Ҷамила Бобомуродова дар деҳаи Авазалии шаҳри Панҷакент, дар оилаи Тайлоновҳо ба дунё омадааст. Ӯ зимни суҳбат аз хотирот дар бораи падараш — Ашӯралӣ Тайлонов, ки ба тақдири Саразми бостон вобастагии зиёд дорад, нақл кард.
- Ман дар 51-солагии падарам ба дунё омадаам. Модарам дар сесолагиам вафот кардаанд. Падарам дигар оиладор нашуданд, чунки модарашон бемор буданд. — Худам модарамро нигоҳубин мекунам, — гуфтанд он кас. Падарам иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд. Онҳо — се бародар ба ҷанг рафтанд ва якеашон барнагаштааст.
Баъди ҷанг ба деҳқониву чорводорӣ машғул шуда, аз шаҳри таърихии Саразм сафолпора ва ё ҳар гуна асбоби шикастаи куҳнаро агар пайдо мекарданд, ба хона меоварданд. Ҳафт сол ба ҷамъоварии зарф ва асбобҳои таърихӣ машғул шуданд. Ҳавлиамон аз сангҳои гуногунрангу гуногунҳаҷм ва сафолпораҳо пур буд.
Ҳаштсола будам, ки яке аз дугонаҳоям гуфт: — Дар Панҷакент осорхона кушода шудааст, падарам манро ба он ҷо бурда, тамошо доданд, — гуён хеле таъриф кард.
Ин хабарро ба падарам расонидам. Се рӯз пас маро бо худ ба шаҳр бурд.
Дар осорхона ман машғули тамошои парандаву ҳайвонҳои гуногун шудам. Дар ҳамон ҷо таваҷҷуҳи падарамро асбобҳои гуногуни сангиву сафолӣ ҷалб кард. Он кас аз кормандони осорхона дар бораи онҳо пурсиданд. Чун фаҳмиданд, ки бозёфтҳо аз Панҷакенти қадим оварда шудаанд, хоҳиш карданд, ки бо роҳбарони осорхона вохӯранд. Бо Абдуллоҷон Исҳоқӣ суҳбат карданду дар бораи чӣ гуна ва аз куҷо ёфтани сангу сафолпораҳо маълумот доданд.
Ҳамон рӯз якҷо бо Абдуллоҷон Исҳоқӣ ба хона омадем. Баъди аз назар гузаронидани бозёфтҳои падарам он кас офарин гуфтанд.
Таваҷҷуҳи Абдуллоҷон Исҳоқиро табаре ҷалб кард. Падарам вақти пайдо кардани он мехоҳанд, ки зангашро тоза карда истифода баранд. Он вақт як гӯшаи он мешиканад ва мебинанд, ки дарунаш ранги сурх дорад, фикр мекунанд, ки бояд тилло бошад ва дар қатори дигар бозёфтҳо нигоҳ медорад. Исҳоқӣ гуфт, ки табар тиллоӣ аст.
Баъд аз он вохӯрӣ корҳои ҷустуҷӯӣ оғоз ёфтанд. Дар давраи таътили тобистона Абдуллоҷон Исҳоқӣ мутахассисон ва 40-50 хонандаи мактабро ба корҳои ҷустуҷӯӣ сафарбар карданд.
Ҳар сол аз кишварҳои дигар меҳмонҳо-бостоншиносон меомаданд. Падарам бо онҳо мисли дӯст муносибат доштанду онҳоро дар хона ҷойи зист дода буданд. Ман чун ягона фарзанд ва дастёри падар ошпазиро ба уҳда доштам.
Аз сабаби он ки дар заминҳои мамнуъгоҳи ҳозира мардуми маҳаллӣ ба кишоварзӣ машғул буданд, ба иқдомоти падарам назари нек надоштанд, аммо он кас аз кори худ пушаймон набуданд.
Вақте боғ бунёд карданд, дарахтҳоро дастӣ об медодем. Як саҳар омадем, ки касе шабона бо табар онҳоро буридааст…
Вақте шоҳиди кашфи таърихи 5500-солаи Саразми бостон гардиданд, хурсандона мегуфтанд, ки бозёфтҳояш сабаби кашфи шаҳри бузург гардидаасту ӯ бехабар…
Падарам 25 марти соли 2008 вафот карданд.
Абдуллоҷон Исҳоқӣ дар мақолаҳояш ӯро «нахусткашшофи Саразм» номида буд.
Дар назар аст, ки то таҷлили 5500-солагии Саразм ҳамчун нишони қадрдонӣ ва эҳтиром кӯчае ба номаш гузошта шавад. Агар ин иқдом амалӣ гардад, номи Ашӯралӣ Тайлонов ҳамчун нахусткашшофи Саразм абадӣ хоҳад гашт.
Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»