Ҷасорати модар

№30 (4770) 07.03.2024

МохруЧанде пеш занеро дар қабулгоҳи раиси Ҷамоати деҳоти «Дурбат»-и шаҳри Ҳисор вохӯрдам. Бо ҳамсуҳбати мансабдори худ беистиҳола суҳбат дошт.

- Мефаҳмам, аммо лозим аст, ки шумо сутуни садамавиро то пагоҳ бо сутуни нав иваз кунед,- исрор мекард бону. Аз он хавотир буд, ки сутуни фарсуда ба роҳгузарон рӯзе осеб мерасонад. Раиси Ҷамоати деҳот ӯро бовар кунонд, ки мушкилро дар наздиктарин фурсат бартараф менамоянд. Бону қаноатманд аз назди раис дур шуд…

Бо ӯ суҳбат кардам ва маълум шуд, ки Моҳрӯ Кабирова хатмкардаи факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон аст. Баъд аз оиладор шудан соҳиби писар мешавад. Ташхиси табибон муайян менамояд, ки фарзандаш бемории синдром дауна дорад. Шавҳари ҷавони Моҳрӯ пешниҳод мекунад, ки кӯдакро ба ятимхона супоранд, аммо Моҳрӯ пешниҳоди шавҳарашро рад менамояд.

Моҳрӯ бо вуҷуди натиҷаи ташхис — табобатнашаванда будани беморӣ умедашро аз даст намедиҳад. Ба хотири табобати фарзандаш манзил ва ҳар чизи арзишманде, ки дошт, мефурӯшад. Барои муоина ва муолиҷаи тифли навзод табибони беҳтарини Душанбе, Маскав ва Австрия ҷалб мешаванд.

Интиҳо талошҳояш самар меорад, саломатии кӯдак тадриҷан беҳтар шудан мегирад. Ҳоло фарзанди ин зани қавиирода на танҳо аз муваффақтарин хонандагони синф аст, балки бо истеъдоди фавқулодаи рассомӣ ва дарки зебоиҳои ҳаёт аз дигарон фарқ мекунад.

Моҳрӯ аз имтиҳони сангини зиндагӣ бо сарбаландӣ гузашт ва тасмим гирифт ба оилаҳое, ки бо чунин мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд, ёрӣ диҳад. Бо ин мақсад дар зодгоҳи падараш деҳаи Ниёгон Ташкилоти ҷамъиятии «Моҳрӯ»-ро фаъол кард. Кунун дар коргоҳи ин зани муваффақ беш аз 80 кӯдаки имконияташон маҳдуд паноҳ ёфтаанд. Ба онҳо 18 мутахассиси соҳаи тиб ва маориф хизмат мерасонанд. Ҳоло Ташкилоти ҷамъиятии «Моҳрӯ» ба марказе табдил ёфтааст, ки бошандагони он на танҳо ёрии зарурии тиббию равоншиносӣ мегиранд, балки бо шарофати талошҳои номбурда кӯдакон имкон доранд, сарфи назар аз маҳдудиятҳои ҷисмониашон, таҳсил намуда, рушд кунанд.

Қиссаи рӯзгори ибратбахши Моҳрӯ далели он аст, ки модарон ба анҷоми корҳои бузург қодиранд. Хоса, вақте сухан аз ояндаи ҷигарбандонашон меравад.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»