Ҷашни Фонус дар Хитой

№30 -31 (3667 - 3668) 18.03.2017

928507612Тӯли таърих кишварҳое арзи вуҷуд  мекардаанд, ки аз назари иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба тамаддуни мо монандии тақрибӣ доштаанд. Аз ҷумла, дар Ҳинду Покистон ва Хитой, ки аввалӣ бо мо дар аҳди қадим зиндагии муштарак доштанд ва охирӣ сарҳад бо сарзамини мо дораду шомили бунёнҳои таърихию фарҳангии муштарак низ мебошад, идҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, ҳамчун иди баҳор ҷашн гирифта мешаванд.

Мусалмононе, ки аз роҳи Муғулистон ба Хитой рафта ё аз роҳи Панҷоб ба Ҳинд мерасиданд ва ё бо киштиҳои дарёнаварди халиҷи Форс то ба Зангбор ва соҳилҳои Африкаи Ҷанубӣ пой мениҳоданд, мусофироне, ки аз роҳи Сурия ба Миср нақли макон кардаанд, турконе, ки аз нимҷазираи Балкан то канори Дунайро тасарруф намудаанд, тоторҳое, ки дар канори дарёи Волга то нимҷазираи Қрим ё Дашти Қипчоқ рахт бастаанд, ба ин восита бо тамаддуни ориёӣ муколамаи фарҳангӣ кардаанд ва каму беш маросиму суннатҳои Наврӯзи оламафрӯзро бо худ ба он сарзаминҳо бурдаанд. Имрӯзҳо осори ҷашнҳои суннатии ориёӣ дар кишварҳои зикршуда ҳувайдо аст.

Дар Ҷумҳурии Халқии Хитой даврони ҳукумати империяи Чу-ро асри тиллоии таърихи ин сарзамин медонанд. Ақидаҳои Конфутсий, Ляо Тзи ва Мо Тзи ба ҳаёти иҷтимоӣ, мафкуравӣ ва фарҳангии мардуми он асари амиқ ва ба рушди афкори маънавӣ таъсири муассир гузоштааст. Аз ҳамин давра хитойиҳо ба табиат рӯ оварда, ба ривоҷи фаъолияти кишоварзӣ ва домдорӣ пардохтаанд.

Дар устураи наврӯзии хитойиҳо замин ба маънои неру, оварандаи сулҳ, зани парастору омӯзгор ба шумор мерафтааст. Аз замин инсону худоён баҳра мебурданд ва онро нуқтаи асосии иттикоъ дар зиндагии башарӣ медонистанд. Замин дар назди онҳо зодгоҳи ҳамаи ашёст ва ганҷҳоро дар қаъри дили худ нуҳуфтааст. Дар аҳди империяи Чу замин дар Хитой рутбаи дуюмро дошт. Худи император ба худои замин шахсан ҳеҷ қурбоние намекард, ин вазифаро ӯ ба уҳдаи умарои маҳаллӣ вогузошта буд, то ба такрими худои бузурги замин ва худоёни зироаткорию кӯҳҳо ва рӯдҳо дар минтақаи хеш иқдом кунанд. Дар Хитой рамзи худои замин дар оғоз дарахте буд, ки дар теппа рӯида буд.  Сипас, ин дарахт ҷояшро ба як санг иваз кард ва чанде пас ба як мизи хурди чӯбин табдил ёфт. Анъанае шуда буд, ки раиси як иёлат ё як амир онро, ҳангоме ки ба ҷанг мерафт, бо худ мебурд.

Чин дорои шароити иқлимии гуногун аст.  Бинобар ин, дар гузаш­та ҷашни сари сол дар маҳалҳои гуногун ва ба таври мухталиф гузаронида мешуд.

Ҷашнҳои суннатӣ дар Хитой мувофиқи маълумоти Аҳмадризо Айравонӣ хеле зиёданд, вале дар ин миён ҷашни ба ном баҳорӣ (ё иди баҳор) ва ҷашни Фонус аз ҳама бошукӯҳтар баргузор мегарданд. Муҳаққиқи мазкур ин ҷашнҳоро тавсиф намуда, аз ҷумла таъкид мекунад, ки ҷашни баҳор тибқи русуми мардуми Хитой аввалин рӯз аз соли кишоварзист ва бузургтарин ҷашни суннатии миллист.

