Авҷи корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашн

№106 (4526) 26.08.2022

- Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 31 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёдкорӣ идома дорад. То соли 2026 эъмори 323 иншооти таъиноти гуногун бо харҷи 93 миллиону 917 ҳазору 948 сомонӣ дар назар аст, — гуфт раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода.

Дар ин давра 49 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар онҳо 68 сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин шуданд.

Сохтмону навсозии се муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо 180 ҷои нишаст дар назди МТМУ 26, боғчаи бачагона бо фарогирии 100 кӯдак дар деҳаи Чубек, ду дорухона дар деҳаҳои Тудабоён ва Сайроб, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Гулрез, ду майдончаи варзишӣ дар деҳаҳои Гулобод ва Тудабоён, маркази касбомӯзии ҷавонон дар деҳаи Сомониён, корхонаи истеҳсоли орд дар деҳаи Сафедоб, фабрикаи парандапарварӣ дар деҳаи Ориёно, асфалтпӯш гардидани 5,25 километр роҳи маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳраки Москва ва кашидани хатти оби нӯшокӣ дар масофаи 2 километр дар деҳаи Меҳрвар аз корҳои амалишуда мебошанд.

Дар ноҳия татбиқи ҳашт лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 12,4 миллион доллари америкоӣ идома дошта, 4 миллиону 194 ҳазор сомонӣ сармояи мустақим низ ҷалб шудааст.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»