Авҷи корҳои созандагӣ дар Балҷувон

№32 4294 09.03.2021

Соҳибкорону мардони саховатманди ноҳияи Балҷувон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор иншоотро ба истифода супориданд.

Бино ба иттилои раиси ноҳия Шералӣ Ҷалилзода, бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия бунёди 375 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Сохтмону навсозии ҳашт муассисаи таълимӣ, кӯдакистон, қасри фарҳанг, бинои нозироти андоз, гулгашт, ҳашт бунгоҳи тиббӣ, ду маркази саломатӣ, дорухона, толори варзишӣ, ҳафт майдончаи варзишӣ, майдони бозии кӯдакон, панҷ меҳмонхона, ҳашт сартарошхона, чор ҳаммом, кошонаи ҳусн, бисту се маркази савдо, шонздаҳ маркази хизматрасонӣ, ду коргоҳи дӯзандагӣ, дӯкони ҳунармандӣ, се пул, таъмири роҳҳо, кашидани хатти оби нӯшокӣ, шинонидани трансформатор, чароғонкунии кӯчаҳо аз корҳои амалишудаанд.

Шералӣ Ҷалилзода зикр кард, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат то соли 2030 дар ноҳия бунёди 15 майдонча ва 16 толори варзишӣ дар деҳаҳое, ки беш аз 100 хоҷагӣ доранд, ба нақша гирифта шудааст.

- Соли 2020 нақшаи қисми даромади буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 129,4 фоиз таъмин гардид, — афзуд Ш. Ҷалилзода. – Ба ҷойи 9 миллиону 407 ҳазору 228 сомонии пешбинишуда ба буҷет 12 миллиону 170 ҳазору 998 сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 2 миллиону 763 ҳазору 770 сомонӣ зиёд мебошад.

Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 17 миллиону 762,8 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки дар қиёс нисбат ба соли қаблӣ 618 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 211 миллиону 640 ҳазору 900 сомонӣ расида, аз соли 2019 – ум 8 миллиону 330 ҳазору 700 сомонӣ зиёд аст.

Зимни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия 3 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла, корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш, корхонаи коркарди сангҳои маҳаллӣ ва корхонаи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд, ки даҳҳо сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

- Сокинони ноҳия дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатиро бо натиҷаҳои хуби меҳнатӣ пешвоз гиранд, — гуфт дар фарҷом Шералӣ Ҷалилзода.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»