Ё чӣ тавр «Теппаи Арбобкуш» Арбобсулҳ шуд?
Ман ифтихор дорам, ки бо амри тақдир роҳбарии қасри таърихӣ ва басо пурқимат барои миллатро ба дӯш дорам. Ҳарчанд дар бораи таърихи бунёди он бисёр шунидаву хондаам, аммо зимни суҳбат бо собиқ муовини сарвари қаср Ҳакимҷон Дадобоев ва омӯзиш дар осорхона навгонии зиёдро дучор омадам.
Таърихи бунёди Қасри Арбобро шоҳидон ба азму иродаи ду шахси барои миллат азизу мӯътабар аллома Бобоҷон Ғафуров ва ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Ӯрунхӯҷаев мансуб медонанд. Тирамоҳи соли 1947 зимни сафари корӣ ба вилояти Ленинобод котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ба хоҷагии ба номи Молотов, ба назди Саидхоҷа Ӯрунхӯҷаев омада, қарори КМ КПСС дар бораи муттаҳидкунии колхозҳои хурдро мерасонад ва пешниҳод мекунад, ки колхозҳои Молотов ва Ворошилови деҳаи Унҷӣ муттаҳид карда шаванд. Раиси хоҷагӣ дар ҷавоб мегӯяд:
- Барои муттаҳид кардан дар хусуси маҷлисгоҳу чойхона низ бояд фикр кард.
- Ин дуро дар сарҳади ҳар ду хоҷагӣ бунёд мекунед, — дастур медиҳад котиби якум.
Ҳамин тариқ, баъди муттаҳид гардидани колхозҳо раиси номдор макони имрӯзаи ҷойгиршавии қасрро интихоб мекунад, ки онро тибқи ривоятҳо «Теппаи Арбобкуш» мегуфтанд. Яъне, дар он ҷо арбоби деҳаро ба қатл расонида буданд.
Имрӯз бисёриҳо суол мекунанд, ки чаро тарҳи Қасри Арбоб ба қасрҳои шаҳри таърихии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия монанд аст? Зимни омӯзиш ба муҳаққиқ Ҳакимҷон Дадобоев маълум шудааст, ки орзуи бунёди қасри бошукӯҳ дар дили С. Ӯрунхӯҷаев ҳанӯз соли 1935, зимни иштирок дар Анҷумани колхозчиёни умумииттифоқ маскан гирифтааст. Баъди ба охир расидани анҷуман, вакилон ӯро барои тамошо ба шаҳри Санкт-Петербург мебаранд. Ҳамон вақт раиси номдор орзу мекунад, ки: «агар колхоз бой шавад, ҳатман қасре монанд ба Петергоф месозад». Бинобар ин, соли 1949 ба меъмор Ҳикмат Юлдошеви душанбегӣ дастур медиҳад, ки қасри бунёдшаванда монанд ба Петергоф бошад.
Шоҳидон мегӯянд, ки сохтмони қаср феврали соли 1951 оғоз ёфта, 7 сол давом кард. Дар бунёди он, ба ҷуз сохтмончиёни асосӣ, ҳар рӯз аз 80 бригадаи хоҷагӣ дунафарӣ чун ҳашарчӣ ширкат мекарданд. Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар сохтмон аз 280 то 300 нафар кор мекарданд ва як сохтмончии рус, ки бинобар сархуш ба кор омадан ба фалокат дучор шуда, ҳалок гардидааст. Ҳолдонҳо сабаби қариб бе шикасту рехт анҷом ёфтани сохтмонро дар эътиқоди раисбобо ба дину диёнат медонанд. Зеро маълум шуд, ки қабл аз корҳои сохтмонӣ гӯсфандеро қурбонӣ карда, баъд корро оғоз карда будаанд.
Имрӯз Қасри Арбоб макони гаштугузор ва ташрифи меҳмонони зиёд аст. Бархе суол мекунанд, ки «Чаро Қасри Арбоб аз берун тарҳи аврупоӣ дораду аз дохил миллӣ? Муҳаққиқ Ҳакимҷон Дадобоев маълум сохтааст, ки раисбобо бо вуҷуди маълумоти давраи «маҳви бесаводӣ» доштан, дар сиёсати замон инсони пурдон будааст. Баробари даъвати рассомони халқии ИҷШС ҳамсарон Сергей ва Марина Захарова аз шаҳри Санкт-Петербург, рассомони халқии маҳаллӣ-амакаш Устораҳимшехи наҷҷор ва наққош Устомақсудро, ки синнашон аз 70 гузашта буд, даъват карда, як толори қасрро барои нақшу нигори миллӣ медиҳад. Наққошони рус аз сеҳри мӯқалами ин ду пирамард ба ваҷд омада мегӯянд:
- Шумо ин қадар устоҳои моҳир доштаед, ҳоҷати моро даъват кардан набуд. Беҳтар аст, ки қаср бо тарҳи миллӣ нақшунигор шавад.
Раисбобо хоҳиш мекунад, ки пешниҳоди худро хаттӣ нависанд. Маълум, ки раиси номдор барои эҳтиёт шудан аз ҳар гуна туҳмату буҳтони маҳалпарастӣ ин корро ба ҷо оварда буд, зеро соли 1937 ӯ ҳам гирифтори туҳмат шуда, як муддат умрро дар ҳабс гузаронидааст.
Ҳамин тариқ, бино 6 ноябри соли 1957 ба истиқболи 40-солагии Инқилоби Октябр дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Арзиши аслии қасрро муҳосибон 50 млн. рубл ҳисоб карда буданд, аммо, бинобар сарфакорӣ он ба маблағи 12 млн. рубл бунёд гардид.
Ин қасри бошукӯҳ, ки бо меҳнати ҳалоли аҳли заҳмат бунёд ёфту минбаъд чун макони сарҷамъии аъзои ду хоҷагӣ хидмат кард, касе — на ташаббускору на масъул ва сохтмончиаш намедонист, ки расо баъди 35 сол аз нав макони сарҷамъии миллат, макони сулҳу оштӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, макони наҷоти миллат аз фаношавӣ мегардад. Макони интихоби Сарвари оқилу доно ва хирадманде мегардад, ки баҳри наҷоти миллат борҳо аз ҷони хеш гузашт мекунад ва Худованд ӯро дар паноҳи исмати хеш нигаҳ медорад. Ба андозае содиқона ба халқу Ватан хидмат мекунад, ки халқ ба ӯ унвони олӣ — Пешвои миллатро арзанда медонад.
Бисёр вақт андеша мекунам, ки чаро иҷлосияи тақдирсози миллат маҳз дар ҳамин кохи азим баргузор шуд? Чӣ сабаб шуд, ки ҷонибҳои даргир, ки ба хуни якдигар ташна буданд, адовату кинаро аз сина берун карда, ҳамдигарро ба оғӯш кашиданд, сари як миз нишаста, оши оштӣ тановул карданд? Ҷуз ин посух дигар наёфтам: Кохи бегазанде, ки бо дилу нияти пок ва меҳнати ҳалоли аҳли заҳмати хоҷагӣ бунёд ёфтааст, мебояд дар рӯзҳои вазнин ба халқу миллат хидмат кунад. Гумон мекунам, рӯҳи поки Саидхоҷа Ӯрунхӯҷаев моро дастгиру муттако шуд. Рӯҳи поки гузаштагон — бунёдгарони қаср вакилонро раҳнамун гардид, ки заминаи сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ маҳз дар Қасри Арбоб гузошта шавад. Яъне, «Теппаи Арбобкуш» ба теппаи Арбобсулҳ табдил ёфт.
Соли 2002 ба муносибати 10 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати осорхонаи хоҷагӣ «Толори экспозитсияҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бунёд ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз он дастур доданд, ки боз ҳам васеъ карда шавад ва ба тамошои он бештар наслҳои наврасу ҷавонро ҳидоят созем, то бидонанд, ки ҳаёти хушбахтонаи имрӯз бо чӣ гуна азобу шиканҷа ба даст омадааст? Гирифори чӣ гуна рӯзҳо будему ба кадом рӯз расидем?
Хулоса, толоре, ки макони анҷумани саодати халқ аст, ҳам такмил ёфт ва ҳам васеъ гардида, ҳамеша интизори меҳмонон аст.
Абдузафар ИНОМОВ,
директори Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб»-и ноҳияи
Бобоҷон Ғафуров