Ба пешвози 20 - солагии СҲШ

«Ҳашт муъҷизаи СҲШ»

№92 (4354) 13.07.2021

«Ҳашт муъҷизаи СҲШ» 21 июни соли 2019 дар «Толори заррин»-и меҳмонсаройи Пекин бо ибтикори Котиботи СҲШ ва дастгирии Ширкати рушди фарҳанг ва туризми назди Академияи илмҳои Хитой муаррифӣ гардида буд, ки дар он чорабинӣ беш аз 600 намояндаи доираҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, соҳибкорон ва корпусҳои дипломатӣ ширкат доштанд.

Онҳо ганҷинаи бебаҳои ҷаҳонанд, ки кишварҳоро бо ҳам мепайванданд. Инчунин, захира ва имкониятҳои сайёҳӣ, вежагиҳои фарҳанги давлатҳои аъзои СҲШ мебошанд.

Ба ҳаштгонаи муъҷизаҳои СҲШ  инҳо шомиланд:

 1. Муҷассамаи «Ягонагӣ»

4Муҷассамаи «Ягонагӣ» пайкараи Валлабхаи Пател, муовини Сарвазири Ҳиндус­тон ва яке саркардаҳои мубориза барои истиқлолияти Ҳиндустон аст, ки дар ҷазираи Садҳуи дарёи Нарбад (иёлати Гуҷарат) гузошта шудааст. Баландии он якҷоя бо пояаш 240 метрро ташкил медиҳад, ки аз муҷассамаи «Озодӣ»-и ИМА чор маротиба баландтар аст. Муҷассамаи мазкур 31 октябри соли 2018 ба ифтихори 143-солагии В. Пател гузошта шудааст.

  2. Маҷмааи ҳафриётии «Тамгали»

8Солҳои 50-уми асри гузашта дар минтақаи Танбалӣ ё Тамгалии Қазоқистон қариб 2000 петроглифи рӯисангӣ пайдо гардиданд, ки намунаҳои қадимтарини санъати  ҳаккокӣ дар санг маҳсуб меёбанд. Аксари онҳо ба асри биринҷӣ тааллуқ доранд. Маҷмааи мавриди назар дар масофаи 170 км дар самти шимолу ғарбии шаҳри Алма-Ато, дар кӯҳҳои Анракай, ҷойгир аст.

 3. Қасри императории Дамин

5Дар гузашта Дамин қасри асосии шоҳони сулолаи Тан (солҳои 618 — 907) ҳисобида мешуд. Масоҳати умумии он 2 километри мураббаъро ташкил дода, дар теппаи Луншоу, қисмати шимолу шарқии шаҳри Чанан, ҳудуди кунунии Сиан, музофоти Шанси ҷойгир буд.

Маҷмааи бузургу зебо дар асрҳои миёна — давраи охири ҳукмронии сулолаи Тан сӯхт. Ба наздикӣ дар Сиан маҷмааи фароғатие бунёд ёфт, ки нусхаи қасри Дамин аст. Имрӯз ҳар хоҳишманд метавонад нусхаи қасри Даминро тамошо карда, дар бораи сулолаи Тан тасаввурот пайдо намояд.

4.  Иссиқкӯл

2«Иссиқкӯл» дар баландии 1609 метр ҷойгир буда, 180 км дарозӣ ва 70 км паҳноӣ дорад. Чуқурии кӯл то 668 метр мерасад. Бо вуҷуди он ки атрофи кӯлро қуллаҳои барфпӯш иҳота кардаанд, он ҳаргиз ях намебандад.

Ҳукумати Қирғизистон Иссиқкӯлро «Дурдонаи Тиёншон»  ном мебарад ва соли 2004 онро сарвати миллии кишвар эълон карданд.

 

5. Мероси муғулҳои бузург  дар шаҳри Лоҳур

 3Дар даврони империяи муғулҳои бузург, ки то нимаи  асри XVIII дар шаҳри Лоҳур вуҷуд дошт, меъморӣ ривоҷ ёфт. Баъд аз 500 сол ҳокимони тавонои муғул қисмати бештари заминҳои шаҳрро бо девори баланд  қалъабандӣ намуда, дар атрофи он 12 дарвозаи бузург сохтанд. Дар қалъаи Лоҳур намунаҳои олии санъати меъмории муғулҳоро дидан мумкин аст. Қалъаи то имрӯз боқимонда манзилҳои истиқоматӣ, ҳаммом ва «Масҷиди марворидӣ»-и иборат се гунбази сафедро дар бар гирифтааст.

6. «Ҳалқаи заррин» 

7«Ҳалқаи заррин» («Золотoе кольцо»)-и  Россия сайрхати сайёҳии пайвандкунандаи шаҳрҳои қадимаи шимолу шарқии давлати рус маҳсуб мешавад.

Истилоҳи «Ҳалқаи заррин» ба адиб ва рӯзноманигор Юрий Бичков тааллуқ дорад, ки соли 1967 дар рӯзномаи «Советская культура» силсилаи очеркҳоро дар бораи шаҳрҳои қадими Рус таҳти унвони «Золотое кольцо» ба табъ расонид.

Ба «Ҳалқаи заррин» ҳашт шаҳр — Сергиев Посад, Переславл-Залесский, Рос­тов Великий, Ярославл, Кострома, Иваново, Суздал ва  Владимир шомиланд.

 7. «Кохи Наврӯз»

наврузҚасри муҳташаму беназири «Кохи Нав­рӯз» ифтихори ҳар тоҷику тоҷикис­тонӣ ба шумор меравад. Он соли 2015, бо риояи анъанаҳои беҳтарини меъмории миллӣ бунёд гардидааст. Он аз панҷ қабат иборат буда, 40 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад. Толорҳои «Дидор», «Аржанг», «Гулистон», «Зарандуд» бо нақшу нигори махсус хеле зебо оро дода шудаанд. Дар ороиши толорҳо қариб 30 намуд  санг ва ҳама намуди санъатҳои бадеии ороишӣ истифода гардидаанд.

 8. «Пои Калон» — маркази  таърихиву динии Бухоро

1«Пои Калон» – маҷмааи меъмории беназирест, ки дар пояи манораи «Калон» дар асрҳои ХII — ХVI бунёд ёфта, аз се иншоот-манораи «Калон», масҷиди «Калон» ва мадрасаи Мири Араб иборат аст. Он дар саҳни майдони Регистон ҷойгир буда, соли 1127 аз ҷониби Арслонхон сохта шуда, дар тӯли 900 сол таъмири асосиро надидааст. Манора аз баландтарин иншооти Бухоро маҳсуб шуда, баландиаш 46,5 метр аст.

Таҳияи Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»