Ҳасан Дӯстзода: «Бунёди дарбанди навин рӯҳи гузаштагонро шод кард»

№146 (3940) 04.12.2018

расмИмрӯзҳо омодагӣ барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани сиюмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон идома дорад. Чанде пеш дар ноҳияи Нуробод бо рафти омодагии сокинони ноҳия дар ин самт ошно шудам. Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки рушду нумӯи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия таъмин буда, сокинон бо дили гарм ба корҳои созандагиву ободкорӣ машғуланд. Дар ин сафар бо раиси ноҳия Ҳасан Дӯстзода дар бобати дастовардҳо дар даҳ моҳи сипаригардида суҳбат доштам.

 

- Сокинони ноҳия таҳти сиёсати хирадмандонаю одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудаанд. Барои мисол, маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли 2010 — ум 96,2 миллион сомонӣ ё 2,7 маротиба зиёд гардид, — гуфт номбурда.

Картошкаро нони дуюм гуфтаанд ва картошкапарварони ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин соҳа бештар рушд намояду дар таъмини бозорҳои кишвар саҳмгузор бошанд.

Соли равон майдони кишти картошка дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба 967 гектар расонда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 101 ва 5 соли пеш 426 гектар зиёд аст. Истеҳсоли картошка соли сипаришуда 15267 тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли 2010-ум 7 463 тонна зиёд мебошад.

Аз қадимулайём сокинони минтақаи Рашт ба боғпарварӣ машғул буданд. Ҳоло ҳам дар деҳаҳои харобгардида, ки дар баландкӯҳҳо тарҳашон боқӣ мондааст, боғҳои бобоӣ мавҷуданд. Бо мурури сол дарахтон хушкида, аз решаи онҳо ниҳолакони дигар сабз мегарданд. Ба ҳамин васила себу ноки қадимаи маҳаллӣ то имрӯз боқӣ мондааст. Як муддат бо сабаби фоидаовар набудан мардум аз нигоҳубини боғҳо даст кашиданд, ки дар натиҷа, садҳо гектар боғ ба касалиҳои гуногун гирифтор гардиданд. Тат­биқи «Барномаи рушди боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020» имкон дод, ки соли ҷорӣ дар ноҳия 14 гектар боғ, аз ҷумла, 4 гектар боғи интенсивӣ, бунёд гардида, 5 гектар боғи куҳна барқарор шавад. Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, соли равон нақшаи дурнамои рушди соҳаи кишоварзӣ пурра иҷро гардида, ғалла дар 1858 гектар, картошка — 967, сабзавот — 264, зироатҳои техникӣ — 227 ва зироатҳои хӯроки чорво 1281 гектар кишт шудааст.

Ҳоло дар ноҳия 13 коргоҳи саноатӣ — корхонаҳои коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ, сехҳои бандубасти равғани растанӣ, истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, хишти пухта, 5 коргоҳи хурди истеҳсоли хиштҳои сементӣ, 2 корхонаи асфалтбарорӣ ва 2 корхонаи коркарди чӯб фаъолият доранд.

Шаҳраки Дарбанд сол то сол симояшро дигар мекунад. Замоне ин шаҳри қадимаи тоҷикон бо қалъаву иморатҳои зебо, растаҳои гулпӯшу хиёбонҳо, мардуми ватандӯсту бунёдкор хеле шуҳратманд буд. Бовар дорем, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат он бо тарҳу зинати замонавӣ дубора эҳё мегардад.

Имсол, тибқи нақша, барои сохтмону ободонӣ 46 миллиону 334 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла, аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» 24 миллион, буҷети ҷумҳуриявӣ ва вазорату кумитаҳо қариб 6 миллион, соҳибкорони маҳаллӣ барои сохтмони марказҳои савдо ва хизматию маишӣ 14 миллиону 443 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд. То имрӯз корҳои сохтмонӣ тибқи нақша 44,3 дарсад, аз ҷумла, аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун» 12 миллиону 342 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вазорату кумитаҳо 1 миллиону 712 ҳазор сомонӣ, соҳибкорони маҳаллӣ 5 миллиону 868 ҳазор сомонӣ, мардум 618 ҳазор сомонӣ барои сохтмони синф­хонаҳои иловагӣ дар шаҳраку деҳоти ноҳия сарф гардид.

Инчунин, аз тарафи шуъбаи сохтмони асосии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони 4 иншоот ба маблағи 1330 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 55 муассисаи таълимӣ барқарор ва азнавсозӣ шудааст.

Тайи солҳои 1997 — 2018 — ум аз 553 хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, ки тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шудаанд, 344 нафарашон духтар мебошанд.

Иттилоъ гирифтем, ки то баргузории ин санаи таърихӣ боз мавриди истифода қарор додани беш аз 200 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла, мактабу синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббию китобхонаҳо, сартарошхонаву ҳаммом, кошонаи ҳусн ва таъмири роҳу пулҳо ва бунёди боғу гулгаштҳо дар назар аст.

Айни замон азнавсозии роҳи автомобилгарди аҳамияти байналмилалидоштаи Душанбе — Нуробод — сарҳади Қирғизистон босуръат идома дорад. Имсол беш аз 10,5 километр бо саҳмгузории соҳибкорон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия асфалтпӯш карда шуд.

- Барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат лозим аст, ки мутахассисони боистеъдод ва эҷодкорро ба воя расонем. Ин рисолати на танҳо падару модар ва мактаб аст, балки вазифаи асосии ҷомеаи имрӯзаи мост. Насли калонсоли ноҳия муҳимияти масъаларо хуб дарк кардаанд ва тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаанд, ки ҷавонон ва насли наврас ободкор, инсонпарвар ва дурбину оқил бошанд, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Ҳасан Дӯстзода.

Таҳияи Диловари МИРЗО, «Садои мардум»