Бино ба иттилои сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Муъминобод Абдуқаюм Исуфов, дар нуҳ моҳи соли 2020-ум 8 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд, ки зимни онҳо 95 шаҳрванди ноҳия ба кор таъмин гардиданд. Ин омор то чӣ андоза саҳеҳ аст?
Ҳангоми таҳқиқи мавзӯъ хабарнигори рӯзнома ҳақиқатро то андозае рӯи об баровард.
Ба қавли Абдуқаюм Исуфов, М. Шарифов ном сокини ноҳияи Муъминобод, соли таваллудаш 1956, дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ба ҳайси омӯзгори фанни забони русӣ иштирок карда, 20 апрели соли 2020, таҳти фармони №71, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳия ба сифати омӯзгор таъин гардид. Мудири кабинети методии шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Сафар Шарифов изҳор дошт, ки чунин омӯзгор дар МТМУ №49 вуҷуд надорад. Ба ҳамин монанд, гӯё Шарифхони Амрохон, соли таваллудаш 1995, аз 17 феврали соли 2020 таҳти фармоиши №7 ба ҳайси муҳосиб бо маоши вазифавии 980 сомонӣ дар МТМУ №18 — и ноҳия тибқи роҳхати шуъбаи агентӣ ба кор даромадааст. Вале маълум гардид, ки на Шарифхони Амрохон, балки Абдуллоев Шуҳрат солҳо боз дар ин муассиса ба ҳайси муҳосиб фаъолият дорад.
Тибқи рӯйхате, ки нусхаи он аз шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дастрас гардид, Каримова Шукрона, соли таваллудаш 1989, тибқи роҳхати шуъбаи агентӣ ба ҳайси омӯзгори МТМУ №30-и ноҳия ба тариқи шартномавӣ аз 26 июли соли 2020 қабул гардидааст. Аммо Сафар Шарифов — мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия ин маълумотро рад карда гуфт, ки ӯ на аз 26 июли соли 2020, балки аз 10 августи соли 2020 тибқи фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳия ба кор қабул шудааст.
Ба ин тартиб, масъулони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия номи чанд шахси дигарро низ дар ҳисобот ҷой додаанд, ки гӯё онҳо тибқи тавсияи шуъбаи мазкур ба ҳайси омӯзгор ба кор таъмин гардидаанд.
Эмомалӣ Каримов — нозири кадрҳои шуъбаи маорифи ноҳия, зикр кард, ки чанд маротиба дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронидаи шуъбаи агентӣ иштирок кардааст. Ба масъулон гуфта будам, ки шахсони бо роҳхати Вазорати маориф ва илм ҳамчун омӯзгор ба кор таъминшударо дар ҳисоботашон нанависанд, чунки онҳо дар асоси роҳхати вазорати зикршуда ба кор қабул мешаванд. Ҳайронам, ки чӣ гуна метавон шахси ба кор таъминшударо дубора дар рӯйхати корҷӯён сабти ном кард?
- Соли ҷорӣ 45 мутахассиси ҷавонро тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм ба кор қабул намудем. Ҳоло теъдоди зиёди омӯзгорони ҷавон дар интизори ҷойи коранд, вале ҷойи кори холӣ нест, — афзуд ҳамсуҳбатам.
Модом ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия дар асоси қарору фармоиш ҷойи кори мутахассисро дақиқ намудаю бо кор таъмин мекунанд, чӣ лозим номи ӯро дар рӯйхати корҷӯён сабт кардан?
Ҳамчунин, мутасаддиёни шуъбаи агентӣ тибқи ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида Гулбаҳор Холова, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Муъминободро 21 апрели соли 2020 таҳти фармоиши №12 ба ҳайси китобдор дар шуъбаи фарҳанги ноҳия бо кор таъмин кардаанд. Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Муъминобод Исроил Баротов ин маълумоти додаи шуъбаи агентиро низ инкор карда гуфт: — Чунин корманд ба ҳайси китобдор дар бахши фарҳанги ноҳия фаъолият дорад, аммо на аз 21 апрели соли 2020, балки аз 1 июни соли 2011. Яъне, нафареро, ки тӯли даҳ сол ба ҳайси китобдор фаъолият дорад, масъулони шуъбаи агентӣ ба хотири худсафедкунӣ ба рӯйхати корҷӯёни соли 2020 ворид кардаанд.
Мутасаддиёни шуъба дар маълумотнома номи Давлатов Сикандарро дар деҳоти «Деҳибаланд» ба ҳайси заминсоз аз 25 майи соли 2020, Хуршедҷони Холмуродро мутахассиси бахши ҷавонони ноҳия, аз 25 майи соли 2020 ба тариқи шартномавӣ, Мадихон Назаровро аз 20 апрели соли 2020 дар бахши кишоварзӣ ба ҳайси муҳосиб ба тариқи шартномавӣ, Ҷамила Шарифоваро ба ҳайси фаррош дар Беморхонаи марказии ноҳия аз 23 августи соли 2020 ва Шарифова Сафаргулро ҳамчун ошпаз дар Беморхонаи марказии ноҳия аз 23 августи соли 2020 ҷой дода, гӯиё онҳоро бо роҳхати шуъбаи агентӣ бо кор таъмин кардаанд.
Абдуқаюм Исуфов дар баробари ин ҳама иттилооти носаҳеҳ инчунин гуфт, ки 210 шаҳрванди ноҳияро ба касбомӯзӣ фаро гирифта, 15 зану духтари хонашинро ба ҷойи кор дар корхонаи дӯзандагии «Санг боқӣ» таъмин кардаанд.
Собит гашт, ки бештари омӯзгороне, ки дар рӯйхати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия сабти ном шуданд, на бо роҳхати шуъбаи Агентии меҳнат, балки бо фармоиши Вазорати маориф ва илм соҳиби ҷойи кор шудаанд.
Акнун суол ба миён меояд, ки оё метавон бо чунин фиребу найрангбозӣ сатҳи бекориро дар ноҳия коҳиш дод? Магар чунин амали кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия ба чашми давлат хок пошидан нест? Шумо чӣ мегӯед?
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»