Ҷавонон бояд арзишҳои миллиро пос доранд

№86-87 (3387-3388) 25.06.2015

logo-vahdatВаҳдату якдилӣ бо худшиносии миллӣ сахт марбут буда, тавассути  таълиму  тарбияи  хуб  ва донишу маърифати  баланд  ба даст меояд.  Худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ бояд бароямон аз арзишҳои олии зиндагӣ дониста шаванд. Онҳо аз рукнҳои  асосии давлатдорӣ маҳсуб меёбанд.

Бегонапарастӣ дар байни ҷавонон ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Яке аз василаҳои асосии  аз байн бурдани бегонапарастӣ ин Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ягонагии тамоми қишрҳоро дар назар дорад. Заиф будани Ваҳдати миллӣ дар кишварҳои ҷангзада ба баъзе гурӯҳҳои ифротӣ имкон дод, ки оромии  мамлакатҳоро халалдор намуда, бетартибию бенизомиро ба вуҷуд оваранд.  Тақдири талхи мардуми афғон ва то имрӯз кашол ёфтани кашмакашу низоъ дар ин кишвар далели возеҳи ин гуфта мебошад.

Ҳамагон шоҳиди он будем, ки ҷанги шаҳрвандӣ, ки таҳмилӣ ҳисобида мешавад, бо зарарҳои моддию маънавиаш он барои миллати мо хеле гарон афтид.

Созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва сиёсии ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро омӯхта, онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарии байналмилалӣ эътироф намуданд. Бояд зикр кард, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст. Воқеаҳое, ки бо номи «инқилобҳои ранга ё худ махмалӣ» машҳур гаштаанд, ба мардуми ба доми фиребафтода ба ҷойи демократия ва озодӣ, баръакс, мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро «подош» оварданд.

Ин омилҳо моро ҳушдор медиҳанд, ки ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, Ваҳдати миллиро ҳифз намоем. Дар ин раванд ҷавонони кишварро зарур аст, ки бештар саҳмгузор бошанд.

С. АМИРОВ,  декани факултети туризм ва хадамоти гумруки Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат