Асрори шоҳпаланг

№158 (4420) 31.12.2021

Den_tigra_na_Dal_nem_VostokeСоли 2022 аз рӯи ҳисоби мучал соли паланг аст. Шоҳпаланг ё шерпаланг ҷонвари дарандаест аз авлоди гурбашаклҳо. Чашмони чун фонус дорад, ки шабона аз масофаи 80 — 100 метр онро дидан мумкин аст. Шоҳпаланг дар бисёр ҳолат шабона шикор мекунад. Ҳангоми сайд ба ӯ пӯст, мӯйлаб ва думаш ёрӣ медиҳад. Ин узвҳои паланг  хеле ҳассос буда, дорои энергияи барқии пурқувват ҳастанд ва бо эҳсоси сайд ё  душман зуд бедор мешаванд.

Шоҳпаланг зирак  ва чолоктарин ҷонвар дар кураи замин аст. Ҳайвони гармидӯстдор мебошад. Барои он ки гармии баданашро нигоҳ дорад, дароз кашида ё ғунча шуда, хоб меравад. Агар ҳарорати гармӣ зиёд бошад, дасту пояшро дарозу қоматашро рост карда мехобад.

Мегӯянд, ки «шоҳпалангро озор додан шикаст хӯрдан аст». Шайх Саъдӣ дар шоҳбайти зер  хеле хуб аз тавоноии он ёдрас шудааст:

Ҳар беша гумон мабар, ки холист,

Шояд ки паланге хуфта бошад.

Шоҳпаланг ҳайвони тозаву озода аст. Ҳамеша дасту по лабу лунҷ ва мӯйҳои  баданашро тоза  нигоҳ медорад. Аз ин ҷиҳат пӯсташ ҷило медиҳад. Ҳар гуна ғизоро истеъмол накарда, бӯи ғализро дӯст намедорад. Дар баданаш ғадудҳои ихроҷи равған ва арақ вуҷуд надорад. Ин ғадудҳо дар кафи пояш ҷой доранд, аз ин рӯ чанголҳояш бисёр арақ мекунанд. Вақте ки роҳ меравад, изи пояш тар мешавад.

Шерпаланг тавоност, дар як ҷаҳиш чун тири аз камон ҷаста сайд ё душманашро ба замин мехобонад. Сипас, бо панҷаҳои оҳанин ва дандонҳои чун  пӯлод устувору мустаҳкам ӯро ба ҳалокат мерасонад. Аз рӯи тадқиқоти сайёҳи машҳури норвегӣ Тур Хайрдал, дар бешазори Палагос- Полинезия шоҳпаланг дар се муҳориба ду маротиба ба шер ғолиб омадааст.

Дар китоби «Панҷаташра» — панҷ китоб, ки ҳикмату фалсафаи ҳиндувони бостон гирд омадааст, шоҳпалангро соҳиби тамкину сабр, соҳиби қудрат ва тавоноӣ,  зираку  доно тасвир намудаанд. Паланг дар Африка, Ҳиндустон, ҷазоири уқёнуси  Ҳинд, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Осиё, Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Туркманистон, минтақаи Сибир,  Уссурийск, Тоҷикистон зиндагӣ мекунад.

Дар ҳар гӯшаву канори замин паланг бо номҳои гуногун ёд мешавад. Дар Амрикои Шимолӣ  пантера ва ягуар исми паланг аст. Дар Амрикои Ҷанубӣ пумааш мегӯянд. Ҳамчунин, ин ҳайвони пурқудратро леопард, тигр, бабр, силовсин,  шерпаланг ва ирбис меноманд.

Дар Тоҷикистон онро бабри тӯронӣ ном гузоштанд. Бабр дар беша ва туғайзорҳои  резишгоҳи Амударё ва Вахш ҳаёт ба сар мебарад. Аз ду то чор бача мезояд. Аз панҷсолагӣ насл меораду 40 — 50 сол умр мебинад. Шоҳпаланг дар кӯҳистони Тоҷикистон дар баландии аз 2 то 5 ҳазор аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунад. Бачаҳои шерпаланг баҳорон дар моҳи апрел зода шуда, соли дигар ба ҳаёти мустақилона оғоз мекунанд. Аз  нимаи дуюми қарни ХХ шумораи бабри тӯронӣ ва шоҳпаланг дар кишвар хеле кам шуд. Аз ин рӯ, онҳоро ба «Китоби сурх» дохил намуданд.

Дар соли паланг ҳосил фаровон мешавад. Баҳор гарму нарм ва серборон  меояд. Тобис­тон салқин мешавад. Сабзавоти полезӣ, каду, харбузаву тарбуз, караму шалғам, лаблабую картошка, ҷав, пиёз кашниз, гандуму ҷав, наску нахӯд серҳосил мешаванд. Меваҷот, аз ҷумла туту зардолу, фаровон гашта,  нархашон дар бозор муътадил мегардад.

Аз рӯи тақвим солҳои паланг 1890, 1902, 1914,1926, 1938, 1950,1962, 1974, 1986, 1998, 2010 солҳои пурфайзу баракат буданд. Ҳар касе дар соли паланг зода шуд, зиндагиаш пур аз навовариву  эҷодкорӣ мешавад. Дар ин сол одамони зирак, соҳиби афкору андешаи солим ба дунё меоянд.

Дар солҳои паланг ҳодисаҳои бузург низ дар таърихи башарият рух додааст. Соли 1870 зодрӯзи  Асосгузори адабиёти муосири тоҷик  Айнӣ мебошад. Соли 1914 саршавии ҷанги якуми ҷаҳон аст ва ҳамон сол нависандаи барҷастаи тоҷик Фотеҳ Ниёзӣ ба дунё омадааст. Соли 1926  асари арзишманди устод С. Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» дар шаҳри Москва нашр шуд. Соли 1962 киштии «Шарқ II» ба кайҳон парвоз кард. Соли 1998 солгарди Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар кишвар аст…

Соли 2022 ба зиндагӣ бо фархундафолӣ ворид хоҳад шуд. Мардуми тоҷикро дастоварду бунёдкориҳои бузург дар соли нав интизор аст.

Исматуллоҳи ЯЪҚУБЗОД,

рӯзноманигор