Пас аз соҳибистиқлол гардидани мамлакат вазъ на танҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ, балки дар Бадахшон низ печида шуд.
Ҳангомаҷӯён, мансабхоҳон ҳар ҷо ҷамъ омада, бо ҳар роҳ мехостанд мардумро ба дом кашанд. Домани онҳоро бо ваъдаю сафсатаҳои пуч пур мекарданд. Дар майдони марказии шаҳри Хоруғ хаймаҳо пайдо шудан гирифт. Касе гапи каси дигарро гӯш намекард. Фақат майдондорҳо ҳақ буданду халос. Фикрашон танҳо як чиз: соҳибмансабонро сабукдӯш кардан ва шахсони дилхоҳашонро сари мансаб овардан. Азбаски бесарусомонӣ дар авҷ буд, ба онҳо муяссар шуд, ки се раиси комиҷроияро иваз кунанд. Аммо роҳбарӣ он замон осон набуд. Ба талабҳои гирдиҳамомадагон ягон кас тоб оварда натавонист. Ҳеҷ каси онҳо меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан надошт. Бадтараш он буд, ки мардум ба рӯзномаҳои ғаразноку иғвоангез бештар боварӣ доштанд, чунки онҳо зиёдтар ба бадномкунии ҳукуматдорон талош меварзиданд. Зиндагии осоиштаи мардум низом гум карда, гурӯҳҳои силоҳбадасти дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки дар ғорату куштор даст доштанд, ба воситаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мехостанд ба Бадахшон ворид гашта, онро ба размгоҳ қарор диҳанд. Ба болои он зиёда аз 20 ҳазор гуреза низ ба зиндагии мардум мушкилоти дигар зам намуданд.
Хушбахтона, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дилҳои мардум умед бахшид. Бахусус, вақте ки шахси адолатхоҳ ва сарсупурдаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд, эътимоди мардум комил гардид, ки сулҳ фаро хоҳад расид. Сафари нахустин ба шаҳри Хоруғ ва мулоқот бо зиёиёну силоҳбадастон шаҳодат дод, ки Сарвари давлат дар роҳи интихобкарда қадами устувор гузошта истодаанд. Зинаҳои пешрафти имрӯзаи Бадахшон маҳз ҳамон рӯзҳо гузошта шуданд. Зимни ҳамон сафар Сарвари давлат ба роҳбарони Ҳукумати ҷумҳурӣ супориш доданд, ки маблағ пайдо карда, НБО «Помир — 1» — ро дар муддати кӯтоҳ ба истифода диҳанд. Ҳамин тавр ҳам шуд ва имрӯз НБО «Помир-1» бо иқтидори пурра кор мекунад.
Рӯйдоди дигаре, ки дар таърихи Бадахшон бо хатҳои зарҳалӣ сабт гашт, оғози пахши барномаҳои шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон аст. Бо супориши бевоситаи Сарвари давлат дар муддати кӯтоҳ сокинони шаҳри Хоруғ аз барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон баҳравар шуданд, ҳол он ки дар даврони шӯравӣ ин кор ғайриимкон шумурда мешуд. Иқдоми шоистаи дигар дар он солҳои ниҳоят вазнин ифтитоҳи роҳи мошингарди Кӯлоб — Қалъаихумб — Хоруғ — Мурғоб — Қароқурум аст. Дар тасаввури ҳеҷ кас набуд, ки ин роҳ кушода мешавад ва мардум чаҳор фасли сол бо дигар гӯшаҳои кишвар робита пайдо мекунанд. Ман медонам, ки чӣ заҳматҳое садди роҳ мешуд, аммо Ҷаноби Олӣ изҳор намуданд: «Бо зоғнӯл ҳам бошад, ин роҳро мекушоем». Хизмати дигари пурарзиши Пешвои миллат, ки онро ҳатто рақибони сиёсиашон ҳам эътироф мекунанд, қатъ намудани ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор кардани сулҳи комил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, зеро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама гуфтушунид бо мухолифин ҳам ҷонибдорон ва ҳам рақибонро муттаҳид карданд, то ин ки якпорчагии давлат нигоҳ дошта шавад.
Имрӯз бо дили пур мегӯем, ки хушбахттарин миллат дар рӯйи замин ҳастем. Бо шарофати сулҳу оромӣ Бадахшон бесобиқа рушд меёбад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои навадуми асри гузашта гуфта буданд, ки Бадахшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон хоҳад шуд. Ва ҳамин тавр ҳам шуда истодааст. Симои шаҳру ноҳияҳои вилоят рӯз аз рӯз зебо ва бунёдкорӣ зиёдтар мегардад. Симои шаҳри Хоруғ, ки солҳои пеш ба як деҳа шабоҳат дошт, ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Ноҳияи Шуғнон, ки ман солҳои зиёд раиси он будам ва марказаш ҳатто дар шаҳри Хоруғ буд, бо шарофати Сарвари давлат соҳиби маркази ҳақиқӣ гашт. Дар муддати ду сол даҳҳо иншоот қомат афрохт ва симои ноҳияи навбунёд ба шаҳраки намунавӣ табдил ёфт.
Ҳамаи ин пешравӣ аз шарофати бевоситаи роҳбарии шахси хирадманд, ҷонфидои миллат, некниҳоду ояндасоз, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Вақте ки исми Сарвари давлатро ба забон мегирем, он фақат як унвони расмӣ набуда, нақши воқеии ин абармарди асили миллатро дар таърихи миллат ва давлатдории миллӣ ифода мекунад. Солҳо мегузаранду нақши ин марди сарсупурда дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам рӯшантар хоҳад гашт.
Мо, мардуми Бадахшон, ба мардуми кишвар аз даргоҳи Худованди мутаол саодатмандӣ хоста, дуогӯи онем, ки Нури Раҳмонӣ ҳамеша дар сарашон фурӯзон бошад.
Мамаднасим ГАВҲАРОВ,
раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон