Ёди некон

Асрҳо номи накуяш меравад дар анҷуман

№53 (4473) 30.04.2022

IMGҚаҳрамони матлаб, марди некному ободкор Абдулло Абдулвосиев, агар дар қайди ҳаёт мебуд, садсола мешуд. Аммо ба ҳукми тақдир ҳатто нисфи ин умри бобаракатро тай накард. Вале дар 46 соли ҳаёташ корҳоеро ба анҷом расонд, ки номи ӯро садсолаҳо зинда медорад.

Вақте ки дар борааш маълумот ҷустуҷӯ мекардам, пеш аз ҳама, китоби «Вакилони халқ» — ро варақ задам. Дар маълумотномаи «вакилони Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, даъвати панҷум (солҳои 1959 -1963)»-и китоби «Вакилони халқ» омадааст:«Абдувосиев Абдулло вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷангалобод №119, ноҳияи Орҷоникидзеобод. Соли 1922 дар деҳаи Кузибегӣ (ҳоло Чаман – Б.К.) таваллуд шудааст. Дар вазифаҳои муаллим, ҷонишини мудири шуъбаи Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони меҳнаткашони ноҳияи Орҷоникид­зеобод, котиби дуюми Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳиявӣ, котиби кумитаи ҳизби коммунисти ноҳиявӣ, раиси Комиҷроияи ноҳия кор кардааст. Бо орденҳои Ленин, Ситораи Сурх, медалҳои «Барои шуҷоат», «Барои ишғол намудани Будапешт», «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945» мукофотонида шудааст».  Ин далелҳо бозгӯи хизматҳои арзандаи ӯянд.

Ҳоло яке аз калонтарин деҳоти шаҳри Ваҳдат (собиқ ноҳияи Орҷоникидзеобод) номи Абдулло Абдулвосиевро дорад. Мардум ӯро ба некӣ ёд меоранд ва мегӯянд, ки умрашро сарфи корҳои хайру созанда ва амалҳои шоиста карда, дар дилу дида ҷой гирифтааст. Ба қавли шоир:

Адлу инсофи Худододаш накуномаш намуд,

Асрҳо номи накуяш меравад дар анҷуман.

Тавре аз ҳолномааш маълум гардид, Абдулло Абдулвосиев фаъолияти меҳнатиро аз касби пуршарафи омӯзгорӣ оғоз кард. Вале саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945) имкон надод, ки таълиму тарбияро идома диҳад. ҷавони боғайрату меҳандӯст ки буд, дар қатори аввалинҳо ба ҳимояи марзу буми Ватан бархост.  Ин матлаб, ки дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба нашр омода гардид, зарур донистем, нахуст ба хонандаи гиромӣ мухтасар дар бораи корномаҳои ҷангии қаҳрамон  ҳарф занем.

Дар рафти таълиму тамринҳои кӯтоҳи пешазҷангӣ фармондеҳон донишу истеъдод ва матонати Абдуллои ҷавонро мушоҳида карда, дар фронт ӯро сарвари гурӯҳи разведкачиён таъин мекунанд. Дар ҷанг размандагони гурӯҳ, таҳти сарварии ӯ дар муҳорибаҳои шадид баҳри аз фашистон озод кардани шаҳрҳои Сталинград, Киев, шаҳру деҳоти Булғория, Чехословакия, Руминия, Венгрия, Австрия ва Олмон корномаҳои зиёд нишон медиҳанд. Вақте ки ҷанг ба итмом мерасид, Абдулло Абдулвосиев соҳиби рутбаи лейтенанти калон буд. Ҷанговари шуҷоъ бо сипосномаю мукофотҳои ҷангӣ сарфароз гардид. Дар баробари ордену мукофотҳои зиёд, ки дар фронт ба Абдулло Абдулвосиев супорида буданд, 9 майи соли 1989, баъди  44 соли анҷоми ҷанг (он вақт А. Абдулвосиев дар қайди ҳаёт набуд), дар вазъияти тантанавӣ ба фарзандонаш  медали «Барои шуҷоат»-ро месупоранд. Ин мукофот то ин дам дар Бойгонии ҳарбии шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) маҳфуз будааст.

