Авҷи корҳои созандагӣ

№126 (4546) 10.10.2022

20220921_091238Тавре, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Қурбон Аҳмад­зода иттилоъ дод, дар чор соли оянда бо мақсади дар сатҳи олӣ пешвоз гирифтани 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва аз нав сохтани 462 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 86 муассисаи таълимӣ, 48 бунгоҳи тиббӣ, 40 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 16 толору майдончаи варзишӣ, 44 маркази хизматрасонӣ, 40 маркази савдо, 33 бинои баландошёна, 106 иншоот дар самти нақлиёт ва коммуникатсия аз ҳамон ҷумлаанд.

- Соли ҷорӣ дастовардҳои сохт­мончиёни шаҳри Кӯлоб бунёд ва ба истифода додани 45 иншооти таъиноти гуногун бо таъсиси 100 ҷои нави кор, аз ҷумла ду коргоҳи парандапарварӣ, муассисаи таълимӣ, биноҳои маъмурии Кумитаи идораи замини шаҳр ва минтақаи Кӯлоб, Агентии «Тоҷикстандарт» дар минтақаи Кӯлоб, Маркази хизмат­расонӣ ва Коллеҷи электронии шаҳри Кӯлоб ба истифода дода мешаванд, — гуфт Қурбон Аҳмадзода.

20220921_091820Ӯ, ҳамчунин, афзуд, ки айни замон дар 150 иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад.

Тибқи қарори раиси шаҳри Кӯлоб соли ҷорӣ «Соли рушди саноат ва роҳҳои обод» эълон гардида, бо ин мақсад дар минтақаи саноатии шаҳр ба 11 соҳибкор қитъаи замин барои бун­ёди корхонаҳои саноатӣ ҷудо карда шуд. Инчунин, барои таъмини ҳаракати бехатарии нақлиёт ва пешгирии танбашавӣ воситаҳои нақлиёт, роҳи алтернативӣ дар кӯчаи Чармгарони поён бо дарозии 850 метр аз ҳисоби маблағгузории буҷети маҳаллӣ пурра асфалтпӯш гардид.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»