2-юми апрели соли 2024 дар майдони Парчами давлатии шаҳри Панҷакент маросими гусели нахустин гурӯҳи даъватшавандагон ба хизмати Модар – Ватан баргузор гардид.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода даъватшавандагон, падару модарон ва дигар ҷамъомадагонро бо оғози маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ табрик гуфт. Таъкид шуд, ки солҳои охир садҳо нафар ҷавонони шаҳри Панҷакент ба таври ихтиёрӣ ва бо ифтихори баланди ватандӯстӣ ба комиссариати ҳарбии шаҳр муроҷиат намуда, омодагиашонро барои хизмати Ватан изҳор медоранд.
Дар идома ба як қатор масъулони комиссияи даъват ба хизмати ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот барои саҳми арзанда дар ташкили даъвати баҳории ҷавонон сипоснома ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим гардида, ба гурӯҳи даъватшававндагон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Комрони АСЛОН,
«Садои мардум»