Қарзи зиёд ва техникаҳои фарсуда.

№56 (4318) 27.04.2021

Ё мушкилоти иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб кай ҳал мешавад?

davНорасоии оби полезӣ, сари вақт тоза накардани заҳбуру заҳкашҳо аз мушкилотест, ки ҳар сол дар фаслҳои баҳору тобистон кишоварзону хоҷагидорони минтақаи Кӯлобро ба ташвиш меорад. Сабаб чист?

Сардори Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб Амирхон Маҳсуддинов, гуфт, ки дарвоқеъ, мушкилоти норасогии оби полезӣ дар минтақа вуҷуд дорад, ки дар он айби роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзон мебошад. Зеро ҳаққи истифодаи оби полезиро пардохт намекунанд. Ҳоло дар минтақа қисми зиёди хоҷагидорон дар назди Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб миллионҳо сомонӣ қарздоранд. Чунин ҳолат боис ба афзоиши бақияпулиҳои андоз ва барқ гардидааст. Феълан дар минтақа ду обанбор мавҷуд мебошад. Соли сипаришуда ба кишоварзону хоҷагидорон ба маблағи 430 млн. 236 ҳазор сомонӣ оби полезӣ расонида шуд.

davХоҷагии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлобро метавон мисол овард, ки дар назди Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрӣ миллионҳо сомонӣ қарздор аст. Ба ҳамин монанд, зиёданд хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзон, ки қарзи калон доранд.

Техникаҳои зангхӯрдаю корношоями иттиҳодия аз мушкилоти дигари соҳа буда, кормандони ниҳодро ба ташвиш овардааст. А. Маҳсуддинов гуфт, ки ҳоло дар тавозуни Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб 71 техника мавҷуд мебошад, ки аз он 37-то фаъол буда, боқимонда корношояманд.

Ҳангоми боздид маълум гардид, ки аз хунукназарии масъулин техникаҳо дар ҳолати бад қарор доранд.

davСоли 2020 Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб бо хоҷагидорону кишоварзони шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Ховалинг, Данғара ва Балҷувон шартнома баст, ки масоҳати заминҳои обёрикунанда 62 ҳазору 716 гектарро ташкил медиҳад. Дар мувозинаи корхона 184 пойгоҳ ва дастгоҳи обкашӣ мавҷуданд, ки соли гузашта 49 адади он аз таъмир бароварда шуд.

Иттиҳодия аз Шабакаҳои барқ 10 миллиону 206 ҳазор сомонӣ ва нозироти андоз 2 миллиону 618 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад. Соли сипаришуда 629 ҳазор сомонӣ қарзи истифодаи қувваи барқ ва 616 ҳазор сомонӣ қарзи андоз пардохт гардид.

Оё метавон бо чунин ҳолати молиявӣ ва техникаҳои фарсуда, рисолатро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро кард?

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»