Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тамоми корхонаю ташкилот ва муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбӣ ва томактабии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, мутантан ҷашн гирифтанд.
Ба ин муносибат конфронсу ҷамъомад ва вохӯрию мулоқотҳо барпо шуданд. Дар Қасри таърихию фарҳангии Арбоб чорабинии идона бо иштироки фаъолони вилоят, намояндагони сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, аҳли зиё, вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар назди ҳозирин маърӯза намуда, бо ёдоварӣ аз хидматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёю таҳкими давлатдории навини Тоҷикистон, аз ҷумла, чунин гуфт:
-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо мавқеи устувор ва матонати беназир, посдории таърих ва тамаддун, фарҳанги куҳанбунёди давлату миллатамон, на танҳо халқи тоҷикро ба оромию осоиштагӣ расониданд, балки дар ваҳдату суботи минтақа саҳми бузург ва беназир гузоштанд. Мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд, аз он ифтихор доранд, ки дар саргаҳи ташаккули муваффақонаи давлатдории навинамон, маҳз заҳмату талошҳои ҷоннисоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба шарофати иродаи қавӣ ва мавқеи устуворашон дар кишвар сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, пешравию шукуфоӣ барқарор ва ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол таъмин карда шуд.
Тавъам будани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯзи оғози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раҷаббой Аҳмадзода чунин шарҳ дод:
-Бо оғози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам омадани ин санаи фархунда басо рамзӣ мебошад, зеро дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ба даст омадани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, барои рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва таърихию фарҳангии Тоҷикистони азиз, хизматҳои бузург анҷом доданд.
Баҳри чунин хидматҳои шоиста ва беназир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 ба унвони баланд Қаҳрамони Тоҷикистон ва соли 2015 ба мақоми олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат сазовор дониста шуданд, ки ин ҳама эътибору эътирофи иродаи озодонаи халқ мебошад.
Баъди маърӯзаи идона устодони санъати вилояти Суғд ва намояндагони аҳли ҳунари пойтахту вилояти Хатлон бо барномаи рангини консертӣ баромад карданд, ки мақбули ҳозирин гардид.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»