24-уми июни соли равон бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои илмӣ-таҳлилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мавзуи «Тоҷикистон — Чин: ҳолат ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав» конфронси илмӣ баргузор гардид.
Чорабиниро директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ бахшида, изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсоякишвари бузург ва яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодию фарҳангии байни ҳар ду кишвари ба ҳам дӯст даҳсолаҳои охир беш аз пеш густурда ва қавитару мустаҳкамтар шудааст. Бо сармоягузории Чин дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои бузургу хурди саноатӣ ва иншооти ҳаётан муҳим бунёд гардида, фаъолияти назаррас доранд.
Чорабинӣ дар ду бахш: «Тоҷикистон ва Чин: имкониятҳо ва афзалиятҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ» ва «Муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва гуманитарӣ: афзалиятҳо ва самтҳои рушд» ҷараён гирифта, дар онҳо масъалаҳои рушди ҳамкории сиёсӣ ва эътимоди мутақобила байни Тоҷикистону Чин дар замони муосир, вазъи ҳамкории дуҷониба ва дурнамои шарикии стратегии ҳамаҷониба дар марҳалаи нав, ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ дар қолабҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар конфронс ба вазъи муосири муколамаи сиёсӣ ва ҳамкории стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин, ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, истифодаи самараноки иқтидори дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва пайгирии амалии иҷрои шартномаҳои қаблан ба дастомада таҳлилу баррасӣ гардид.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки Тоҷикистон аз рӯи истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол намуда, имкониятҳои мамлакат аз рӯи уҳдадориҳои глобалии кишварҳои ҷаҳон барои то соли 2050 то 30 дарсад кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, фароҳам овардани иқтидори зарурӣ барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо истифода аз «энергияи сабз» шароити мусоид фароҳам меорад. Ба ибораи дигар, барои мустаҳкам намудан ва вусъат додани робитаҳои иқтисодии ҳар ду мамлакат имкониятҳои мусоид ва самаровар ба вуҷуд меоянд.
Дар конфронс, инчунин, вазъи ҳамкорӣ ва дурнамои шарикии стратегии ҳамаҷониба байни Тоҷикистон ва Чин дар марҳалаи нав, равандҳои анъанавии масоили муҳиму тақдирсози минтақа, ҳамгироӣ ҳамчун зарурати таъхирнопазири идомаи ҳамкориҳои таърихӣ, бо суръати баланд рушд ёфтани муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, вазъи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, нақлиёт, инчунин, роҳу воситаҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ҳар ду кишвар арзёбӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки айни замон равобити Тоҷикистону Чин дар ҳама самтҳо бомуваффақият густариш ёфта, талошҳои муштараки ҷонибҳо, муносибатҳои минбаъдаи шарикӣ ва иртиботу ҳамкории доираҳои соҳибкорию коршиносони ҳар ду кишвар тавсеа ва тақвият меёбанд.
Дар конфронси илмӣ, ҳамзамон, китобҳои «Тоҷикистон — Чин: аз дӯстии таърихӣ то ба шарикии стратегӣ» ва «Тоҷикистон — Чин: 30 соли ҳамкории босамар» рӯнамоӣ шуд.
Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»