Афғонистон давлатест, ки ба худ не, балки ба бегонагон такя карда, дар чил соли охир ду бор фиреб хӯрд. Бори аввал ба Давлати Шӯравӣ такя карду ба ҷанбаҳои мусбати ҳамкориҳо бо ин давлат нигоҳ накарда, баъд аз баромадани охирин аскари шӯравӣ ғарқи хун гардид. Бори дуюм, халқи Афғонистон ба эътилофи ҳарбии ғарбӣ такя кард, вале артиши давлатҳои он ҳанӯз аз ин кишвар набаромада, ҷангҳои хунин оғозу ҳокимияти қонунӣ валангор шуд. Чунин аст оқибати бегонапарастӣ, муттаҳид набудани давлат ва халқ, ин аст натиҷаи надоштани шахсияти сарвару пешвою пешбар дар давлат. Аз ҷониби дигар, ҳодисаҳое, ки тайи чанд моҳу рӯзҳои охир дар ин кишвари мусибатзода рух доданд, нишон доданд, ки чӣ гуна баъзе аз шахсиятҳое, ки дар байни қавму миллатҳои гуногуни Афғонистон даъвои сарварӣ доштанд, аз ахлоқу инсонпарастӣ фарсахҳо дур мондаанд. Маҳз ҳамин буд, ки гаронии ҷангҳо ба дӯши халқи одии Афғонистон афтод.
Чунон ки маълум аст, дар зарфи чанд моҳ аксар вилоятҳо ва ноҳияҳои Афғонистон бе ягон муқовимат пурра забт шуданд. Мутаассифона, ҳамаи ин бе набард, ҳамчун тиҷорати байни чанд саркарда анҷом ёфт. Дар ин кор нақши хариду фурӯш, пулу сармоя, ки аз ҷониби бегонагон пардохт шудааст, калидӣ буд. Садҳо ва ҳазорҳо нафаре, ки бо навтарин аслиҳа мусаллаҳ буданд, ягон муқовимате нишон надода ё фурӯхта шуданд ё гурехтанд ва ё ба тарзи дигари аз мардонагӣ дур таслим шуданд. Онҳое, ки дар ин раванд ба тиҷорат машғул гардиданд, бо чанд пайсаи гирифтаашон ҷилои ватан карданд, вале мардум, хосатан духтарону занони ин халқро, ба асорату ғуломӣ маҳкум сохтанд.
Ҳодисаи нангинтарин дар рӯзҳои охир истеъфои Ҳукумати Афғонистон буд. Президенте, ки бо ном аз ҷониби халқи Афғонистон интихоб шуд, дар назди халқ масъулият ҳис накарда, аз кишвар фирор кард. Қисмати начандон хурди дигар аз намояндагони ҳукумати собиқ низ ин амали нангинро аз пайи сарварашон такрор карданд. Мутаассифона, онҳо аз Афғонистон на ёд аз халқу миллат ва ё гузаштагону ниёгон, балки танҳо сандуқҳои пулу зар бо худ бурданд. Ин гуноҳест, ки мардуми одии Афғонистон онро ҳеҷ гоҳ намебахшад.
Ба туфайли аз ахлоқ дур гаштани бо ном «сарварони» Афғонистон, бо мардуми ин кишвар дар рӯзҳои охир ҳодисаҳое рух доданд, ки аз тасаввуру тахайюл дуранд. Ҳама оламиён манзараеро, ки қаблан дар филмҳои фантастикӣ дида буданд, дар мисоли халқи азияткашидаи Афғонистон диданд – чӣ гуна мардуми аз тарси адӯ рамида ва дар талвосаи ҷон ба тайёра мечаспаду аз ҳаво сарозер ба замин меафтад. Ин гуна ҳодисаҳо нанг барои инсоният аст.
Вобаста ба ин ёдрас мешавем, ки мусибати мардуми Афғонистон тӯли якчанд моҳу рӯзҳои охир, қабл аз ҳама, ба қалби мардуми кишвари мо, ба ҳар як фарди тоҷик таъсири амиқ гузоштааст, зеро чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё – раванди Истанбул» таъкид доштанд: «Тоҷикистону Афғонистонро муштаракоти зиёди тамаддунӣ ва робитаҳои зичи ҳусни ҳамҷаворӣ ба ҳам мепайванданд. Мардуми шарифи ин кишвари бародар бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, решаҳои муштараки таърихии мо ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд. Аз ин рӯ, табиист, ки мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бетафовут нестем. Ҳар дарду ранҷе, ки мардуми Афғонистон мекашад, дар қалби мардуми тоҷик низ садо медиҳад».
Дар ҳақиқат ҳам, мардуми тоҷик ҳоло ба куллӣ дар андешаи сарнавишти бародарони худ аз Афғонистон афтодаанд. Дар Тоҷикистон чунин меҳисобанд ва умед ҳам доранд, ки мардуми ин кишвари ранҷдида, ки бо такя ба бегонагон ду бор муваффақ нашуданд, фурсати сеюмро аз даст нахоҳанд дод ва ҳатман аз ҷанг ба сулҳ рӯ меоваранд. Роҳи ягонаи ҳалли масъалаи Афғонистон бояд идеалӣ бошад, вагарна роҳҳои муқаррарӣ натиҷа нахоҳанд дошт. Аввалан, ҳалли буҳрони Афғонистон танҳо кори дохилии мардуми ин кишвар бошад — бе силоҳ, бо гуфтушунид байни ҳама қавми Афғонистон, бузургдавлатҳо ва ҳамсоягон ба ин муколима танҳо мусоидат кунанд. Дар рафти гуфтушунидҳо бояд ниёзҳои на танҳо динӣ, балки қавмию фарҳангӣ, аз ҷумла, меъёрҳои забонии сокинони кишвар, бе истисно ба эътибор гирифта шаванд.
Дуюм, он низоме, ки дар кишвар бунёд мешавад, танҳо барои Афғонистон бошад ва сохтор ё идеяҳои он ба ҳамсоякишварҳо содирот карда нашаванд.
Сеюм, сари қудрат дар кишвар ҳар қуввае, ки бошад, ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳад, ки ҷангҷӯён аз Сурияву Ироқ ва давлатҳои дигари ҷангзада ба Афғонистон интиқол дода шаванд.
Чорум, мардуми Афғонистонро зарур аст, ки бо се бадии кабира мубориза кунанд – бо маводи мухаддир, силоҳфурӯшӣ ва ҷинояткориҳои фаромиллӣ, инчунин, ҳатман пеши роҳи муҳоҷирату гурезашавӣ ва дигар офатҳои гуманитариро, махсусан табъизи гендериро бигиранд.
Ба ин маънӣ Мавлоно дар дафтари аввали «Маснавии манавӣ»-и оламгираш навиштааст:
Ҷанги халқон ҳамчу ҷанги кӯдакон,
Ҷумла бемаъниву бемағзу мӯҳон.
Аз ин рӯ, умеду боварӣ дорем, ки мардуми Афғонистон бо даъвати чунин фарзандони хирадманди худ, ки Мавлоно намунаи боризе аз онҳост, аз ҷанг ба сулҳ рӯ меоварад ва ватанро дар кӯтоҳтарин муҳлат ба як кишвари озоду обод ва ба сарзамине табдил медиҳад, ки ҳар як сокини он, новобаста ба қавму миллат ва ҷинсу мазҳаб, танҳо дар вазъи сулҳу оромӣ ва ваҳдати комил бо ҳамдигар қарор хоҳанд дошт.
Зиёӣ Хуршед МАХШУЛЗОДА,
доктори илми фалсафа, профессор