Авҷи созандагӣ самараи ҳамгироист

№104 (4366) 17.08.2021

Бино ба иттилои муовини якуми раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Маҳдӣ Орифзода, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия бунёди 242 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Сохтмону навсозии бисту се маркази савдо ва хизматрасонӣ, чор корхонаи саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, чор дорухона, бунгоҳи тиббӣ, сангфаршкунии 15,2 км ва мумфаршкунии 4 км роҳ, насби зеристгоҳҳои барқӣ дар маҳаллаҳои навбунёд, ивази дусад пояи оҳану бетонӣ ва кашидани хатти оби нӯшокӣ дар ҳафт маҳалла аз корҳои амалишудаанд.

Тайи шаш моҳи соли ҷорӣ 73 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, шумораи умумии онҳо 280 ададро ташкил медиҳад.

Айни замон дар ноҳия бақияпулиҳои андоз ба 6 миллиону 259 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба аввали сол 236 ҳазор сомонӣ кам аст.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 61 миллиону 652 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 11 миллиону 871,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 325 миллиону 684 ҳазор сомонӣ расида, нисбат ба соли 2020 — ум 26,9 миллион сомонӣ зиёд аст.

Ҳоло ҳафт лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи онҳо 8,8 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»