Дар бораи баргузории ин ҷашн ва сабабҳои он ривоёти зиёде мавҷуд аст. Ба унвони намуна гуфта шудааст, ки дар замони бостон деве ба номи Ниан (Nian) ҳар сол дар аввалин рӯзи сол барои озору азияти мардум зоҳир мешуд. Барои гурезондани вай мардум чӯби бамбукро дар оташ мениҳоданд, ки аз сӯхтани он садоҳое ба мисли инфиҷори борут эҷод мешуд. Дев садо ва сурхии оташро дида, фирор менамуд ва то як соли баъд ҷуръат намекард дар байни мардум зоҳир шавад.

Монандии ин ҷашнро дар яке аз ҷашнҳои муқаддамотии пешазнаврӯзӣ — чаҳоршанбеи сурии худамон низ мушоҳида карда метавонем, фақат ҳадафҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Дар чаҳоршанбеи сурӣ оташ афрӯхтан намоде аз ситез бо деви сармо ва сиёҳист. Дар ҷашни баҳории хитойиҳо ба хотири сулҳу амният дар ҳар хонае оташ задани чӯби бамбук баргузор мешуд.

Ин ҷашн дар Хитой замони сарҷамъӣ ва гирдиҳамоии афроди хонавода ва бедор мондану шаби идро ба субҳ расондан аст. Қабл аз ин маросими хонатакониро ба поён расонида, лавҳаҳое бо мазмуни хушбахтию сурур бар хона меовезанд. Дар бораи ин лавҳаҳои хушбахтӣ дар асотири Хитой гуфта шудааст, ки дар аҳди қадим дар дили кӯҳҳои зебо ду бародар бо номҳои  Shen-nai ва Yu-lei, ки бисёр шуҷоъ буданд, зиндагӣ доштанд. Онҳо анбуҳе аз дарахтони ҳолу (нок)-ро парвариш мекарданд, то бо истифода аз онҳо ва бо кумаки мардум бо шароратҳои аҳриманӣ мубориза баранд. Ин ду бародар баъд аз даргузашт ба мавҷудоти фанонопазири осмонӣ-афсонавӣ табдил шуданд ва аз тарафи осмон барои зарба задан ба рӯҳи шарири шайтонӣ маъмурият ёфтанд.

Аз рӯи эътиқод ба ин афсона ба лавҳаҳои аз чӯби ҳолу сохташуда номи ин ду бародарро кандакорӣ карда, дар шаби ид дар ду тарафи дарҳои манзилҳояшон меовехтанд. Бо чунин амалашон умед доштанд, ки хушбахтию сулҳ давоми сол онҳоро ҳамроҳ хоҳад буд.

Дар ин ҷашн мардум беҳтарин либоси худро ба бар мекунанд ва афроди хонавода ҳини таҳвили сол гирди ҳам меоянду ҷашни дидорро баргузор мекунанд. Дар охирин шаби сол, ки шаби ид номида мешавад, касе сар ба болин намегузошт. Ҳама барои дамидани сапедаи субҳ лаҳзашуморӣ мекарданд ва ин амали онҳо ба хотири гиромидошту эҳтироми хитойиҳо нисбат ба замон ва соли нав буд. Дар мобайни шаб (соати дувоздаҳ) ғизои махсус ва маъруфи «хиёваза» мехӯрданд. Номи ин ғизо аз мафҳуми ҷонишин шудани соли нав ба соли куҳна гирифта шудааст.

Пас аз саҳаргоҳон маросими табрики соли нав ва боздид­ аз ақвому дӯстон оғоз мешавад. Тӯли ҷашни баҳорӣ аввалин ҷумлае, ки ҳангоми вохӯрӣ бо афрод бар забон меояд, ин ҷумлаи «Соли нав муборак!» аст.

Муҳайё сохтани кекси соли нав, навъҳои гуногуни таом ва оши соли нав (бештар орди биринҷ дар пухтани онҳо ба кор меравад) нишонаи хушбахтию саодатмандии аҳли он хонавода маҳсуб меёбад. Бо оғози баҳор бо камоли зебоиҳояш мардум гуфтани чунин ҳарфҳоро дӯст медоранд: «Як соли пур аз муваффақият ва хушбахтӣ ба оғози нек дар фасли баҳор вобастагӣ дорад».

