Ҷашни номбардорони Ватан дар Суғд

№ 16.05.2021

JAHNI MIRZOДар тантанаи имсолаи солгарди Ғалабаи халқи шӯравӣ бар Германияи фашистӣ дар вилояти Суғд ҳамагӣ 1 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ-Содир Бобокалонов аз деҳаи Ашти ноҳияи Ашт иштирок дошт. Сабаби инро муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Шавкат Алиев ба вазъи саломатии онҳо алоқаманд донист. Боқӣ 15 нафар иштирокчии корҳои ақибгоҳи солҳои ҷанг буданд.

Пайроҳаи ҷангии ин номбардори Ватан соли 1943 аз шаҳри Маскав дар ҳайати полки 7-уми десанти ҳавоӣ оғоз гардидааст.

-Соли 1944 баъди пурра озод кардани пойтахти давлати абарқудрати шӯравӣ моро барои озод кардани Руминия фиристоданд,- гуфт зимни суҳбат бобои Содири 96 — сола,-Ғалабаро бошад, дар шаҳри Будапешти Венгрия истиқбол гирифтем.

Қаҳрамони матлаб то соли 1949 хизмати ҳарбиро идома дод. Баъди бозгашт ба зодгоҳ, соли 1950 ӯро котиби якуми кумитаи комсомоли ноҳияи Ашт интихоб намуданд. Пас  аз се сол котиби ташкилоти ҳизбии колхози ба номи Молотови деҳааш-Ашт таъин шуда, то соли 1963 дар он вазифа кор кард.

Замони сарвари ҳизбии хоҷагӣ буданаш, дар саҳни идораи колхоз бо ташаббуси ӯ нимпайкараи И.В.Сталин гузошта шудааст, ки он побарҷо буда, то ҳол онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунад.

-Солҳои баъдиҷангӣ муаллимон намерасиданд, — мегӯяд Содир Бобокалонов,- бинобар ин, бо супориши сарварони ҳизби ноҳия ман ба кори омӯзгори фанни физика гузаштам. Дар ин муддат курси муаллимтайёркунии Донишкадаи омузгории Ленинобод (ДДО ба номи академик Б.Ғафуров)-ро ба итмом расонида, соли 1986 ба нафақа баромадам…

Корнамоиҳои ҷангиаш бо даҳҳо ордену медалҳо қадршиносӣ шудаанд. Ӯ соҳиби 7 фарзанду 30 набера ва якчанд абераву чабера шуда, дар ҳалқаи онҳо давлати пирӣ меронад.

Таҷлили ҷашни Ғалаба дар майдони марказии «Муҷассамаи шаҳидон»-и Хуҷанд баргузор гардид. Раиси вилояти Суғд ва ҳамроҳонаш нахуст ба пояи муҷассама гулчамбар гузошта, хотири шаҳидонро бо лаҳзаи хомӯшӣ ва сари таъзим пос доштанд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз корнамоиҳои халқи тоҷик, аз ҷумла мардони далеру шуҷоъи Суғд ёдовар шуда, гуфт, ки ба ҳифзи Ватан аз Суғди бостон 76 ҳазор ҷавонписарони бонангу номус рафта, 27 ҳазору 800 нафарашон ҷонро дар роҳи озодии Ватани маҳбуб қурбон карданд. 48 ҳазору 200 нафар бошанд бо сари баланд ва сари синаашон пур аз ордену медалҳо ба зодгоҳ баргаштанд. Барои корнамоиҳои ҷангӣ 15 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва 10 нафар бо ҳар се дараҷа ордени «Шараф» мукофотонида шуданд.

Дар ҷашни имсолаи Рӯзи Ғалаба муовини Вазири мудофиаи мамлакат, сардори Ситоди генералӣ, генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода низ иштирок намуда, ҳозиринро бо 76-умин солгарди Ғалаба таҳният гуфт.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»