Соли 1946 Абдулло сарбаландона ба Тоҷикистон бармегардад ва баъди каме истироҳату табобат, ҳамчун шахси кордону пуртаҷриба  ба корҳои масъули давлатию ҷамъиятӣ сафарбар мегардад. Солҳои аввали барқарорсозии оқибатҳои ҷанг, ки таъсири он ба деҳоти дурдасти Иттиҳоди Шӯравӣ низ расида буд, ба ҳайси раиси хоҷагии «Роҳи сотсиализм» дар баланд бардоштани рӯҳияи мардум ва равона кардани онҳо баҳри ободонию рушди хоҷагидорӣ саҳми арзанда гузошт. Баъдан ӯро муовини мудири шуъбаи молия, нозири Кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунист, ҷонишини сардори Стансияи мошиниву тракторӣ (МТС), котиби Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Орҷоникидзеобод ва дигар вазифаҳои масъул таъин мекунанд. Солҳои 1955 — 1961 вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони ноҳияи Орҷоникидзеободро бар уҳда дошт. Дар давраи роҳбариаш минтақаи соҳили Кофарниҳон рушду нумӯ ёфта, соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва  ғайра тараққӣ карданд. Аз ҷумла, дар соҳили дарё, ки ҷойи ноободу санглох буд, боғи зебо бунёд ёфт, ки ҳоло яке аз ҷойҳои сайру саёҳат ва фароғати мардум аст. Дар гирду атрофи ин макони дилоро ва маркази ноҳия сохтмони муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, тандурус­тӣ, варзишӣ, хизмати маишӣ ва савдо авҷ гирифтанд. Солҳои 1955 – 1961 дар ҳудуди хоҷагиҳои «Съезди XXII партия», «Коммунизм» ва «Москва» неругоҳҳои хурди барқӣ сохта шуданд, ки иқтидори ҳар кадом 100 киловатт буд. Дар яке аз мақолаҳои ба ифтихори 80 – солагии мавлуди Абдулло Абдулвосиев навиштаи рӯзноманигори варзида Саидмурод Искандарӣ, ки 18 июли соли 2002 дар нашрияи «Шамъи ирфон» ба табъ расид, роҷеъ ба фаъолияти пурмаҳсули қаҳрамони матлаб, аз ҷумла, чунин сатрҳо ҷой доранд, ки овардани он аз аҳамият холӣ нест: «Охири солҳои шастум масъалаи сохтмони ГЭС — и «Норак» ба миён омад. Чун А. Абдулвосиев аз ин иқдом бохабар гашт, зуд ба Шӯрои вазирон ҳозир шуд. Ӯ гуфт, ки дар худи Норак база нест, шаҳр хурд аст ва мутахассисони зарурӣ надорад. Беҳтараш ин базаро дар Орҷоникидзеобод созем. Ташаббус ва маслиҳати А. Абдулвосиев ба намояндагони ҳукумат писанд афтод. Ҳамин тавр, идораҳои сохтмонии УМР, ДСК, СУПТС, ПМК-ҳо ва заводи  таъмири механикӣ (РМЗ), ки он вақт калонтарин дар ҷумҳурӣ буд, ба вуҷуд омаданд». Табиист, ки таъсиси чунин муассисаю корхонаҳо ба он боис гардид, ки одамони зиёд соҳиби ҷойи кор шуданд. Инчунин, корхонаҳо, манзилҳои истиқоматӣ, чойхонаю ошхонаҳо, мағоза, боғчаҳои бачагона, клубу таълимгоҳҳо бунёд ёфтанд.

- Падарам шахси ботамкину хоксор буд. Ёдам ҳаст, вақти роҳбари ноҳия буданаш одате дошт, ки моҳе як маротиба танҳо чор-панҷ соат дар кӯчаю хиёбонҳо мегашт, ба бозор мерафт, бо харидорону савдогарон суҳбат мекард. якчанд маротиба маро, ки он вақт 16-17 сола будам, ҳамроҳ гирифт ва бевосита мушоҳида кардам, ки бо мардум муомилаи нек дошту мехост ҳамеша мушкилоти мавҷударо сари вақт ҳал намояд,- мегӯяд фарзанди калонии эшон Асадулло Абдуллоев.

Бино ба иттилои дастрасгардида, солҳои панҷоҳум ва шас­туми асри гузашта хоҷагии халқи ноҳияи Орҷоникидзеобод хеле пешрафта гардид. Дар давраи роҳбарии Абдулло Абдулвосиев ноҳия соле то 27 ҳазор тонна пахта месупорид. Дар баъзе қитъаҳо ҳосилнокии пахтаро то ба 45 — сентнерӣ расониданд. Ин комёбиҳоро ба назар гирифта, ҳукумати вақт раиси ноҳия  Абдулло Абдулвосиев ва  мардони меҳнатдӯс­ту фаъоли минтақа Бозорбой Бурӯнов, Қара Дӯстов, Ҷалмат Ғоибов, Карим Исмоилов, Раҷаб Исмоиловро бо нишони тиллои «Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ» ва ордени Ленин сарфароз гардонд. Номи неки он бунёдкорон дар қалби мардум нақш бастааст. Ҳоло дар шаҳри Ваҳдат якчанд хоҷагӣ, деҳот ва таълимгоҳ ба номи онҳо гузошта шудааст. Корҳои неки падарони шуҳратманд, аз ҷумла Абдулло Абдулвосиевро, фарзандонаш Асадулло, Насрулло, Ҳабибулло, Неъматулло ва Убайдулло, ки дар мақомоти гуногуни давлатӣ вазифаҳои пурмасъу­лиятро бар уҳда доранд, идома медиҳанд.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»