Аҳмадризо Айравонӣ дар рӯзномаи «Ҳамшаҳрӣ» (Теҳрон, 27 апрели соли 2000) дар бораи ҷашни «Фонус»-и хитойиҳо маълумоти муфассал додааст. Ӯ менависад, ки дар Хитойи қадим ҷашнҳои соли нав аз шаби ид шурӯъ шуда, то ҷашни Фонус (понздаҳумин рӯзи сол) идома меёфт ва дар ин рӯз ба авҷи худ мерасид. Дар бораи ин ҷашн гуфта шудааст, ки дар замони император Вов-Ди, давраи силсилаи Ҳен, қасре вуҷуд дошт, ки дар дохили он духтари зебо ва меҳрубон бо номи  Yuan-Xiao як сол зиндонӣ буд. Ӯ, ки бисёр дилтанг шуда буд, бо ҳар тариқи имконпазир тавонист назари мувофиқи яке аз вазиронро ба даст оварад.

Вазир иҷозат дод то духтарак бо хонаводааш мулоқот кунад. Бад-ин тартиб ба император хабар дод, ки худои осмонҳо ба худои оташ дастур додааст, ки дар шонздаҳумин рӯзи сол шаҳри Чонг-Ан (пойтахти қадими Хитой)-ро оташ бизананд. Танҳо роҳи муқобилат бо худои оташ, ки аз дидани манзараи сӯхтани як шаҳр лаззат хоҳад бурд, ба фикри вазир, ин буд, ки чӯби бамбукро оташ бизананд, то аз сӯхтани он ҳама ҷо равшан гардад. Дар шаҳр фонусҳои қирмизранг бояд равшан карда шаванд ва аҳли ҳараму надимаҳо, пешхидматҳову тобеин барои тамошо ба дохили шаҳр биравад. Илова бар ин, худои оташ ошиқи ғизоҳое буд, ки ба воситаи Yuan-Xiao, пешхидмате, ки дар қаср зиндонист, пухта мешуд. Агар Yuan-Xiao ғизоҳои пухтаашро ба худои осмонҳо пешкаш кунад, ӯ мутмаинан хушнуд хоҳад шуд ва шаҳри Чонг-Ан дар амон хоҳад монд. Император Вов-Ди ба фикри вазир мувофиқат кард, аммо то ҳадде нигарон буд. Ӯ дастур дод, ки пешниҳоди вазир ба марҳилаи иҷро дарояд.

Бинобар ин, дар шаби понздаҳумин рӯзи соли нав дар ҳар ҷои шаҳри Чонг-Ан садои инфиҷори чӯби сӯхтаи бамбук шунида мешуд ва шаҳр аз нури шуълаи фонусҳои овезон медурахшид. Дар он байн Yuan-Xiao аз фурсат истифода бурда, бо хонаводааш дидор кард. Соли баъд император дастур дод, ки ҳамон шаб фонусҳо дар тамоми шаҳр овехта, ғизоҳои гуворои ба воситаи Yuan-Xiao омодакардашуда дар қурбонгоҳ ба ҳузури худои осмонҳо пешкаш шавад. Ҳар сол ин маросим такрор мешуд ва понздаҳумин рӯзи сол ҷашни Фонус номгузорӣ шуд. Дар он замон ин ҷашн ҳамчунин бо номи ҷашни  Yuan-Xiao низ унвон шуда буд. Ин ҷашн дар замони силсилаи Хун аз рӯзи чаҳордаҳум то шонздаҳум, ба муддати се шаб, баргузор мешуд. Дар замони силсилаи Сунг (асри 10-13 мелодӣ) бошад, ба панҷ шаб расид. Давраи ҳукмронии силсилаҳои Бвон (муғул) ва Минг шукӯҳу равнақи ин ҷашн коста шуд, вале дар замони силсилаи Чинг ин маросим бори дигар, махсусан дар Пекин, бошукӯҳ барпо мегардид.

Ҳоло барои баргузории ин ҷашн дар дохили шаҳрҳо, боғу гулгаштҳо ва фурӯшгоҳҳо ҳанӯз ҳам метавон анвои мухталифи фонусҳои овехташударо мушоҳида кард. Фонусҳо ба шакли қаср, ҳайвоноти мухталиф, гулу гиёҳ, асп, парандагон, хазандагон ва ғайра сохта мешаванд. Дар рӯзи ҷашн илова бар равшан сохтани фонус навъи ширинии махсус низ тайёр мекарданд. Хӯрдани ин навъи ширинии доирашакл (ки монанди ҳилол аст) нишони гирди ҳам омадан ва хушбахтист. Дар ҷашни Фонус маросими дигаре монанди рақси шер ва рақси фонуси аждаҳо барпо мешавад.

Мардуми Хитой баъд аз таб­рикот соли навро бо қалби саршор аз умеду орзуҳо оғоз мекунанд.

 

М. Ҳазратқулов,

доктори илмҳои фалсафа