҷиат кардам. Дар муддати кӯтоҳ мутахассисони баландихтисос бо муносибати тасаллобахши хос бароям пои сунъӣ сохтанд ва барои омӯзонидани бо он роҳ гаштан маро он ҷо бистарӣ карданд. Дар ин корхона, аз роҳбар то табибу корманди қаторӣ, ҳамаро меҳрубон дидам. Ду ҳафта нагузашта, бо шукргузорӣ аз Худо ва мадади табибони ин корхона, пас аз бемории тӯлонӣ бо рӯҳияи хеле баланд ва умеди дубора ба фардо худро дигар он зан – модар ва табиби бе по намебинам. Ҳоло бо ёрии асо бошад ҳам, роҳ мегардам. Шукргузор ва шод аз он ҳастам, ки ба корхонаи мазкур бо як по омадаму аз он ҷо бо ду по баромадам.
Бинобар ин, бисёр мехоҳам арзи сипоси худ ва дигар маъюбони ҳамтақдирамро, ки бо ҳам бистарӣ будем, бо истифода аз минбари баланди Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Садои мардум» ба Шерхон Каримов, директори генералии Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе», табибон Саидхон Шеров ва Зубайдулло Исломов, инчунин, ба пизишкону кормандони корхона, ки хеле мутахассисони хуб ва инсонҳои ҳалиму ғамхор ҳастанду дар табобат саҳм гузоштанд, баён намоям.
Бо эҳтиром,
Ёдгорова Зулфия Шоҳмузаффаровна,
сокини шаҳри Кӯлоб